Бозии даври дуюми интихобии Ҷоми КФО (Конфедератсиони футболи Осиё) – 2015 байни дастаҳои "Хайр"-и Ваҳдат ва "Sheikh Russel Krira Chakra"-и Бангладеш, ки 10-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1-0 хотима ёфт.
Ҳамлагар Ҳасан Рустамов дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 22-юм, тӯбро бо сар ба дарвозаи меҳмонон ворид кард.
“Хайр” муқобили «Sheikh Russel KC” бо чунин ҳайат бозӣ кард: Анатолий Старушенко, Сафаралӣ Каримов, Идибек Ҳабибуллоев, Субҳон Хоҷамов, Баҳодур Шарифов, Мирзобек Мирзоев (капитан, Парвиз Ҳамидов, 90+2), Алишер Ӯлмасов, Маҳмадалӣ Содиқов (Меҳроҷиддин Музаффаров, 47), Ҳасан Рустамов, Дмитрий Медетский, Шодибек Ғаффоров.
Доварони ин бозӣ бо раҳбарии довари ФИФА Абдулраҳмон Иброҳим Ал-Ҷассим аз Қатар буданд.
Дар нишасти хабарӣ Драган Дуканович, сармураббии «Sheikh Russel KC», гуфт, ки "голи ягонаи мизбонон аз беаҳамиятии бозигари мо зада шуд. Бачаҳои мо бори аввал дар майдони чаманаш сунъӣ бозӣ карданд. Бо вуҷуди ин ҳунари хуб нишон доданд ва ман аз бозии футболбозони худ қаноатмандам."
Тоҳир Муъминов, сармураббии «Хайр», иброз дошт, ки "дастаи мо барои аввалин бор дар чунин мусобиқот ширкат меварзад ва надоштани таҷрибаи байналмилалӣ ба бозии бачаҳои мо асар кард. Ва аммо мо пирӯз шудем ва ман аз натиҷаи бозӣ қаноатмандам. Вазифаи мо ба даври гурӯҳии Ҷоми Конфедератсиони футболи Осиё – 2015 баромадан аст. Бинобар ин, мо мекӯшем, ки дар бозии даври навбатӣ муваффақ шавем."
Ба ин тартиб, ”Хайр” дар даври севум ва ҳалкунандаи интихобӣ 17-уми феврал дар сафар бо барандаи Ҷоми Лубнон-2014 - бошгоҳи «Салом Ҷҳарта» - вориди рақобат мешавад.
Дар сурати пирӯзӣ «Хайр» дар Ҷоми АФК-2015 дар гурӯҳи «А» бо «Ал-Ваҳдат» ё «Зат Рас»-и Урдун, «Ал-Наҳда» ё «Сувайк»-Умон ва ё «Ал-Ваҳда»-и Сурия рақобат хоҳад кард.