Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҷонсии нафақа: "Нафақаи Ҳукуматулло 8400 сомонист, на 18 000"


Амонуллои Ҳукуматулло
Амонуллои Ҳукуматулло

Зимни муаррифии тағйирот ба қонуни нафақа дар порлумони Тоҷикистон гуфта шуд, ки нафақаи маъюбии Амонуллои Ҳукуматулло 8400 сомонист, на 18 000.

Сафаралӣ Наҷмиддинов, раиси Оҷонсии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва суғуртаи Тоҷикистон рӯзи 11 феврал дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон эътироф кард, дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар 13 нафар нафақаи баланди маюъбӣ мегиранд. Ӯ чунин нафақаи фавқулодда гирифтани Амонулло Ҳукуматулло, раиси собиқи идораи роҳи оҳани Тоҷикистонро ҳам тасдиқ кард, вале гуфт, ки нафақаи Амонуллои Ҳукуматулло 8400 сомонӣ аст, на 18 ҳазоре, ки дар матбуот навиштанд.

Сафаралӣ Наҷмиддинов аммо гуфт, Амонуллои Ҳукуматулло аз соли 2011, яъне аз замоне ки ҳанӯз раиси идораи роҳи оҳан буд, чунин нафақа мегирад. Ӯ баъди дарёфти нафақа боз 3 соли дигар, то оғози соли 2014 дар мақоми раиси роҳи оҳан кор мекард.

Ин дар ҳолест ки масъалаи нафақаи хеле баланди Амонуллои Ҳукуматулло ва ҳамон рақами 18 000 сомонӣ бори аввал дар моҳи январ маҳз дар нишасти хабарии оқои Наҷмиддинов садо дода буд.Мақомот дар шарҳи нафақаи маъюбии оқои Ҳукуматулло гуфтанд, ки ӯ аз бемории қанд азият мекашад.

Султон Валиев
Султон Валиев

Моҷарои барои худ нафақаҳои фавқулодда дуруст кардани мансабдорони баландпоя чанд ҳафта боз аз мавзӯъҳои аввали вирди забон дар ҷомиаи Тоҷикистон шудааст. Гуфта мешавад, ба ҷуз аз Амонуллои Ҳукуматулло, Наталя Назаршоева, раиси собиқи Шӯрои мудирони "Тоҷиксодиротбонк" барои худ 17 000 сомонӣ нафақа сохтаву Султон Валиев, раиси собиқи навоҳии Ховалингу Восеъ дар баробари кор дар мансаби давлатӣ низ то соли 2012 нафақаи маъюбӣ мегирифт.

Сафаралӣ Наҷмиддинов рӯзи 11 феврал дар Маҷлиси намояндагон замоне дар бораи нафақаи раиси собиқи ширкати роҳи оҳан сӯҳбат кард, ки тарҳи тағйирот ба қонуни нафақаро муаррифӣ мекард.

Парлумони Тоҷикистон ба қонун “Дар бораи нафақаи суғуртавӣ ва давлатӣ” тағйирот ворид кард. Хабарнигори парлумонии Радио Озодӣ аз қавли вакилон мегӯяд, ки дар ин қонун 70 дарсад тағйирот ворид шудааст. Бар пояи ин қонун, нафақаи суғуртавии мардон аз 300 моҳ ба 240 моҳ ва аз занон аз 240 ба 180 моҳ коҳиш дода шудааст.

Ҳамчунин он заноне, ки кӯдакони маъюб доранд, аз сини 43-солагӣ ба нафақа фиристода мешаванд. Заноне, ки беш аз 5 фарзанд доранд, бар асоси ин қонун, нафақаи онҳо бояд баланд бардошта шавад. Барои занону мардоне, ки солҳои 1954-59 таваллуд шудаанд, бар пояи қонуни қаблӣ нафақа таъйин мешавад ва онҳое, ки аз соли 1960 ба ин тараф таваллуд шудаанд, бар асоси тағйироти нав нафақа мегиранд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон дар нишасти рӯзи чаҳоршанбеи парлумон гуфт, онҳое, ки то соли 1994 ба нафақа баромада буданд ва ҳоло нафақаи ночиз мегиранд, бояд мутобиқ ба сабади истеъмолии кишвар нафақа дарёфт кунанд.

Сини нафақа дар Тоҷикистон барои мардон 63 ва барои занон 58 таъйин шудааст. Ҳисоби миёнаи нафақапулӣ дар Тоҷикистон наздики 250 сомониро ташкил медиҳад ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи гузашта дар паёми солонааш гуфт, ки сар аз тирамоҳи оянда, он 20 дарсад афзоиш хоҳад ёфт. Cафаралӣ Наҷмиддинов, раиси Оҷонсии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва суғурта гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар кишвар 17 ҳазору 700 нафар нафақаи суғуртавӣ дарёфт мекунанд.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон дар нишасти парлумон гуфт, дар пайи қабули ин қонун, Иттиҳодияи Аврупо бояд ба Тоҷикистон 6 миллион евро маблағ ҷудо намояд. Соли 2010 Бонки Рушди Осиё барои нафақаи суғуртавӣ ва давлатӣ 20 миллион доллар ихтисос дода буд. Ба гуфтаи ҷаноби Нуралиев, қонуни нав барои шаффоф ҳисоб кардани нафақа мусоидат мекунад.

Ҳамчунин бар асоси ин қонун, барои афроде, ки бесаронбон ҳастанд ва шумораи онҳо 40 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва 65 то 330 сомонӣ нафақапулӣ мегиранд, мутобиқи қонуни нав, нафақаи бештар пешбинӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки Шукурҷон Зуҳуров аз механизми дурусти расонидани кӯмакпулиҳо ба афроди бесарпаноҳ нигаронӣ кард, ҳарчанд ба гуфтаи ӯ, барои ин афрод имтиёз ва кӯмакпулиҳоаз сӯи давлат ҷудо мешавад.

Исмоил Талбаков, вакил аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар ҷаласа гуфт, ки 30 дарсади андози иҷтимоии муҳоҷирон дар Русия мемонад, ки ин барои дарёфти нафақаи онҳо мушкилиҳоро ба бор меорад. Зеро онҳо дар Русия андоз месупоранд ва талаби нафақа дар Тоҷикистонро доранд. Ин буд, ки Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки дар қонуни нав ин масъала бояд ба назар гирифта шавад.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир бо ҷониби Русия дар ин мавриди гуфтушунид дорад, то андози иҷтимоии муҳоҷирон ба ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гузаронида шавад. Вай аз муҳоҷирон даъват кард, ки ҳини сафар ба Русия ба ҳуҷҷатгузориҳо ба таври дуруст бархӯрд кунанд, то ҳини баромадан ба нафақа, ба мушкилӣ рӯбарӯ нашаванд.

Ҳамчунин ҷаноби Зуҳуров гуфт, на танҳо муҳоҷирон андози иҷтимоӣ намесупоранд, балки дар деҳаҳо ва ноҳияҳои дурдаст 70 дарсади аҳолӣ андози иҷтимоӣ озод ҳастанд. Аз ҷумла ӯ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ишора кард, ки солона ҳамагӣ 10 сомонӣ андози иҷтимоӣ пардохт мекунанду халос.

Бо вуҷуди қабули қонун, Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист гуфт, ки ин қонун бояд аз сари нав коркард ва қабул шавад. Зеро ба гуфтаи ӯ, дар бисёре аз бандҳои ин қонун, ба ҳам зиддунақиз мебошанд.

XS
SM
MD
LG