Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Стратегияи нави "Тоҷикэйр" - талош барои раҳоӣ аз бӯҳрон


Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати "Тоҷик Эйр"
Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати "Тоҷик Эйр"

Раҳбарияти нави ширкати "Тоҷикэйр" барои ҷалби таваҷҷӯҳи мусофирон ба ин ширкат тахфифу имтиёзҳоеро ҷорӣ кардааст. Стратегияи нави ҷалби муштариён ба хадамоти "Тоҷикэйр" дар ҳолест, ки дар чанд соли ахир кори ин ширкат дар ҳоли рукуд қарор дошт ва мусофирон ҳам камтар ба хизматрасонии он майл нишон медоданд.

Хайрулло Раҳимов, мудири кулли ширкати «Тоҷикэйр» рӯзи душанбеи 25 июл дар як нишасти хабарӣ гуфт, аз пешниҳоди тахфиф дар сиёсати нархгузории як моҳ гузаштааст ва ин тахфиф бештар ба кӯҳнавардони хориҷӣ пешниҳод мешавад. Ин тахфиф интиқоли ройгони то 30 кило бори сайёҳонро дар бар мегирад аст. Ба гуфтаи Раҳимов, ширкат аз моҳи август имтиёзҳои дигарро барои ширкатҳои сайёҳӣ роҳандозӣ хоҳад кард.

Бино ба иттиллои Хайрулло Раҳимов, ғайр аз ин иқдом, аз ҷониби ширкат дар тайи 5 моҳи охир нархи чиптаҳо ҳам кам карда шуда, қимати роҳи хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе то 45 дарсад арзон шудааст.

Ҳамакнун мудири кулли ширкати «Тоҷикэйр» мехоҳад бо роҳандозии чунин иқдомҳо таваҷҷуҳи бештари мусофиронро ба ширкати зери раҳбарияш зиёд кунад; “Алакай аз суи як гурӯҳ куҳнавардони эронӣ аз мо дархост шудааст, то онҳоро бо чунин тахфифҳо ба Тоҷикистон интиқол диҳем”, - гуфт Раҳимов.

Ин дар ҳолест, ки дар чанд соли охир вазъи ширкати “Тоҷикэйр” маҳз пас

Хайрулло Раҳимов
Хайрулло Раҳимов

аз реструктуризатсия ё тағйироти сохторӣ, ки бо талаби созмонҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ, сурат гирифта буд, вахимтар гардида буд.

Аммо масъулон як омили аслии камхарид шудани чиптаи ҳавопаймоии ширкати "Тоҷикэйр"-ро ба фаъолияти ширкатҳои чиптафурушӣ рабт медиҳад. Онҳо мегӯянд, чиптафурӯшон дар навбати аввал ба мусофирон чиптаҳои ширкатҳои ҳавоиеро пешниҳод мекунанд, ки барояшон маблағи иловагӣ пардохт мекунанд. Ин иддаои раҳбарияти "Тоҷикэйр" дар ҳолест, ки мусофирони огаҳ аз кори ин ширкат мегӯянд, барояшон беҳтар он аст, ки дар шароити хуб ва бехатар парвоз кунанд.

Саидакбар, як тоҷири тоҷик, ки ҳар сол то даҳ маротиба аз хизматрасонии ширкатҳои ҳавопаймоӣ истифода мекунад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар як соли ахир ду парвозаш тавассути ҳавопаймои ширкати “Тоҷикэйр” бо таъхир анҷом шудааст.

Раҳбарияти ин ширкат ҳам инро рад намекунанд ва мегӯянд, дар шаш моҳи соли ҷорӣ бо сабабҳои номусоидии боду ҳаво, 25 парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат ба таъхир афтодааст. Аммо раҳбари нави ширкати давлатии "Тоҷикэйр" умедвор аст, ки бо роҳандозӣ кардани иқдомҳои тоза ин ширкати ҳавопаймоиро аз вартаи бӯҳрони молӣ берун оварда метавонад.

Раҳбарияти нави ширкати "Тоҷикэйр" мегӯяд, дар 6 соли ахир бори нахуст аст, ки тамоми пардохтҳо барои хизмати рӯизаминӣ дар назди Фурудгоҳи байналмиллалии Душанберо пурра пардохт карда “ӯҳдадории хешро сари вақт анҷом додаанд”.

Коршиносон аз иқдомҳои раҳбарони нави ширкат хуш истиқбол мекунанд. Сайид Муҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, таҳлилгари тоҷик нахустин кушиши роҳандозии имтиёз ба мусофирон аз ҷумла сайёҳонро аз суи як ширкати давлатӣ иқдоми “башарӣ” ном мебарад. Ӯ мегӯяд, дар ҳоле, ки ҷалби сайёҳон яке аз вазифаҳои умумимиллӣ дониста мешавад, иқдоми ширкати ҳавоӣ саривақтӣ аст. “Бо назардошти он сайёҳоне, ки вориди Тоҷикистон мешаванд, ин иқдом метавонад муассир бошад. Вижагии он ҳам ин аст, ки сайёҳонро аксаран афроди “буҷетӣ” ном мебаранд, чун хазинаи сафари онҳо ҳамеша маҳдуд аст ва ин имтиёз муҳим аст. Сайёҳоне, ки Тоҷикистонро интихоб мекунанд, метавонанд дар бораи ин иқдом дар форумҳои сайёҳӣ сухан гӯянд, ки ин албатта хуб аст”.

Табаралӣ Ғаниев, иқтисоддони тоҷик иқдомҳои “Тоҷикэйр”-ро як кори маъмулии ширкати тиҷоратӣ меномад. Ӯ мегӯяд, бо ин роҳ ширкат метавонад аз роҳи ҳавасмандсозӣ метавонад худро то андозае аз вартаи буҳрон раҳо кунад. Аммо, мегӯяд ӯ, ин стратегия бояд дуруст ҳисобшуда бошад, то ки натиҷаҳои баръакс надиҳад.

«Тоҷикэйр», ширкати давлатии Тоҷикистон аст, ки дар оғози истиқлолият 100 дарсади бозори Тоҷикистонро дар даст дошт. Ҳоло ин ширкат 35 ҳавопаймо дорад ва ширкат дар шаш моҳи соли ҷорӣ барои нигаҳдорӣ ва таъмири ҳавапймоҳову чархболҳо бештар аз 10 миллион сомонӣ масраф кардааст. Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон 20 ширкати ҳавопаймоӣ фаъолият мекунад. Аз ин теъдод, ба шумули «Тоҷикэйр», дуи дигар — «Сомонэйр» ва «Истэйр» дар Тоҷикистон сабти ном шудаанд.

XS
SM
MD
LG