Ба гузориши хабаргузориҳои покистонӣ, ин ҳайат бо раҳбарии Салоҳиддин Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон дар нимаи дуввуми рӯзи душанбе бо Раҷа Парвиз Ашраф, нахуствазири Покистон дидор кард ва бори дигар хоҳони ҳамкориҳои содиқонаи он кишвар дар раванди сулҳи Афғонистон гардид.
Маъсум Станикзай, сухангӯи Шӯрои олии сулҳи Афғонистон шаби гузашта дар як сӯҳбати телефонӣ бо бахши дарии радии «Озодӣ», мулоқот бо нахуствазири Покистонро судманд арзёбӣ кард ва ибрози умедворӣ намуд, ки он натоиҷи мусбат хоҳад дошт. Салоҳиддин Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон нақши Покистонро дар гуфтугӯҳои сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон муҳим хонд ва ибрози умедворӣ кард, ки Покистон дар ин росто бо давлати Афғонистон ҳамкорӣ намояд.
Нахуствазири Покистон ваъда додаст, ки кишвараш омодаи ҳар навъ ҳамкорӣ ба барқарории сулҳ дар Афғонистон мебошад ва талош хоҳанд кард, ба ҷуз Толибон, гурӯҳҳои дигари мусаллаҳро низ ба мизи музокирот бикашонанд.
Ин дар ҳолест, ки хабаргузориҳои вобаста ба давлати Покистон аз қавли нахуствазири ин кишвар хабар медиҳанд, ки Раҷа Парвиз Ашраф таъмини сулҳи ҳамешагӣ дар Афғонистонро ба суди ҳар ду кишвар дониста ва сафари кунунии ҳайати Шӯрои сулҳи Афғонистонро як гоми мусбат барои беҳбуди робитаҳои ду ҷониба хондааст.
Бархе аз расонаҳо иддао кардаанд, ки ҳайати Шӯрои олии сулҳи Афғонистон қарор аст тайи ин сафар аз мақомоти покистонӣ хостори озодии шуморе аз Толибони афғон шаванд, ки дар зиндонҳои ин кишвар ба сар мебаранд. Расонаҳо дар ҳоле ин иддаоро матраҳ мекунанд, ки давлати Афғонистон қаблан низ аз Покистон хоста буд шуморе аз Толибони афғонро, ки дар зиндонҳои ин кишвар ба сар мебаранд, ба давлати Афғонистон бисупорад.
Тибқи иттилои сафорати Афғонистон дар Исломобод, ҳайати Шӯрои сулҳи Афғонистон тайи ин сафари серӯза, қарор аст бо раиси ҷумҳури, шуморе аз мақомоти низомӣ, раҳбарони аҳзоби сиёсӣ ва мазҳабии Покистон дидор ва гуфтугӯ намояд.