Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ояндаи Осиёи Марказӣ аз нигоҳи Commerzbank


Мутахассисони Commerzbank, як бонки маъруф ва қадимаи Олмон, дар як пажӯҳиш ба натиҷае расиданд, ки Осиёи Марказӣ дар оянда ба яке аз муҳимтарин манотиқи олам табдил хоҳад шуд.

Ба гуфтаи онҳо, ҳаммарзӣ бо Русия ва Чин, ду кишвари пешрафтаи олам ва сармоягузории ин давлатҳо ба хотири рушди иқтисодии минтақа имкон медиҳад, ки Осиёи Марказӣ ва Муғулистон аз ҷиҳати саноатӣ пеш раванд ва дар оғози садаи оянда ба рушди бесобиқа даст ёбанд.

Райнер Шефер, раҳбари гурӯҳи таҳлили сатҳи риск дар Commerzbank ташреҳ кардааст, ки дар аксари ин кишварҳо тавлиди ашёи хом назар ба тиҷорати беруна ва вуруди сармоя бартарӣ дорад. Дар минтақа захираҳои бузурги газ, тилло, мис мавҷуд аст ва ба миқдори бузург пахтатавлид мешавад, ки бо вуҷуди сармоягузорӣ ба ин соҳаҳо рушдашон то ба сатҳи ниҳоӣ нарасидааст.

Ба гуфтаи мутахассисони Commerzbank, фарқ миёни кишварҳои минтақа чашмрас аст. Айни ҳол Қазоқистон, ки захираи бузурги нафт дорад ва аз “инқилоб”-и энерҷии даҳсолаи гузашта манфиати бузург дидааст, аз шарики муҳими тиҷоратии Олмон маҳсуб мешавад.

Аз нигоҳи мутахассисони бонки олмонӣ, Қазоқистон дигар захираҳои ғании табииро низ дорост, аз ин рӯ, аз рӯи даромад ба ҳар сари аҳолӣ тақрибан бо Русия баробар шудааст ва, бидуни шак, аз сарватмандтарин кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Туркманистон захираи бузурги газ дорад, Ӯзбакистон ба сафи даҳ кишвари асосии истеҳсолкунанда ва содиркунандаи пахта шомил аст. Ин кишвар захираи ғании ураниум дорад ва имконоташ барои рушди ҷаҳонгардӣ аз рӯи тарҳи Роҳи бузурги абрешим ҳам фаровонанд.

Ду кишвари дигар минтақа – Тоҷикистон ва Қирғизистон, аз нигоҳи муаллифони таҳқиқоти Commerzbank, аз захираи бузурги об бархӯрдоранд. Онҳо ҳамчунин пойбанди маблағҳоеанд, ки муҳоҷирони корӣ аз Русия мефиристанд.

Муаллифон навиштаанд, ки Тоҷикистон баъд аз шикасти иқтисодӣ дар солҳои 90-ум ба думболи фурӯпошии Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ ду бор ба рушди босуръати иқтисодии ба ҳисоби миёна 7,8 дар сад муваффақ шуд. Ҳамзамон бо эътидоли вазъи сиёсӣ робитаҳои хуби иқтисодӣ бо Русия ба Душанбе имкон дод, ки ба пешрафт даст ёбад.

Ҳоло муҳоҷирони кории тоҷик муҳимтарин омил дар равобити иқтисодии миёни Тоҷикистон ва Русия маҳсуб мешаванд – онҳо, аз ҷумла, соли 2013 ба Тоҷикистон тақрибан 4 миллаирд доллар интиқол доданд. Ба навиштаи иқтисоддонҳои Commerzbank, ниёзмандӣ ба нерӯи корӣ дар Русия ва фарқи бузург дар маоши сокинони ду кишвар баёнгари он аст, ки рушди заифи иқтисодӣ дар Русия муҳоҷирони кории тоҷикро барои фиристодани маблағи бештар ба хонаводаҳояшон водор месозад.

Дар гузориш гуфта шудааст, ки Тоҷикистон ба дигар кишварҳо асосан алюминий, пахта ва нерӯи барқ содир мекунад. Нерӯи барқи Тоҷикистон бештар аз сӯи бузургтарин корхонаи саноатии кишвар – корхонаи алюминиюм истифода мешавад. Тоҷикистон баҳору тобистон ба дигар кишварҳо нерӯи барқ содир мекунад ва аммо зимистон ба мушкили бебарқӣ мувоҷеҳ мешавад.

Мутахассисони оламонӣ навиштаанд, ки айни ҳол тарҳҳое дар мавриди ошкор кардани захираи газ рӯи даст гирифта шудаанд. Гуфта мешавад, захираи газ дар Тоҷикистон ба андозаест, ки на фақат ниёзмандиҳои кишварро бароварда месозад, балки содир кардани он ба дигар кишварҳо мумкин мешавад. Дар он сурат иқтисоди миллӣ аз имкони рушди устувор бархурдор хоҳад шуд. Тоҷикистон аз транзити гази Туркманистон ба Чин тавассути лӯлаи газе, ки аз қаламрави кишвар мегузарад, низ манфиат хоҳад бардошт.

Миқёси тиҷорати берунаи Тоҷикистон то Олмон алҳол зиёд нест, муҳимтарин шарикони кишвар Чин, Туркия ва Русия маҳсуб мешаванд.

Карстен Теюр, менеҷери кор бо мизоҷон аз Узбакистон ва Тоҷикистон дар Commerzbank дар робита ба шинохти худ аз Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоле, ки дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо кишварҳои туркӣ қаробат доранд, Тоҷикистон бо Эрон робитаҳои наздики фарҳангӣ дорад, зеро ду кишвар бо як забон ҳарф мезананд. “Меваҳои маҳаллӣ, аз ҷумла, лимӯ, ки бештар таъми мандаринро дорад, оби нуқрагуни кӯҳистон ва меҳмоннавозии бемисли сокинони манотиқи гуногун – аз бартариҳои муҳими ин диёри зебоянд”, навиштааст Карстен Теюр.

Ӯ афзудааст, ки дар Тоҷикистон 20 бонк ва ниҳодҳои зиёди бонкие фаъоланд, ки ба мардум қарзи андак медиҳанд. Тиҷорати “ояндадор” – интиқоли маблағҳои муҳоҷирони корӣ аз тариқи бонк аст. Айни ҳол Commerzbank бо 12 бонки Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад.

Аксел Боммерсҳайм, раҳбари минтақаии Commerzbank, гуфтааст, “мо пешгӯӣ мекунем, ки дар оянда рушди иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ назар ба низондоди глобалӣ болотар хоҳад рафт ва дар натиҷа робитаҳои тиҷоратии Олмон бо кишварҳои минтақа ҳам қавитар хоҳанд шуд".

Commerzbank чанд сол боз дар Осиёи Марказӣ ҳузур дорад ва намояндагиҳояш дар Остонаву Ашқобод ва Тошканд фаъоланд. Ин намояндагиҳо бо бонкҳо ва ниҳодҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Муғулистон низ ҳамкорӣ мекунанд. Commerzbank дар кишварҳои гуногуни олам 5 ҳазор банк дорад ва бо ниҳодҳои молиявие чун Бонки бозсохт ва рушди Аврупо (ERBD), Бонки ҷаҳонӣ, Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) ва Бонки рушди Осиё (ADB) робитаи зич дорад.

XS
SM
MD
LG