Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони ҳомила таваллуди фарзандро бима мекунанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Шумораи занҳои ҳомила, ки аз маъюб шудан дар ҷараёни таваллуди фарзанд метарсанд, дар муқоиса бо солҳои гузашта бештар шудааст.

Идораи бима ё суғурта дар минтақаи Кӯлоб барои аввалин бор беш аз чорсад зани ҳомилаеро суғурта кардааст, ки ба солим монданашон пас аз таваллуд бовар надоранд.

Абдуғаффор Давлатов, сардори Идораи бимаи минтақаи Кӯлоб мегӯяд, кормандони онҳо ҳамроҳ бо пизишкони масъул дар маҳалҳо бо занҳои ҳомила сӯҳбат кардаанд ва аксари онҳо бо дарназардошти эҳтимоли маъюб шудан, худро бима кардаанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, соли гузашта аз ду сад нафар занҳои соҳиби бимаи тиббӣ, хисороти ҷисмонии худро бо кумаки ширкатҳои бима ҷуброн кардаанд.

Ҷаноби Давлатов гуфт: «Аз ин шумора мо ба 95 нафар зани ҳомилае, ки ҳангоми таваллуд маъюб шуда буданд, беш аз даҳ ҳазор сомонӣ додем. Инҳо занҳое буданд, ки ҳангоми таваллуд ҷарроҳӣ шуда буданд ва ё ягон узви дигари баданашон маъюб гардида буд.»

Дар ҳамин ҳол, Анварбӣ Сафарова, сардухтури таваллудхонаи марказии Кӯлоб мегӯяд, дар соли гузашта ягон ҳодисаи фавти занҳо ҳангоми тавалуд сабт нашудааст. Аммо ба гуфтаи ӯ, даҳҳо ҳодисаи бо ҷарроҳӣ гирифтани кӯдак аз батни модар ва бо мушкил таваллуд кардани занҳо сабт шудааст. Хонум Сафарова мегӯяд, дар ҳоле занҳо ҷарроҳӣ мешаванд, ки ё кӯдак дар батн нодуруст ҷойгир шудааст ва ё аз камқувватӣ зан имкони тавалуд надорад. Дар батн нодуруст ҷойгир шудани кӯдакро, ӯ ба ҳолати нохуби равонии модарон дар ҳангоми ҳомиладорӣ медонад.

Зарнигор Самиева, як момодояи собиқадор мегӯяд, зиндагии мардум бо мушкил мегузарад ва хонаводае нест, ки дар он ҷангу ҷанҷол нашавад. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳолати асабонии зани ҳомила, кӯдак дар батн нодуруст ҷойгир мешавад, ки дар аксар маврид на танҳо модар, инчунин кӯдак низ зиён мебинад.

Ӯ гуфт: «Дар бисёр вақт кӯдак дар батн ба паҳлӯ ҳаст ва ё бо пой. Дар ин ҳолат бо азоб мо ба модари кӯдак кӯмак мерасонем. Дар ин ҳолат, ҳангоми каме эҳтиёт накардан, пой ё сари кӯдак маъюб мешавад. Ҳолатҳое ҳам шудаанд, ки кӯдак нафасгир шудааст.»

Саидаи Баҳром, як ҷавонзани ҳомила, ки таваллуди фарзандашро бима кардааст, мегӯяд, ки зани навзо аст ва ҳарос дорад, ки раванди таваллуди фарзандаш чигуна ҷараён мегирад: «Шабу рӯз Худо мегӯем, ки сиҳату саломат таваллуд кунед. Бо момодояи маҳалла омаданд, ки суғурта кунед, кардем. Худо нигаҳ дорад, вагар на суғурта фоида мекунаду на табиб. Зани ҳомиларо Худо худаш фақат нигоҳ медорад.»

Соли гузашта дар минтақаи Кӯлоб ду зан ҳангоми таваллуд фавтидааст, ки ба гуфтаи масъулони соҳаи тандурустӣ, дар муқоиса бо солҳои гузашта хеле кам аст. Коҳиши фавти занҳоро масъулин ба кам шудани таваллуди фарзанд дар шароити хона марбут мекунанд ва мегӯянд, ин падидаи хатарнок ҳоло 85 дар сад коҳиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG