Шӯрои мудирони гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар ҳафтаи гузашта барои иҷрои марҳалаи дуюми Барномаи беҳбуди роҳҳои Осиёи Марказӣ ба хотири сохтани роҳҳо дар манотиқи марзии вилояти Суғди Тоҷикистон 45 миллион доллар ҷудо кард. Гуфта мешавад, ҳадаф аз ин барнома беҳтар кардани робитаҳо байни Тоҷикистону кишварҳои ҳамсоя ва роҳандозии тиҷорат байни мардуму ширкатҳо ва бозорҳои минтақавӣ аз тариқи коридоррҳои фаромарзиест, ки аз ҳудуди вилояти Суғд мегузаранд.
Қарори Шӯрои мудирони гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати ихтисоси 45 миллион доллар барои сохтани роҳҳои марзӣ дар вилояти Суғд рӯзи 25 феврал содир шуда, гуфта мешавад, ки он имкон медиҳад, то 2,6 миллион аҳолии шимоли Тоҷикистон ба бозорҳо дастрасии беҳтар пайдо карда, имконоти ҷустуҷӯи ҷои кори зиёдтар барояшон фароҳам шавад.
Марҳалаи аввали Барномаи беҳбуди роҳҳои Осиёи Марказӣ асосан рӯи барқарор кардани роҳҳои вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Бодканди Қирғизистон тамаркуз карда буд ва ахиран Бонки ҷаҳонӣ барои иҷрои ин барнома ба Қирғизистон ҳам 45,6 миллион доллар ҷудо кард.
Дар марҳалаи дувуми ин барнома дар вилояти Суғд, қарор аст, дар тӯли солҳои 2015-2020 тақрибан 70 километр роҳҳои фаромарзӣ бо пули Бонки ҷаҳонӣ тармиму бозсозӣ шаванд. Ин роҳҳоест, ки ин минтақаи Тоҷикистонро бо шабакаҳои нақлиётӣ дар Узбакистону Қирғизистон мепайванданд.
Аз ҷумла интизор меравад, дар чорчӯби ин барнома 45,1 километр роҳ дар минтақаи Кӯчкак – Ким – Исфара - гузаргоҳи марзии Гулистон, 16,9 километр роҳи Деҳмой – Пролетар – гузаргоҳи марзии Маданият, бо шумули роҳ то терминали роҳи оҳан дар Пролетар ва 5,7 километр роҳи Конибодом – гузаргоҳи марзии Патар бозсозӣ шаванд.
Ин роҳҳо дар нуқтаҳои доғи марзи Тоҷикистону Узбакистон ва марзи боз ҳам доғтаршудаи Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар як соли охир ба чандин мавҷи танишҳои хунин рӯбарӯ шуда буд, ҷойгир шудаанд.
Патрисия Виверс-Картер, раҳбари дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон дар шарҳи кумаки охирини ин ниҳоди молӣ гуфтааст: “Тоҷикистон бо камтарин теъдоди роҳҳои нақлиётӣ, бо роҳҳои маҳдуди баромад ба шабакаҳои минтақавиву байналмилалии нақлиётӣ бештар аз ҳама дар Осиёи Марказӣ дар инзивоъ қарор дорад. Дар ин кишвар бо дарназардошти шароити кӯҳистонӣ ва шабакаи начандон бузурги роҳи оҳанаш дар аксар мавридҳо мошинҳо ягона василаи ҳамлу нақли маҳсулот ва мардум ба шумор мераванд.”
Ба ҳисоби хонум Виверс-Картер, тақрибан 40 дарсади тамоми боркашонӣ дар Тоҷикистон бар дӯши роҳҳои марзии вилояти Суғд аст ва аз ин рӯ, иҷрои барномаи нави Бонки ҷаҳонӣ “имкон медиҳад зарфиятҳои тиҷорӣ ва рақобатпазирии маҳсулоти маҳаллӣ ба таври қобили мулоҳиза боло бурда шавад, ки натиҷааш рушди бахши хусусӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ хоҳад шуд.”
Аз 45 миллион доллар кӯмаки Бонки ҷаҳонӣ ба ин барномаи тармими роҳҳои марзии вилояти Суғд 38 миллиону 250 ҳазораш ҳамчун қарзи боимтиёз ва 6 миллиону 750 ҳазор доллараш ба шакли ёрии билоиваз ба ҳукумати Тоҷикистон дода мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон ба навбаи худ муваззаф мешавад, то бо ихтисоси 9 миллион доллари дигар 20 дарсад аз ҷамъи хароҷоти ин барномаро бар ӯҳда бигирад.
Бонки ҷаҳонӣ дар ҳоле барои тармими роҳҳои марзии вилояти Суғд ба Тоҷикистон 45 миллион доллар кумак мекунад, ки дар моҳи феврал барои сохтани роҳи Исфана – Қайроғоч дар вилояти Бодканди Қирғизистон, ки бояд бидуни убур аз марзи Тоҷикистон сохта шавад, низ 45 миллион доллар ҷудо кард. Тоҷикистон бо Қирғизистон 971 километр марзи мустақим дорад, ки бо гузашти 23 сол аз суқути Иттиҳоди Шӯраавӣ то ҳол танҳо 506 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Баҳсҳо бар сари масоили марзӣ ҳар сол боиси танишҳои зиёде дар марзи ду кишвар, бахусус дар марзи ноҳияҳои Лайлаку Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон бо ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон мешавад.
Як мояи ин баҳсҳо ҳамин роҳҳои фаромарзист, ки марзи ин ду кишварро дар чандин ҷо убур мекунанд. Мушкилоти убуру мурури марз, ба гуфтаи ҷомиашиносон, ба рӯҳияи равонии сокинони ду тарафи сарҳад таъсири манфӣ мерасонад ва гоҳо як баҳонаи ночизе, барои мисол, бадрафтории як марзбон нисбат ба сокини кишвари ҳамсоя, ё ҳатто сангандозии кӯдакон ба мошине, ки аз деҳаи онҳо мегузарад, кофист, ки садҳо нафар дар хатти марз барои “ҷанги танбатан”-и навбатӣ саф биороянд.
Гуфта мешавад, танҳо дар соли 2014 дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 30 даргирӣ рух дода, ҷониби Қирғизистон баъди як даргирии моҳи январ дар Исфара ҳатто марзҳояш бо Тоҷикистонро барои қариб 3 моҳ баст. Дар ҷараёни ин танишҳои марзӣ дар соли гузашта дар маҷмӯъ се шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як афсари нирӯҳои марзбонӣ кушта ва аз ҳарду тараф ҳудуди 20 нафар захмӣ шудаанд.
Музокироти ҳайатҳои ду тараф тавонист оташи танишҳоро то ҳадде фурӯ бинишонад, вале масъалаи асосӣ – таъйини хатти марз – ҳамчунон ҳалношуда боқӣ мемонад. Ба ин далел, ҳар боре ки ҷониби Қирғизистон ба сохтани роҳҳо дар манотиқи баҳсии марз шурӯъ мекунад, ин ба мухолифати шадиди сокинони рустоҳои наздимарзии тарафи Тоҷикистон рӯбарӯ мешавад.
Бонки ҷаҳонӣ ҳамин тавр дар моҳи феврал барои сохтани роҳи оҳани барқие, ки вилоятҳои водии Фарғонаро бидуни убур аз вилояти Суғди Тоҷикистон бо вилоятҳои дигари он кишвар мепайвандад, 195 миллион доллар ҷудо кардааст. Роҳи оҳани Поп – Ангрен, ки имкони бидуни убур аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба боқӣ вилоятҳои Узбакистон пайвастани 3 вилояти водии Фарғонаи он кишвар – Фарғона, Намангон ва Андиҷонро фароҳам меорад, як орзуи деринаи мақомоти Тошканд буд.
Дар гузашта Узбакистон ҳар сол барои убури қаторҳояш аз роҳҳои оҳани вилояти Суғд ба Тоҷикистон то 30 миллион доллар дар сол ҳаққи транзит пардохт мекард. Узбакистон ба хотири сарфа кардани ин маблағ, ки ба Душанбе на ба сурати нақд, балки асосан аз ҳисоби пули газ ва миқдоре сементу маводи сӯхт пардохт мекард, чанд сол пеш аз тариқи ағбаи баландиаш 220-метрии Қамчиқ роҳи мошингардеро то ноҳияи Попи вилояти Намангон сохт, ки ин ва ду вилояти дигари водии Фарғонаашро бидуни убур аз ҳудуди вилояти Суғд бо дигар минтақаҳои он кишвар мепайвандад. Баъди ин интиқоли борҳо аз тариқи роҳҳои оҳани вилояти Суғд ба Наманугону Фарғона ва Андиҷон қариб 3 баробар кам шуд.
Тоҷикистон аз соли 1996 бо Бонки ҷаҳонӣ ҳамкорӣ мекунад ва дар ин муддат аз ин ниҳоди байналмилалии молӣ ба маблағи 978 миллиард доллар, ё қариб 1 миллиард қарзҳои боимтиёз ва кӯмакҳои билоиваз(грант) дарёфт кардааст. Бонки ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 12 барномаро ба маблағи умумии 185,1 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад.
Ҷамъи қарзҳои хориҷии ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир беш аз 2,1 миллиард доллар, муодили беш аз чоряки маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишварро ташкил медиҳад. Тақрибан нисфи ин қарзҳо аз Чин аст, ки Душанбе асосан барои сохтани шоҳроҳҳову нақбҳо ва маркази гармидиҳиии пойтахт аз Пекин ба даст овардааст.