Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бунёди садди Роғун хабари хушу деринтизор буд" ВИДЕО


Даҳҳо нафар аз корбарони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз шурӯи сохтмони садди обанбори Роғун истиқбол карда, аз сокинон даъват намудаанд, ки новобаста аз мавқеъву дидгоҳ барои идомаи ин кор ба мақомот ёрӣ кунанд. Онҳо навиштанд, ин лаҳзаро солҳо боз мунтазир буданд ва қадами ахири ҳукумат дилашонро ба ояндаи онки Роғун, албатта, сохта хоҳад шуд, гарм кардааст.

Видео аз шурӯи сохтмони садди Роғун:

Завқибек Саидаминӣ, аз фаъолони Фейсбук, рӯзи 29 октябр дар саҳифаи худ навишт, баробари шунидану дидани лаҳзаҳои оғози сохтмони садди Роғун ашки шодӣ рехт ва бовар ҳосил кард, ки то ду соли дигар кишвар аз панҷаи бебарқӣ халос хоҳад шуд.

Ӯ навишт "мо, ки дар минтақаи ин нерӯгоҳ ба воя расидем ва зиндагӣ кардем, баъди он ҳама валангоршавиҳо боваре ба ин рӯз надоштем. Чун дар чанд соли пеш силоҳбадастон ҳар грамм оҳану метали ин нерӯгоҳро ба яғмо бурда буданд. Аз тамоми азизон мехоҳам, дуо кунанд ва хушбин бошанд, ки ин нерӯгоҳ хеле зуд ба кор шурӯъ мекунад."

Мухтор Боқизода, раиси Бунёди гиромидошт ва дифоъ аз журналистони Тоҷикистон, низ сохтмони садди обанбори нерӯгоҳи барқи обии Роғунро фоли нек барои кишвар донистааст. Ӯ гуфта, ки "зинҳор дар раванди ин амали хайр ба таблиғи аз ҳад зиёд ва суханони пуч напардозед. Мо чанде қабл дидем, ки сару садоҳои пурғулғулаи беасос бо чӣ анҷомид. Хуб мебуд бо нармгуфторӣ ва некназарӣ ба раванди бунёди чунин як иншооти арзишманд ибрози назар намоем. Бидуни ягон нуқсҷустанҳо."

Фатҳиддини Замон, яке дигар аз корбарон, сохтмони обанбори Роғунро "сароғози як таҳаввули бузург дар таърихи сиёсати энергетикии Тоҷикистони соҳибистиқлол" дониста, Хусрав Шоҳсаидов нигоштааст, ки "новобаста аз мавқеи сиёсиву шаҳрвандӣ ҳар фарди тоҷик бояд иқдоми имрӯзаи ҳукуматро, ки барои рӯшноии хонаву дари мост, истиқбол намояд."

Аммо Холиқназар Ҷумъаев аз мақомот хостааст, дар ин шабурӯз барқро дар ягон ҷой хомӯш накунанд, “то мардум дар тамоми минтақаҳо сюрпризи имрӯзаи ҳукуматро аз Роғун тамошо кунанд. Воқеан, оғози бунёди сарбанди Роғун барои ҳамаамон хабари хуш ва ногаҳонӣ буд.”

Сохтмони садди обанбори нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки ҳаёту мамоти кишвар дониста мешавад, субҳи 29 октябр дар 110-километрии шарқи Душанбе дар рӯди Вахш оғоз ёфт. Дар маросими сохтмони садд раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок карда, аввалин сангҳоро барои дигар кардани маҷрои Вахш ба ин дарё андохт.

Ӯ дар суханронияш гуфт, ба кор даромадани Роғун ба рушди иқтисоди кишвар сабаб шуда, дар пайи он даҳҳо корхонаи хурду бузург фаъол ва садҳо ҷойи корӣ таъсис мешавад. Оқои Раҳмон дар ин суханронияш ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ паём дод, ки сохтмони Роғун ба манфиати ҳамаи онҳост ва таъкид кард, ки Тоҷикистон ният надорад, ҳеч кадоми онҳоро ташналаб гузорад.

Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалли сохтмони садди обанбори Роғун
Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалли сохтмони садди обанбори Роғун

Нерӯгоҳи Роғун аз шаш агрегат иборат буда, дар сурати пурра ба кор даромадан то 17 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид хоҳад кард, ки ба қавли мақомот, натанҳо барои истифода дар дохили кишвар, балки барои интиқол ба минтақаҳое дар Афғонистону Покистон ҳам кофӣ хоҳад буд. Бар асоси нақша, чархаи аввал ва дувуми нерӯгоҳи Роғун дар солҳои 2018 ва 2019 фаъол шуда, чархаҳои дигар марҳила ба марҳила ба кор андохта мешаванд. Тоҷикистон имсол бо як ширкати итолиёвӣ дар бораи сохтмони Роғун қарордод имзо кард ва ҳамин ширкат бунёди садди обанбори нерӯгоҳро бар ӯҳда дорад.

XS
SM
MD
LG