Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз сели харобиовар ва эътирози сокинони Хуросон 3 ҳафта гузашт. Чӣ тағйир кард? ВИДЕО


Бастаи кумакҳои Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба мардуми осебдида дар ноҳияи Хуросон
Бастаи кумакҳои Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба мардуми осебдида дар ноҳияи Хуросон

Аз замоне ки сели харобиовар даҳҳо хонаро дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон вайрон кард ва мардум бо талаби расидагӣ ба мушкилашон чанд соат шоҳроҳи Бохтар-Душанберо бастанд, беш аз се ҳафта гузашт. Дар оғоз сокинон ошкоро ва башиддат шикоят доштанд, ки мақомот ба сарнавишти онҳо таваҷҷуҳ надоранд. Дертар масъулон гуфтанд, ба мардуми осебдида замину масолеҳи сохтмонӣ доданд. Хабарнигори Радиои Озодӣ ба маҳалли селзада рафт, то вазъро аз наздик мушоҳида кунад.

Майсара Раҳматова, сокини 50-солаи ноҳияи Хуросон, чанд рӯз аст, ки бо аъзои оила ва ҳамсояҳояш дар хайма зиндагӣ мекунанд. Ӯ гуфт, рӯзҳои 14 ва 15-уми май ба деҳаи онҳо сел омад ва хонаашонро пурра вайрон кард.

Мақомоти ноҳияи Хуросон мегӯянд, дар ин ҳодиса 76 манзили сокинон аз байн рафта, даҳҳо манзили дигар қисман осеб диданд. Дар маҷмуъ зарари расида аз сел ҳудуди 7 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст.

Дар рӯзҳои аввал сокинон аз вазъи пешомада ва бахусус, ба гуфтаи онҳо, бетаваҷҷуҳии мақомот хашмгин буданд ва бо талаби ҳалли мушкил шоҳроҳи Бохтар-Душанберо барои чанд соат бастанд. Вале тарзи суҳбати Майсара Раҳматова ва сокинони дигари зарардида рӯзи 5-уми июн фарқ дошт.

Онҳо акнун ба ҷойи шикоят ба мақомот барои кумак изҳори сипос мекарданд ва пеш омадани ин вазъиятро на тақсири касе, балки хости Худо медонистанд.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, тайғири шеваи суҳбати сокинони осебдида Хуросон ба ду масъала гиреҳ хӯрдааст. Ба қавли онҳо, "аввал ин ки баъди бастани шоҳроҳи Бохтар-Душанбе мардум зери фишору назорати шадид қарор доранд. Дувум, мақомот барояшон замин ва сохтмони хонаро ваъда додаанд ва намехоҳанд аз он маҳрум гарданд".

​Баъд аз як рӯзи эътирози сокинони аз сел зарардидаи ноҳияи Хуросон мақомот ҳушдор дода буданд, нисбат ба саркардагони амали эътирозӣ, ки онҳоро "шахсони иғвоангез" номиданд, чора меандешанд.

Дар ин миён бархе аз сокинон аз шеваи тақсими кумакҳо норозиянд. Лутфия Баёнова, модари ду фарзанд, мегӯяд, сел хонаи ӯро ҳам вайрон кард, вале танҳо баъд аз шикояту пойфишорӣ номашро дар рӯйхатти шахсони зарардида навиштанд.

"Ба ҳамсояҳо кумак карда буданд, ба ман не. Баъд аз он ки арзу дод кардам, ба ман ҳам ёрӣ расонданд, вале гуфтанд, замин барои сохтмони хона дар марҳилаи дуюм дода мешавад", - афзуд ӯ.

Сокинони зарардида ҳангоми суҳбат бо хабарнигорон
Сокинони зарардида ҳангоми суҳбат бо хабарнигорон

Масъулони ҳукумати ноҳияи Хуросон гаштаву баргашта мегӯянд, касе бе сарпаноҳ намемонад ва то ин дам низ мақомоту сокинони минтақаҳои дигари кишвар ва баъзе аз созмонҳои байнулмилалӣ ба мардуми осебдида ёрӣ расондаанд.

Иттиҳоди Аврупо рӯзи 5-уми июн гуфт, ба сокинони осебдида аз сел дар Бохтару Хуросон 80 ҳазор евро ҷудо кард ва ёриҳо тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон расонда мешавад.

То ин дам Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба 260 хонавода дар ноҳияи Хуросон маводи зарурӣ, аз ҷумла рахти хоб, белу каланд ва ашёи дигар додааст. Парвиз Ҷабборзода, як масъули ҷамъият ба Радиои Озодӣ гуфт, баъзе одамон норозӣ ҳастанд, ки ба онҳо кумак нарасидааст ва ё ба дигарон бештар расидааст. "Ин дар салоҳияти мо нест, инро мақомоти ноҳия тақсим ва назорат мекунад", - афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти ноҳия гуфтанд, тақсими кумакҳои башардӯстона одилона сурат гирифтааст, ҳарчанд бархе аз мардум баръакси онро мегӯянд. Сулаймон Исозода, масъули идораи ҳолатҳои фавқулода дар Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, ёриҳо бар асоси рӯйхатти ҷамоатҳо тақсим мешаванд: "Мо масъули назорат ҳастем, вале тақсимотро аз ҷамоат мекунанд. Мардум шиносномаро нишон дода, ҳаққашонро мегиранд. Рақамҳои ҳамкорони мо барои арзу шикоят гузошта шудааст, касе шикоят дорад, занг занад."

Ҳоло масъулини ҳукумати ноҳияи Хуросон мегӯянд, барои онҳое, ки хонаҳояшон пурра хароб шудааст, ҳашт сотих замин ҷудо карда, тахтаю бомпӯш ва семент медиҳанд, то хона бисозанд. Сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар Хатлон ба сокинон барои омода кардани пойдевори хона кумак мерасондаанд.

Дар вилояти Хатлон тақрибан 400 минтақаи хавфнок вуҷуд доштааст, ки ҳар сол хатари омадани селу лағжиши кӯҳ таҳдид мекунад. Дар моҳи марти имсол дар деҳаи Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон низ сел хонаву роҳи мардумро хароб кард ва мақомот зиёни расидаро беш аз як миллион сомонӣ ҳисоб карданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG