Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро сокинони Тоҷикистон ҳанӯз аз суғурта "метарсанд"?


Мақомоти Тоҷикистон ҳоло иҷрои "суғуртаи мутақобила"-ро дар миён гузоштаанд. Дар ҳоле ки сокинон ҳанӯз ба бима бо назари шубҳа менигаранд ва "хазина"-и хонаро беҳтар аз суғурта мешуморанд.

Дар ҳоле ки сокинони Тоҷикистон то ҳанӯз ба бимаи давлатӣ бовар надоранд ва суғурта (страховка) кардани ҳаёту молу амволро харҷи беҳуда медонанд, ҳукумати кишвар дар андешаи ба роҳ мондани суғуртаи мутақобила шудааст. Суғуртаи мутақобила аз бимаи маъмулӣ бо он фарқ мекунад, ки марбут ба як нафар нест, балки гурӯҳ ва ё ҷамъиятеро дар бар мегирад.

Бар пояи қонунгузории Тоҷикистон, чунин ҷамъият ташкилоти ғайритиҷоратии бима ба ҳисоб меравад, ки дар асоси узвияти ихтиёрӣ таъсис меёбад.

Ҷамолиддин Нуралиев -- муовини аввали вазорати молия ва домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон дар иҷлосияи ахири Маҷлиси намояндагон дар шарҳи зарурати вуруди тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи суғуртаи мутақобила” гуфт, бо ин роҳ мешавад сифати хадамотро дар бозори бима беҳтар кард.

Ҷамолиддин Нуралиев
Ҷамолиддин Нуралиев

Вай афзуд, "бо вуҷуди он ки “Қонуни суғуртаи мутақобила” 6 соли пеш қабул шудааст, аммо то имрӯз ягон чунин ҷамъият таъсис наёфтааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар бештари кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла, дар Русияву Қазоқистон ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобила аз иштиркчиёни фаъоли бозори бима маҳсуб мешаванд. То имрӯз ин қонун танҳо молу мулк, масъулияти шаҳрвандӣ ва тавакалли соҳибкориро дарбар мегирифт, вале бо илова кардани зербанди нав дар моддаи 4-ум ҳаёту саломатӣ ва қобилияти кориву таъмини нафақаро низ фаро мегирад. Ин иловаҳо ба он маънист, ки шумораи суғуртаи шахсӣ бо ҳаққи арзон фароҳам мегардад."

Масъулони тарҳ зарурати иловаҳо ба қонуни мавҷудро дар ҳифзи бештари ҳуқуқи шаҳрвандон ва ба вуҷуд овардани рақобати солим дар бозори суғурта арзёбӣ мекунанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи вакили парлумон Низом Қосим, “он аз як ҷониб алтернативаро дар ин соҳа таҳким мебахшад ва аз тарафи дигар барои шаҳрвандон ва ташкилоте, ки илова ба суғуртаи давлатӣ кормандонашонро аз ҳисоби худ суғурта кардан мехоҳанд, имконияти иловагиро ба вуҷуд меорад ва ба гардиши маблағҳои иловагӣ дар ин соҳа мусоидат мекунад.”

Ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни бимаи мутақобила дар ҳолест, ки дар баъзе аз манотиқи Тоҷикистон миёни сокинон ба ҳамин мазмун маблағи байние “барои рӯзи мабодо” вуҷуд дорад. Яъне, ҳар моҳ аҳли деҳа ба ин “хазина” ихтиёрӣ як миқдори муайян пул месупоранд ва дар ҳолати зарурӣ, яъне маргу беморӣ ё тӯю сур маблағи ҷамъшударо ба ҳамдеҳаи ниёзмандашон медиҳанд.

Ҳамин гуна таҷриба дар миёни муҳоҷирони тоҷик низ ба мушоҳида мерасад ва пули ин хазинаро онҳо аксаран барои харидани чипта ё билет, дуруст кардани аснод, табобат ё дигар корҳои зарурӣ харҷ мекунанд. Таҳлилгарон мегӯянд, шубҳаю нобоварӣ ба дарёфти маблағи суғурта ба ҳангоми зарурат аксари шаҳрвандонро аз ширкатҳои суғуртавӣ дур кардааст.

Собир Вазиров
Собир Вазиров

Вазир Собиров, иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, “чунин беэътимодӣ ба кори ширкатҳои бима заминаҳои таърихӣ дорад ва ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ ин ташкилот ба ҳангоми зарурӣ ҷубронпулиро ба таври бояду шояд пардохт намекарданд. Аз тарафи дигар дурӯғ будани баъзе суғуртаҳо ва ҳам ҷиҳатҳои фарҳангиву динӣ, ки ин навъи хадамотро чун қимор маънидод мекунанд, яъне яке аз ҷонибҳо фоида мебинад, ҳамаи ин омилҳо боиси он шудааст, ки бозори суғурта дар кишвар пешрафт накардааст. Аммо агар ширкатҳои бима аз усуле, ки ҳоло муҳоҷирон ва ҳам бархе аз сокинони Тоҷикистон истифода баранд, ҳатман ба манфиат хоҳад буд.”

Ин гуфтугузор дар ҳолест, ки бозори бима яке аз қисмҳои ҷудоинопазири занҷири молиявии иқтисодиёт маҳсуб мешавад.

Бино ба омори расмӣ, ҳоло дар кишвар беш аз 18 ташкилоти бимавӣ фаъолият мебарад, ки аз ин миён танҳо 2 ширкат давлатӣ будааст. Ҳамчунин як ширкати брокерии бимавӣ барои сокинон 16 намуди суғуртаи ҳатмӣ ва 31 намуди ихтиёриро пешниҳод мекунад. Ба гуфтаи масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон, дар маҷмӯъ ҷубронпулиҳое, ки соли гузашта аз сӯи ин ширкатҳо ба сокинон пардохт шудааст, 11 миллион сомонӣ будааст.

XS
SM
MD
LG