Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии “Истиқлол” бар “Хайр” дар Ҷоми "Баҳористон"


​“Истиқол”-и Душанбе дар даври дувуми Ҷоми “Баҳористон" дар Қайроққум “Хайр”-и Ваҳдатро бо ҳисоби 3-0 шикаст дод.

Мусобиқаи футбол барои Ҷоми Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Осоишгоҳи Баҳористон" бо ширкати шаш даста - «Истиқлол» (Душанбе), «Хайр» (Ваҳдат), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Эсхата» (Хуҷанд), мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ва ҳайати ҷавонони «Жетису» (Талдиқӯрғон, Қазоқистон), ки ба мавсими нави футбол омодагӣ мебинанд, дар шаҳри Қайроққум ҷараён дорад.

Бозиҳои даври дувуми мусобиқа, ки рӯзи 16-уми январ баргузор шуданд, бо чунин натиҷаҳо хотима ёфтанд:

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) – «Хуҷанд» - 0-0

«Жетису» – «Эсхата» - 2-4

«Хайр» – «Истиқлол» - 0-3

Баъд аз натиҷагирии ду даври мусобиқа “Истиқлол” ва мунтахаби ҷавонон бо 4-имтиёзӣ пешсафанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо “Истиқлол” (5-2) дар ҷойи аввал ва мунтахаби ҷавонон (4-2) дар ҷойи дувум мебошанд. “Хайр” ва “Эсхата” сеимтиёзӣ гирифтаанд. Бо дарназардошти таносуби тӯбҳо “Хайр” (6-3) дар ҷойи севум ва “Эсхата” (6-6) дар ҷойи чорум қарор доранд. “Хуҷанд” (2-2) бо 2 имтиёз дар ҷойи панҷум аст. “Жетису” (2-10) бидуни имтиёз дар ҷойи охирин – шашум - мебошад.

Алишер Урунов, менеҷери Лигаи миллии футболи Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мусобиқаи имсола барои Ҷоми “Баҳористон” то рӯзи 23-юми январ идома хоҳад кард. Зеро ки бозиҳои даври охирин аз 25-уми январ ба 18-уми январ гузаронида шуданд. Мусобиқа аз як давра иборат буда, ҳар як даста панҷ бозӣ анҷом медиҳад. Дастаи ғолиб бо Ҷом ва ифтихорномаи ҶСП «Осоишгоҳи Баҳористон», инчунин бозигарони беҳтарин бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мешаванд.”

Ҷоми«Баҳористон»

Даври 1-ум

«Эсхата» – Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) – 2:4

Голҳо: Саидҷон Шарифов, 20 (0:1). Саидҷон Шарифов, 23 (0:2).Ҷӯрабой Исоев, 36 (1:2). Отабек Каримов, 40 (1:3). Кароматулло Саидов, 44 (1:4). Сӯҳроб Сабуров, 78 (2:4).

«Жетысу-2» – «Хайр» – 0:6

Голҳо: Баҳодур Шарифов, 54 (0:1). Шодибек Ғаффоров, 62 (0:2). Маҳмадалӣ Содиқов, 66 (0:3). Шарафҷони Раҷабзода, 72 (0:4).Ҷаҳонгир Хайров, 81 (0:5). Баҳодур Шарифов, 84 (0:6).

«Истиқлол» – «Хуҷанд» – 2:2

Голҳо: Эраҷ Раҷабов, 32 (1:0). Фирӯз Бобиев, 48 – аз пеналтӣ (1:1). Фарҳод Тоҳиров, 52 (1:2). Аҳтам Назаров, 56 (2:2).

Даври 2-юм

«Хуҷанд» – Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) – 0:0

«Жетису-2» – «Эсхата» – 2:4

Голҳо: АбдумаликШодиев, 14 (0:1). Еркебулон Мӯсобеков, 31 (1:1). Сӯҳроб Сабуров, 48 (1:2). Моден Саитопов, 49 (2:2).Ҷӯрабой Исоев, 53 (2:3). ШавкатНасруллоев, 90+3 (2:4).

«Хайр» – «Истиқлол» – 0:3

Голҳо: Дилшод Восиев, 22 (0:1). Мануэл Бледа Родригес, 24 (0:2). Нуриддин Давронов, 89 – аз пеналтӣ (0:3).

Бозиҳои боқимонда:

Даври 5-ум

18 январ (якшанбе)

10.00 – МунтахабиҷавонониТоҷикистон (U-19) – «Истиқлол»

12.00 – «Жетису» – «Хуҷанд»

15.00 – «Эсхата» – «Хайр»

Даври 3-юм

20 январ (сешанбе)

10.00 – «Жетису» – МунтахабиҷавонониТоҷикистон (U-19)

12.00 – «Хуҷанд» – «Хайр»

15.00 – «Эсхата» – «Истиқлол»

Даври 4-ум

23 январ (ҷумъа)

10.00 – «Хайр» – МунтахабиҷавонониТоҷикистон (U-19)

12.00 – «Истиқлол» – «Жетису»

15.00 – «Хуҷанд» – «Эсхата»

XS
SM
MD
LG