Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибони раҳошуда аз зиндонҳои Покистон дар куҷоянд?


Мулоқоти ҳайати Шӯрои олии сулҳи Афғонистон бо мақомоти Покистон дар шаҳри Исломобод.
Мулоқоти ҳайати Шӯрои олии сулҳи Афғонистон бо мақомоти Покистон дар шаҳри Исломобод.

Бо вуҷуди хабарҳо дар мавриди раҳоии бархе Толибон аз зиндонҳои Покистон, маълум нест, ки ин афрод дар куҷо ба сар мебаранд.

Ҳоҷӣ Динмуҳаммад, як узви Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ки дар таркиби ҳайати ин шӯро ҳафтаи гузашта ба Покистон сафар карда буд, мегӯяд: «Бинобар бархе мушкилот, ин зиндониён дар Покистон боқӣ мондаанд»

Оқои Динмуҳаммад рӯзи якшанбе дар сӯҳбат ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, ки аз як тараф худи зиндониёни озодшуда нахостаанд ба Афғонистон интиқол дода шаванд ва аз тарафи дигар ҳеҷ тавофуқномае дар мавриди интиқоли зиндониён миёни Кобул ва Исломобод низ вуҷуд надорад: «Зиндониёне ки раҳо шуданд, барояшон ихтиёр дода шуда буд, ки дар Покистон бошанд, ба Афғонистон баргарданд ва ё ҳам ба ҳар кишвари дигар бираванд. Онҳо бо хоҳиши худ дар Покистон монданд, чун хонаводаҳояшон дар онҷо ҳастанд. Албатта ин кор маҷбурӣ набуд ва мондан дар Покистон ба хоҳиши худашон будааст.»

Ҳоҷӣ Динмуҳамад дар посух ба ин суоли Озодӣ, ки оё тазмине вуҷуд дорад, ин зиндониёни тоза озодшуда дубора ба суфуфи мухолифони ҳукумати Афғонистон напайванданд, гуфт, ин кор ба ҳадафи эҷоди фазои эътимод сурат гирифта ва тазмине дар ин замина вуҷуд надорад. Ба гуфтаи ӯ, бо он, ки аъзои ҳайати Шӯрои олии сулҳи Афғонистон бо ин зиндониёни озодшуда дидор накардааст, аммо озодии нуҳ тан аз Толибони маҳбус бо дастури мақомоти Покистон сурат гирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки шуморе аз коршиносон афғон мегӯянд, ки ин аъзои гурӯҳи Толибон аз зиндонҳои Покистор раҳо нашуда, балки аз як зиндон ба зиндони дигар мунтақил шудаанд. Аҳмад Саидӣ, коршиноси афғон мегӯяд, ки агар ин афрод ба Афғонистон интиқол наёбанд, наметавонанд дар раванди гуфтугӯҳои сулҳ нақши муассир дошта бошанд:

«Ин хатар вуҷуд дорад, ки Покистон ононро дубора зиндонӣ кунад ва ё ҳам ҳам худашон ва хонаводаҳояшонро таҳдид кунад. Ба назари ман, онҳо агар аз дохили Покистон дар раванди сулҳ ҳамкорӣ кунанд, ҳамкорияшон ба ишораи ISI хоҳад буд, на мустақилона. Беҳтар аст ба Афғонистон мунтақил шаванд, бо онҳо ҳамкорӣ сурат бигирад, то бо таҳдид ва мушкилоти дигар рӯбарӯ нагарданд.»

Ба гуфтаи оқои Саидӣ, дар ин миён танҳо Мавлавӣ Анварулҳаққ Муҷоҳид ва Мавлавӣ Муҳаммадкарим озод гардиданд ва ҳамакнун дар шаҳри Пешовар ба сар мебаранд. Оқои Саидӣ таъкид мекунад, ки Мавлавӣ Абдулҳаким ва Мавлавӣ Мутеъуллоҳ пас аз раҳоӣ дубора аз сӯи ҳукумати Покистон боздошт шуда ва мушаххас нест, ки Мавлавӣ Раҳматуллоҳ, Мавлавӣ Довуд ва Мавлавӣ Мир Аҳмад Гул озод шудаанд ё на?

Мақомҳои афғон ва покистонӣ то кунун ин иддаои коршиносони афғонро таъйид накардаанд. Масъулони Шӯрои олиии сулҳи Афғонистон озодии нуҳ тан аъзои гурӯҳи Толибон аз зиндониҳои Покистонро дастоварди муҳими сафари як ҳайати ин шӯро ба Исломобод медонанд.
XS
SM
MD
LG