Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ дар як баёнияи телевизионӣ гуфт, ки "вақти пирӯзӣ фаро расид ва амалиёти озодсозии Мавсил оғоз шудааст". Нахуствазири Ироқ, ки ҳини ин баёнияи телевизионӣ дар миёни шуморае аз афсарони баландпояи Ироқ дида мешуд, гуфт, "фармони оғози ин амалиёти пирӯзмандонаро додаам, то шуморо аз хушунат ва терроризм раҳо кунам."
Нахуствазири Ироқ таъкид кардааст, ки танҳо нерӯҳои давлатӣ "вориди шаҳр хоҳанд шуд". Ҳайдар Ибодӣ ҳамчунин гуфтааст, ки "нерӯҳое, ки раҳбарии амалиёти озодсозиро бар ӯҳда доранд, нерӯҳои шуҷои артиши Ироқ ва нерӯҳои пулиси миллӣ ҳастанд ва танҳо онҳо вориди шаҳр хоҳанд шуд."
Мавсил дар тобистони соли 2014 ба тасарруфи ҷангиёни "Давлат исломӣ" даромад ва ҳамчун маркази аслии афроди ин гурӯҳ дар Ироқ, ба шумор меравад."
Тибқи гузоришҳо, пешмаргаҳои курди Ироқ аз тарафи шарқи шаҳр ҳамла хоҳанд кард ва эътилоф ба раҳбарии Амрико аз замин ва ҳаво ба нерӯҳои низомии Ироқ кӯмак хоҳанд намуд. Ҳафтаи гузашта эътилоф бо раҳбарии Амрико гуфта буд, ки ҳамлаҳои худ ба пойгоҳҳои "Давлати исломӣ" дар шаҳри Мавсилро бештар кардааст.
Мавсил яке аз шаҳрҳои калонтарини Ироқ ва маркази вилояти Найнаво, дар шимоли он кишвар воқеъ мебошад. Ин шаҳр дар ҷараёни пешравиҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар тобистони соли 2014 ба тасарруфи ҷангиёни ин гурӯҳ даромад ва ҳамчун маркази аслии афроди ин гурӯҳ дар Ироқ ба шумор меравад.
Дар ҳафтаҳои гузашта мақомҳои мухталиф чӣ дар Ироқ ва чӣ дар хориҷ дар мавриди амалиёти Мавсил изҳори назар намуданд. Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи шанбе гуфта буд, ки "Ироқ ба танҳоӣ наметавонад амалиёти озодсозии Мавсилро пеш бибарад."
Нерӯҳои артиши Туркия ҳар ҳоли ҳозир дар пойгоҳе дар наздикии Мавсил мустақар мебошанд. Масъалаи ҳузури артиши Туркия дар шимоли Ироқ боиси танишҳои лафзӣ миёни раҳбарони ду кишвар ва ихтилофҳои сиёсӣ миёни Бағдод ва Анқара шудааст.
Мақомҳои Арабистони Саудӣ ва Туркия ахиран ба таври муштарак мухолифати худро бо ҳузури ниманизомиёни шиа, ки аз сӯи Эрон ҳимоят мешаванд, дар амалиёти бозпасгирии Мавсил, эълон карданд ва аз "ҷанги мазҳабӣ" ҳушдор доданд. Эрон дар вокуниш кишварҳои узви Шӯрои Халиҷи Форс ва Туркияро масъули вазъият дар Сурия ва Ироқ донистааст.
Яке аз масъалаҳои муҳим, ки нигарониҳоро ба миён овардааст, сарнавишти ғайринизомиёне мебошад, ки интизор меравад дар ҷараёни ин амалиёт овора шаванд. Созмонҳои кӯмакрасон ибрози нигаронӣ кардаанд, ки бар асари ин амалиёт ҳазорон нафар аз хонаву кошонаи худ фирор хоҳанд кард.
Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон пешбинӣ кардааст, ки наздик ба 700 ҳазор нафар маҷбур ба тарки хонаҳои худ дар шимоли Ироқ шаванд ва ниёз ба кӯмакҳои фаврӣ хоҳанд дошт. Бархе таҳлилҳо, шумораи паноҳандагони эҳтимолиро бештар аз ин пешбинӣ кардаанд.