Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Покистон мувофиқа кард, то толибони зиндониро раҳо кунад"


Ба дунболи сафари ҳайати Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ба Покистон ва мулоқоти бо мақомоти ин кишвар, Исломобод афроди Толибонро аз маҳбасҳои худ раҳо кард.
Ба дунболи сафари ҳайати Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ба Покистон ва мулоқоти бо мақомоти ин кишвар, Исломобод афроди Толибонро аз маҳбасҳои худ раҳо кард.

Сафири Афғонистон дар Исломобод мегӯяд, Покистон мувофиқа кардааст, то ҳама толибони зиндонӣ дар он кишварро раҳо кунад.

Муҳаммадумар Довудзай, сафири Афғонистон дар Исломобод, дар сӯҳбат ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, "мақомоти покистонӣ усулан мувофиқа карданд ва дар нахустин марҳала, шуморе аз раҳбарони Толибонро раҳо карданд."

Ин дар ҳолест, ки тибқи навиштаи хабаргузориҳо, Покистон дар ду рӯзи гузашта 8 тан аз Толибони афғонро аз маҳбасҳои худ раҳо намудааст. Ба навиштаи хабаргузориҳо, ин тасмимро Исломобод ба хотири мусоидат ба раванди оштии миллӣ дар Афғонистон ва шурӯи музокирот бо ҷунбиши Толибон рӯи даст гирифтааст.

Муҳаммадумар Довудзай, сафири Афғонистон дар Покистон
Муҳаммадумар Довудзай, сафири Афғонистон дар Покистон
Ахиран як ҳайати расмии афғон таҳти сарварии раиси Шӯрои олии сулҳ Салоҳиддин Раббонӣ дар Исломобод бо мақомоти давлатӣ ва афроди шинохтаи мазҳабӣ сари мизи гуфтушунид нишаст ва аз ҷумла мавзӯи раҳоии Толибони афғонро баррасӣ кард.

Мақомоти афғон мегӯянд, ҳамаи 8 нафари раҳошуда фармондеҳони маҳаллии толибонанд. Аз ҷумла, пайвандони раҳбари ҷабҳаи Тора-Бораи Толибон Мавлавӣ Анварулҳақ Муҳоҷид хабари раҳоии ӯро тасдиқ карданд.

Аммо Кобул бештар барои раҳоии Мулло Абдулғанӣ Бародар пойфишорӣ мекард, ки моҳи феврали соли 2010 дар шаҳри Карочии Покистон боздошт ва зиндонӣ шудааст. Ин пойфишорӣ бесабаб нест - Мулло Абдулғанӣ Бародар аз шахсиятҳои калидие маҳсуб мешавад ва аз нигоҳи Кобул, тавони бо ҳукумат оштӣ додани теъдоди бузурги толибонро дорад. Вале хабаргузориҳо навиштаанд, номи ин фармондеҳ ба рӯйхати маҳбусони озодшуда ворид нашудаааст.

Аҳзоби сиёсии Афғонистон, аз ҷумла, ҳизбҳои мухолифи ҳукумат, аз раҳоии гурӯҳи толибони маҳбус аз сӯи Исломобод истиқбол кардаанд. Ҳамзамон, ба гуфтаи бархеи онҳо, аз сӯи мақомоти Покистон нодида гирифтани дархости Кобул барои раҳоии Мулло Абдулғанӣ Бародар, шакку шубҳаҳоеро дар робита ба мавзеи Исломобод дар пуштибонӣ аз раванди сулҳи Афғонистон ба миён овардааст. Сиёсатмадорон ба он нукта ҳам таъкид мекунанд, ки ҳамаи ҳашт толиби аз маҳбасҳои Покистон раҳошуда дар радаи миёна ва поёни ин ҷунбиш
Мулло Абдулғанӣ Бародар, аз раҳбарони аршади Толибон ҳанӯз дар зиндонҳои Покистон ба сар мебарад.
Мулло Абдулғанӣ Бародар, аз раҳбарони аршади Толибон ҳанӯз дар зиндонҳои Покистон ба сар мебарад.
қарор доранд.

Аммо раҳоии ин маҳбусон асари мустақиме ба раванди оштии миллӣ дар Афғонистон хоҳад гузошт? Сайид Аҳмад Наҷиб Маҳмуд, сиёсатшиноси афғон ва устоди Донишгоҳи Кобул, мегӯяд, бидуни шак ин гоми Исломобод шӯълаи умедро барои сулҳ миёни давлати Афғонистон ва “Толибон” дар қалбҳо фурӯзон кардааст. “Аммо масъалаи муҳим он аст, ки Покистон ба навъе назорати музокиротро дар ихтиёри худ дорад ва ба давлати Афғонистон нишон медиҳад, ки ҳатто сарони “Толибон” аз сӯи мо назорат мешаванд ва мо ҳар вақте хоҳем, метавонем ба раванди музокирот мудохила кунем”,-мегӯяд ӯ.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи сиёсатшиноси афғон, ӯ ба бандӣ будани ҳашт нафари раҳошуда бовар надорад, зеро “касоне, ки дар Покистон фаъолиятҳои низомиро барои Афғонистон анҷом медиҳад, бидуни барномаи ISI – Хадамоти кашфи Покистон кор карда наметавонанд”.
XS
SM
MD
LG