Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири "Толибон" се ҳамсояи Афғонистонро барои ДОИШ танқид кард


Соли 2019. Ҷангҷӯёни таслимшудаи ДОИШ ба ҳукумати Афғонистон
Соли 2019. Ҷангҷӯёни таслимшудаи ДОИШ ба ҳукумати Афғонистон

Яке аз раҳбарони "Толибон" иддао кардааст, ки ҳадди ақал се кишвари ҳамсояи Афғонистон заминаро барои фаъолияти ДОИШ дар минтақа фароҳам кардаанд. Ба қавли баъзе аз таҳлилгарон, манзури Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии “Толибон”, зоҳиран Покистон, Эрон ва Тоҷикистон аст.

Муттақӣ рӯзи 25-уми апрел дар намоишгоҳи муштараки Афғонистону Қазоқистон дар Кобул гуфтааст, “мутаассифона, се кишвари ҳамсояи мо ба навбат дар як кишвар барои ДОИШ қувваи башарӣ, яъне ҷангҷӯ, омода мекунанд.”

Вай дар идома афзудааст, як кишвар дар масир қарор дораду вайронгарони амният аз он мегузаранд ва кишвари дигаре дар хоки худ ба онҳо маркази тарҳрезӣ додааст. Ин намояндаи “Толибон” аз ҳеч кишвар ном набурд, аммо Ҳикматуллло Аъзамӣ, пажӯҳишгар дар Маркази мутолеоти сулҳу ҷанг, гуфт, ишораи Амирхон Муттақӣ ба Покистон, Эрон ва эҳтимолан Тоҷикистон аст.

Аъзамӣ ба ҳамкорони мо дар Радиои Афғонистони Озод гуфтааст, “чун аъзои бештари ДОИШ покистониҳо ҳастанд ва Эрон як роҳи транзитии ҷангҷӯёни ДОИШ ба кишварҳои Ховари Миёна мебошад, манзури Амирхон Муттақӣ ин ду кишвар аст”.

Саввум, ба қавли Ҳикматулло Аъзамӣ, метавонад Тоҷикистон, ҳамсояи дигари Афғонистон дар Осиёи Марказӣ, бошад, “чун солҳои охир теъдоди бештаре аз шаҳрвандони ин кишвар ба сафи ДОИШ пайвастаанд ва гузоришҳо дар бораи даст доштани онҳо дар ҳамлаҳои террористӣ дар инҷову онҷо зиёдтар ба гӯш мерасад”.

Дигар ин ки ҳалқаи “Хуросон”-и ДОИШ, ки ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон дар Афғонистон паноҳ бурдаанд, аксаран аз ҳисоби шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳастанд. Ин шохаи гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” дар се соли гузашта, ки “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расидаанд, масъулияти чанд ҳамлаи маргборро дар ин кишвар бар ӯҳда гирифт.

Масъулияти ҳамларо ба толори консертии “Крокус” дар канори Маскав низ шохаи “Хуросон”-и ДОИШ пазируфт. Феълан 12 шаҳрванди Тоҷикистон ва як қирғизистониро ба ин ҷинояти мудҳиш муттаҳам мекунанд.

Дар ҳоле ки Тоҷикистону кишварҳои дигар Афғонистон ва “Толибон”-ро ба паноҳ додан ба ҷангҷӯёни ДОИШ ва ё созмонҳои дигари ифротӣ ба мисли “Ансоруллоҳ” муттаҳам мекунанд, Амирхон Муттақӣ иддао кардааст, ки ДОИШ дар Афғонистон паноҳгоҳ надорад.

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, ки Тоҷикистон ҳам узви он аст, дар гузашта гуфтааст, то 4 ҳазор нафар аз ҷангҷӯён дар он тарафи марзи Тоҷикистон дар Афғонистон паноҳ бурдаанд ва барои амнияти кишварҳои минтақа хатар эҷод мекунанд. Худи “Толибон” чанде пеш видеоеро нашр карданд, ки дар он ду ҷавони тоҷик мегуфтанд, узви ДОИШ ҳастанд ва барои омӯзиш ва иҷрои дастури раҳбаронашон ба Покистон рафтанӣ буданд.

Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷии Эрон, ҳам соли гузашта гуфт, ки раҳбарон ва ҷангҷӯёни муҳими ДОИШ аз Ироқу Сурия ва Либия ба Афғонистон рафтаанд. Ӯ дар мусоҳибае бо хабаргузории ИСНА дар моҳи июли соли 2023 гуфт, вуруди сарон ва унсурҳои дигари ДОИШ ба Афғонистон як мушкили ҷиддие барои “Толибон”-и ҳоким дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон аст.

Ҳанӯз Тоҷикистон дар ин бора назари худро баён накардааст.

Вазири Толибон мегӯяд, Тоҷикистон «ДОИШ»-ӣ мепарварад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:44 0:00
XS
SM
MD
LG