Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаршибоев: Вазъ барои онҳое, ки рисолати худро содиқона иҷро мекунанд, хатарнок аст


Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев

Дар поёни солҳои 90-ум, баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, расонаҳои мустақил дигарбора ба майдон омаданд. Дар баробари ин, созмонҳои рӯзноманигорӣ фаъол шуданд. Ҳадафи расонаҳо ва созмонҳо саҳм гузоштан дар бозсозии Тоҷикистони баъдиҷангӣ буд.

Яке аз ин созмонҳо Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) аст, ки дар соли 1999 таъсис шуд. Дар ин 25 сол чӣ роҳеро тай кард ва оё ин роҳе, ки омад ҳамеша ҳамвору бемушкил буд? Ба ин ва суолҳои дигар Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷуман, посух дод.

Радиои Озодӣ: 25 сол пеш вақте Анҷуманро таъсис додед, вазъи расонаҳо ва озодии сухан дар Тоҷикистон назар ба имрӯз чӣ гуна буд, хубтар ё бадтар?

Солҳои охир сарфи назар аз он ки иқдом кардем ба рӯзноманигорони мустақил, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ кумак расонем, вале меҳнати мо барабас рафт.

Нуриддин Қаршибоев: “Ростӣ, вазъи баъди низоъ буд. Ягон-ягон расонаҳо ба майдон меомаданд ва барои бозсозии Тоҷикистон мехостанд саҳми худро бигиранд. Ҳамзамон ҷанги шаҳрвандӣ асари худро ба ҳаёти рӯзноманигорон низ гузошта буд. Ҷуръати сиёсӣ, ҳирфаият ва амсоли ин омилҳо ба таври назаррас, бараъло мушоҳида намешуданд. Инро гуфтан, ки вазъ хуб буд ё бад як суоли баҳсбарангез аст. Дар ҳамон вазъият иқдом пеш гирифтем, ки бояд созмоне дошта бошем, ки дар рушди ниҳодҳои демократӣ аз тариқи рушди расонаҳои мустақил саҳми худро дошта бошад. Як рукни демократия ин ҳузури расонаҳои мустақил дар ҷомеа аст. Тавре медонед, ин ҷанги шаҳрвандӣ рӯзноманигорони Тоҷикистонро ба ду гурӯҳ тақсим кард. Гурӯҳе аз Тоҷикистон фирор кард, гурӯҳе дар ватан монд ва як қисми онҳо тарки касб карданд. Дар охири солҳои 2000-ум пайдо шуданд ҳамкасбони мо, ки мехостанд расонаҳои мустақилро ҳамчун рукни демократия дар Тоҷикистон ривоҷ бахшанд.”

Радиои Озодӣ: Яке аз ҳадафҳои созмони шумо ва созмонҳои дигари рӯзноманигорӣ мусоидат кардан ба рушди худи расонаҳо ва озодии баён буд. Вазъеро, ки имрӯз дорем оё мешавад гуфт, ки ба ҳадаф расидед ё натиҷа баръакс шуд?

Нуриддин Қаршибоев: “Ман фикр мекунам, як замоне буд, ки расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар ҳақиқат дар рушди озодии баён, дар таъмини гуногунфикрӣ дар кишвар саҳми худро доштанд. Солҳои охир вазъ муташанниҷ шуд ва бинобар ин, ҳатто дар сатҳи байнулмилалӣ ҳангоми муҳокимаи гузориши ҳукумати Тоҷикистон ва гузориши алтернативӣ аз ҷомеаи шаҳрвандӣ барои таъмини озодии баён дар Тоҷикистон дар се даври Шӯрои ҳуқуқи башар тавсияҳо ироа шуданд. Як қисми ин тавсияҳо дар Стратегияи миллии ҳимояи ҳуқуқи башар, ки то соли 2038 бояд дар Тоҷикистон татбиқ шавад, ҷой гирифтанд. Аз ин рӯ, фикр мекунам, ки таъмин кардани озодии баён ҳамчун як омили ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон кори як рӯзу ду рӯз нест. Дар ин самт, ҳамеша омилҳое таъсиргузор мешавад, ки вобаста ба вазъи умумии иҷтимоиву сиёсии кишвар ба миён меояд. Гуфтани ин ки мо ба ҳадафҳоямон расидем, нодуруст мебуд, вале мо мутмаинем, ки дар роҳи дуруст пеш меравем ва Худо хоҳад ба ин ҳадаф мерасем.”

Лаҳзае аз суҳбат
Лаҳзае аз суҳбат

Радиои Озодӣ: Албатта, 25 сол ҳузур доштан дар саҳна, дар ҷомеаҳое мисли Тоҷикистон, ки як кишвари беруншуда аз режими тотолитарии Шӯравӣ буд, ҷанги шаҳрвандиро пушти сар кард ва навъи нигоҳ ба расонаҳо, рӯзноманигорон ва касоне, ки кори расонаӣ мекунанд, осон нест. Аммо дар ин ҷараён созмони шумо дар баҳсҳо ва масъалаҳои ҳассос ҳамроҳи ҷомеаи рӯзноманигорӣ аст ё бештар миёнарав байни ин ҷомеа ва давлат?

Нуриддин Қаршибоев: “Мо бештар барои рушди устувори расонаҳои мустақил ва нерӯмандсозии рӯзноманигорон машғул ҳастем. Албатта, бахше аз кори мо ба миёнравӣ ҳам монанд аст. То диалогу гуфтушунид миёни расонаҳои мустақил ва ҳокимияти иҷроия набошад, мо пеш рафта наметавонем. Вазифаи аслии мо, ҳам ба ҷомеаи рӯзноманигорӣ ва ҳам ба мақомоти давлатӣ муҳиммияти ҳузури расонаҳои мустақил, ҳуқуқ ба озодии баён доштани мардуми ин кишварро расондан аст, то ноогоҳона ба нақзи ҳуқуқи мову шумо даст назананд. Дар сурате ки онҳо дидаву дониста ин корро анҷом медиҳанд, мавқеи мо ин аст, ки бояд дар Тоҷикистон волоияти қонун таъмин бошад. Яъне, чизе ки қонун муайян кардааст, ҳам аз ҷониби рӯзноманигорон ва ҳам аз ҷониби мансабдорони давлатӣ бояд риоя шавад.”

Радиои Озодӣ: Роҳе, ки барои ин ҳадафҳо тай кардеду омадеду меравед ҳамвор буд ё пуршебу фароз?

Нуриддин Қаршибоев: “Ҳамвор набуд, шебу фарозҳои зиёд дошт. Дар баробари муваффақият мо маҳрумиятҳои зиёд ҳам дидем. Дар баробари он ки дастамон ба кумаки ҳамкасбонамон расид, дар баъзе ҳолатҳо натавонистем, ба онҳо воқеан ёрӣ расонем. Албатта, ин сабабҳои объективию субъективӣ дошт ва бинобар ин, мо тасмим гирифтем, ки баъди 25 сол низ ин корро аз афзлиятиҳои кори анҷумани худ донем ва талош кунем, ки рӯзноманигорон бе тарсу ҳарос, бо як умеде ба оянда тавонанд кори касбии худашонро анҷом диҳанд.”

Радиои Озодӣ: Дуруст, аммо гуфтед роҳ ҳамвор набуд. Мешавад дар ин ҷо аз қазияҳои пурсарусадои расонаҳо, ки фикр мекунед ба рушди соҳа халал расонданд, суҳбат кунед?

Нуриддин Қаршибоев: “Албатта, он қазияҳое, ки солҳои пешин анҷом ёфтаанд ва дар баъзеи онҳо мо муваффақ ҳам шудем, ки рӯзноманигоронро аз он масъулияти сангин озод кунем ва мусоидат кунем, ки ҷазо сабуктар бошаду тарки касб накунанд, он замони дигар буд. Вале солҳои охир сарфи назар аз он ки иқдом кардем ба рӯзноманигорони мустақил, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ кумак расонем, вале меҳнати мо барабас рафт. Яъне, хоҳ нохоҳ онҳо ба муҷозот кашида шуданд, вале суолҳои зиёде ҳастанд, ки ин қазияҳо то куҷо шаффоф баргузор шуданду дар доираи қонун баррасӣ шуданд.”

Радиои Озодӣ: Пештар, чандин намунаҳо ҳаст, ки созмонҳои рӯзноманигорӣ талош карданд, ки ҳатто рӯзноманигоронро аз рафтан ба зиндон, аз муҷозот шудан бо ҷаримаҳои ҳангуфт ва аз бисёр бадбахтиҳое, ки метавонист ба сари онҳо биояд, наҷот доданд. Вале дар ин авохир, ин талошҳо чандон муассир нестанд. Барои чӣ он замон мешуд ва ин замон намешавад?

Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев

Нуриддин Қаршибоев: “Мутаассифона, бо сабаб ё бо баҳонаи мубориза алайҳи экстремизм ва терроризм қонунгузории Тоҷикистон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иҷозат медиҳад, ки баъзе аз қазияҳоро пушти дарҳои баста баррасӣ кунад. Қонун иҷоза медиҳад, ки қисмати ниҳоӣ, яъне эълон кардани ҳукм ё ҳалномаи Додгоҳ бояд ошкоро сурат гирад. Мутаассифона, воқеияти Тоҷикистон ин аст, ки қариб ҳамаи қазияҳое, ки мову шумо дар назар дорем, нисбат ба рӯзноманигорони мустақил ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ паси дарҳои баста сурат гирифтанд. Аз тафтишот то мурофиаи суд касе ба ин ҷаласаҳо роҳ дод нашуданд. Ҳатто забони вакилони мудофеъро бастанд, ки онҳо чизе нагӯянд. Ин чиз боиси пайдо шудани шубҳаҳо мешавад, ки оё ин ҳамкасби мо дар ҳақиқат гунаҳкор буд ё ғарази сиёсиву ғарази ҳизбӣ ба ин чиз оварда расонд.”

Радиои Озодӣ: Дар ҳамин ҷо, шумо дар ин ҳама сол, табиати муносибатҳои давлат ва матбуотро хуб омӯхтаед. Ба фикри шумо, чӣ сабаб шуд, ки давлат ба ҳабсу зиндонӣ кардани рӯзноманигорону блогерҳо даст зад?

Нуриддин Қаршибоев: “Ман мушаххас гуфта наметавонам, лекин фарзияи ман ин аст, ки дар ин давраи ҳассос муборизаҳо миёни гурӯҳҳои тасмимгиранда дар доираҳои ҳукуматӣ муташанниҷ шуданд ва ҳар кас кӯшиш мекунад, хидмате дар назди роҳбарияти волои кишвар кунад.”

Радиои Озодӣ: Ин хидмат дар нохунак аст?

Нуриддин Қаршибоев: “Хидмат дар нохунак. Яъне ин хидмат, ба андешаи ман оқибаташ ҳамон хидмати хирсона мешавад. Имрӯз, ман дар назар дорам соли 2024-ро, сару садоҳо атрофи қазияҳои охир, нисбат ба Аҳмадшоҳ Комилзода, нисбат ба Саидҷаъфар Усмонзода, нисбат ба боздошт шудани Шокирҷон Ҳакимов хеле зиёданд, суолҳо бисёранд. Вале, мутаассифона, мақомоти Прокуратура, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба ин суолҳо ба баҳонаи он ки ин қазияҳо муҳри махфӣ доранд, посухе, шарҳе пешниҳод намекунанд. Оқибат, мо Худо накунад, боз ҳам шоҳиди мурофиаҳои судие мешавем, ки хоҳ нохоҳ сару садоҳо дар ҷомеаи байнулмилалӣ баланд мешавад, ки ин ашхос бегуноҳ ба муҷозот кашида шуданд."

Радиои Озодӣ: Ва ин метавонад ба обрӯйи байнулмилалии Тоҷикистон ҳам асаргузор бошад?

Нуриддин Қаршибоев: "Албатта, ҳар иқдоме, ки ҷавобгӯ ба меъёрҳои байнулмилалӣ нест сабаби латма ворид кардан ба имиҷи Тоҷикистон мегардад."

"ЗАҲМАТИ ҲАМКАСБИ ХУДАШОНРО ҚАДР КАРДА НАМЕТАВОНАНД"

Радиои Озодӣ: Дар ҳар сурат бо ин ҳама шебу фароз, созмони шумо 25 сол аст дар саҳна ҳузур дорад. Аммо як падида аст, фикр мекунам, то имрӯз Тоҷикистон расонаи мустақиле надорад, ки аз 20 сол зиёд умр дида бошад. Дар поёни бозсозӣ ва оғози истиқлоли расонаҳои зиёде таъсис ёфт, аммо дар замони ҷанг бо ҳар баҳонае саркӯб шуданду аз майдон рафтанд. Баъдан расонаҳои зиёде пайдо шуд, аммо то 20-25 сол умр намебинанд. Фикр мекунед, чаро?

Нуриддин Қаршибоев: "Мо "Азия-Плюс" дорем, ки беш аз 20 сол кор мекунад."

Радиои Озодӣ: Ба истиснои як-ду расона.

Нуриддин Қаршибоев: "Албатта, омилҳои гуногуне аст, ки ба рушди расонаҳои мустақил таъсир мекунад. Агар як омил вазъи иҷтимоиву сиёсӣ бошад, омили дигар омили молӣ аст. Мутаассифона, бозор дар Тоҷикистон он қадар ҳам рушд наёфтааст, ки расонаҳои мустақил аз ҳисоби эълону реклом пул ёбанд. Дар Тоҷикистон, мутаассифона, фарҳанги сарпарастӣ, аслан вуҷуд надорад. Ҳар касе, ки як сармояе дорад, ҳеч гоҳ, ҳамчун метсенат як сомонӣ сарф карданӣ нест. Вай мехоҳад ҳар хароҷоташ боздеҳ дошта бошад. Омили дигар, менеҷмент ё малакаи идора кардани расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон он қадар рушд наёфтааст. Ва он расонаҳое, ки фаъол ҳастанд на ҳамаашон як сохторе доранд, ки рушди устувори расонаи худро таъмин карда тавонад. Мутаассифона, соҳибрасонаҳои мо, ҳарчанд аксари онҳо аз ҷомеаи рӯзноманигорӣ бархостаанд, заҳмати ҳамкасби худашонро қадр карда наметавонанд. Яъне, подоши меҳнати вайро сазовор пардохт карда наметавонанд. Ҳар кас мехоҳад, ки ҳамин рӯзу ҳамин замон як фоидае гирад. Яъне барои дурнамо кор кардан, мутаассифона, маъмул нест."

Радиои Озодӣ: Дар ҳар сурат, омили асосие, ки рушди озодии баён дида нашуд, чӣ ҳаст аз назари шумо? Ҳукумат, вазъи иқтисодӣ, нарасидани кадрҳо, фарҳанги муносибат?

Нуриддин Қаршибоев: "Ҳамаи ин чизҳое, ки номбар кардед ба ду омил робита дорад: иродаи сиёсии мансабдорони давлатӣ ва вазъи молии расонаҳо. Ҳарчанд дар қонунгузорӣ омадааст, ки давлат барои расонаҳо, сарфи назар аз моликияташон метавонад кумак расонад, мутаассифона, чунин барномае дар ҳукумати Тоҷикистон матраҳ нест."

Радиои Озодӣ: Яъне, пойбандӣ ба он чизе, ки дар қонун замонат дода шудааст, дида намешавад?

Нуриддин Қаршибоев: "Шояд имконоти молӣ иҷозат надиҳад, ки чунин барнома сохта шавад, вале мо шоҳиди он мешавем, ки барои дигар чорабиниҳои таблиғотӣ маблағ пайдо мекунанд. Пас, чаро барои дастгирӣ кардани расонаҳо, аз ҷумла расонаҳои мустақил иқдоме пеш гирифта намешавад."

Радиои Озодӣ: Шояд мавзуъ ба бахши молӣ ё имконоти иқтисодӣ зиёд робита надошта бошад. Масалан, дар солҳои 2000-ум то соли 2010, ки як давраи рушди озодии баён дар Тоҷикистон гуфта мешавад, вазъи иқтисодии Тоҷикистон ба андозаи имрӯз хуб набуд. Яъне бадтар буд, вале мо, ба истилоҳ як давраи шукуфтану рушд кардани расонаҳо, аз ҷумла матбуотро доштем. Имрӯз дар ҳоле ки гуфта мешавад вазъи иқтисодӣ хубтар асту ҳамасола 7-8 дар сад рушди иқтисодӣ дорему робитаҳо ҳам хубтар аст, баръакс, мо ба рукуд расидем, расонаҳои зиёди мустақил аз саҳна рафтанд.

Нуриддин Қаршибоев: "Он рушде, ки шумо дар назар доред ба манфиати як гурӯҳи расонаҳо ҳаст, расонаҳои давлатӣ. Шумо шоҳиди он ҳастед, ки мо чанд шабакаи телевизионӣ дорем, чанд расонаи давлатӣ дорем, ки аз ҳисоби буҷа маблағгузорӣ карда мешаванд ва ҳамзамон боз ба ҷалб кардани маблағҳои ғайрибуҷавӣ низ талош мекунанд. Реклама, обуна, ҳатто замоне буд, ки додани эълону рекломро ба расонаҳои мустақил, пинҳонӣ иҷозат намедоданд. Имрӯз ҳам ҳамин чиз ба назар мерасад, ки расонаҳои мустақил аз бисёр имтиёзҳо маҳрум ҳастанд. Чизи дигар ҳам ҳаст. Дар воқеъ, дар ҷомеа, марҳала ба марҳала аз нав тақсим кардани фазои таъсиргузорӣ ба назар мерасад. Ва онҳое, ки ба ин чиз муваффақ мешаванд, ба ибораи халқӣ, чашми сер надоранд. Яъне, мехоҳанд худи ҳамин рӯз агар бой бошанд бойтар шаванд, миллион дошта бошанд 10 миллион ёбанд, вале дар мавриди манфиати мардуми заҳматкаш парвое надоранд. Вақте мо дар ҷомеа фаъолият мекунему дарди ҷомеаро инъикос кардан рисолати мо бошад, мо ин корро пурра анҷом дода наметавонем."

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Қаршибоев: "Табиати рӯзноманигорӣ озодипарастӣ аст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:46:22 0:00

"КАСЕРО ГУНАҲКОР КАРДАН НАМЕХОҲАМ"

Радиои Озодӣ: Ба масъалаи рушди расонаҳову озодии баён боз бармегардем, вале агар баргардем ба кори созмонҳои рӯзноманигорӣ. Мо мешунавем, ки созмонҳои рӯзноманигориро ба дарёфти грнатҳои зиёд ва кам кор кардан муттаҳам мекунанд. Оё созмони шуморо ҳам муттаҳам кардаанд, посухи шумо чист ва чӣ будааст?

Нуриддин Қаршибоев: “Аслан, ман касеро надидам, ки рӯйирост нисбат ба мо ин иттиҳомро гуфта бошад. Гапу калочаҳое дар маҳфилҳои хос мегӯянд. Ҷавоби ман ба онҳо ин аст, ки худашон як созмоне, ки се нафарро муттаҳид мекунад, ташкил диҳанд ва аққалан 5 сол фаъолият кунанд, баъд метавонанд даъво кунанд, ки ин ё он созмон маблағе пайдо карду онро муфт истифода кард. Як сол аст, ки созмони мо лоиҳае надорад, маблағгузорӣ нест. Аммо созмон фаъол аст, тамоми хароҷотро аз ҳисоби ҳақулузвият ва маблағе, ки аз корҳои дигар ба даст меорем, пардохт мекунем ва ҳамкорони ман ба таври довталабона кори худашонро анҷом дода истодаанд. Идора кардани созмони иҷтимоӣ, махсусан рӯзноманигорӣ ин кори саҳл нест. Аз баҳри бисёр чизҳо мегузаред, ки муваффақ шавед то созмони шумо фаъол бошад."

Радиои Озодӣ: Ин иттиҳом ва ё шояд ҳақиқат, дар баробари дигар созмонҳо метавонад рост бошад?

Нуриддин Қаршибоев: "Мегӯянд, ки гумон имонро бурдааст. То он замоне ки ман ба чашми худ намебинам ва шоҳид нестам, касеро гунаҳкор кардан намехоҳам. Вале медонам, як-ду нафареро, ки бо баҳонаи кумак расонидан ба расонаҳои мустақил ба журналистон грантҳо мегиранд ва ин айби онҳо нест. Айби ташкилотест, ки донор ҳастанд. Дар панҷ соли охир мо шоҳиди он шудем, ки созмонҳое барои омӯзиш додани журналистон грант гирифтанд ва гуё, ки омӯзониданд, аммо аслан аз журналистика бӯ набурдаанд."

Радиои Озодӣ: Як коршинос гуфта буд, ки созмонҳои рӯзноманигорӣ ва онҳое, ки рӯзноманигоронро омӯзиш медиҳанд, аз худи рӯзноманигорон зиёдтар шудаанд. Яъне ҳамин созмонҳои занбурӯғӣ, ки пайдо мешаванду гум мешаванд...

Нуриддин Қаршибоев: "Бале, онҳо маслиҳат мекунанд, ки биёед як лоиҳаро мегирем. Ман медонам як созмоне дар шимоли кишвар, ки аслан барои омӯзонидани забони англисӣ машғул мешуд, аммо 3-4 лоиҳаи калонро дар самти омӯзонидани журналистон иҷро кард. Мо бо онҳо ҳеч даъво надорем, лекин ҳар сомоние, ки дар Тоҷикистон сарф мешавад, бояд ба манфиати кор бошад. Дар куҷоянд он 100-200 касе, ки онҳо омӯзонидаанд? Хушбахтона, ҳастанд ҷавононе дар минтақаҳо, ки ҳамчун гулҳои худрӯй пайдо мешаванд. Аммо ба гурӯҳҳои туфайлихӯре, ки худро рӯзноманигор муаррифӣ мекунанд, ҳамин ҷавонҳо ҳам зери таъсири онҳо вайрон мешаванд. Мақсади асосии мо берун кашидани чунин ҷавонони боистеъдод аз дасти онҳоест, ки метавонанд онҳоро ба роҳи каҷ баранд."

Радиои Озодӣ: Агар бигӯйем, ки шумо ба унвони раиси НАНСМИТ дар ин 25 сол аз чӣ корҳоятон метавонед ифтихор кунед, чиро ном мебаред?

Нуриддин Қаршибоев: "Ростӣ, ман сари ин чиз андеша накардаам. Вале мо, беш аз як моҳ аст, ки як челленҷе дар шабакаҳои иҷтимоӣ оғоз кардем бо номи "Ман ва НАНСМИТ". Вақте вокуниши журналистони ҳамсоли худам, журналистони калонсол, миёнсол ва ҷавонро нисбат ба он фаъолияте, ки мо дорем, мебинам, ростӣ гап бароям аз як ҷиҳат хуб бошад, аз сӯйи дигар чизҳои зиёдеро менависаму мегирам, то дар оянда ба ин чизҳо диққат диҳам. Аммо як чизро мегӯям, ки шояд шумо ҳам бовар накунед. Ман дар давоми 25 соли корам ҳамчун раиси Анҷуман маош нагирифтаам. Барои коре, ки ҳамчун коршинос, ҳамчун роҳбари лоиҳа, барномарез кор мекунам, аз ҳамин ҳисоб маош мегирам."

Радиои Озодӣ: Шумо 25 ё 30 сол пеш як рӯзноманигори комёб будед, метавонистед, соҳибимтиёзи расонаҳо шавед ва сарвати зиёд ба даст оред, аммо роҳи тамоман дигарро дар пеш гирфтед, чаро?

Нуриддин Қаршибоев: "Пеш аз ҳама, аслан, ман аз пайи пулу молу сарват ҳеч гоҳ надавидаам. Ман бо нони меҳнатӣ тарбият ёфтаам. Падарам, ҳарчанд маълумоташон олӣ буд, вале оҳангар буданд. Бо нони ҳалоли оҳангарӣ бузург шудаам. Пеш аз интихоб шудан ба ҳайси раиси ин созмон, як хабаргузорӣ ҳам доштам, бо номи "Интер-пресс-сервис", ки бештар ба корҳои таҳлилӣ машғул буд. Аз пушти он ҳам, мо ду-се нафар нони худро пайдо карда метавонистем ва агар ин корро идома медодем, муваффақ ҳам мешудем. Аммо, вақте анҷуманро таъсис додем, як қавли ман ба ҳамкасбонам ин буд, ки ман расонаи худро таъсис намедиҳам. Зеро мавқеъҳои мо гуногун буданд, агар ман расонаи худро медоштаму ба кори он диққат медодам, он имкониятҳои ёрӣ додан ба рӯзноманигорони мустақил маҳдудтар мешуд. Ин аз рӯйи инсоф намебуд. Аз ин рӯ, аз баҳри хабаргузорӣ ҳам баромадам ва барои доштани расонаи мустқаил талош ҳам накардам."

"ТАБИАТИ РӮЗНОМАНИГОРӢ ОЗОДИПАРАСТӢ АСТ"

Радиои Озодӣ: Бо вуҷуди ин ҳама, ба вазъе расидем, ки аз наздик мушоҳида мекунем. Расонаҳо субъекти муборизаи сиёсӣ нестанд, барои ба даст овардани қудрат мубориза намекунанд, ки барои ҳукумат ва ё гурӯҳҳое, ки мехоҳанд қудратро ба даст бигиранд, хатар эҷод кунанд. Аммо чаро ин гуна муносибат вуҷуд дорад?

Нуриддин Қаршибоев: "Фикр мекунам, ки он гурӯҳҳое, ки дар ин самт тасмим мегиранд аз расонаҳо ва рӯзноманигорон ҳарос доранд. Зеро табиати рӯзноманигорӣ ин худ як озодипарастӣ аст. Яъне озод будан имконият медиҳад, ки фикри худро озод баён кунӣ, танқид ё таъриф кунӣ. Яъне агар шумо воқеиятнигориро пеш гирифта бошад, дар дили онҳо ҳарос пайдо мекунонад. Мардум агар огоҳ бошанд, онҳо тасмим худро мустақилона мегиранд. Маҳз аз ҳамин омил, омили огоҳ будани мардум ин ашхос ҳарос доранд. Вақте мардум огоҳ мешавад, ҳаққи худашро талаб мекунад."

Радиои Озодӣ: Дар ҳар сурат, барои вазъи имрӯзи расонаҳо ҳам созмонҳои дохилӣ нигаронӣ доранд ва ҳам Тоҷикистон ҳамасола аз сӯйи созмонҳои ҷаҳонӣ барои вазъи начандон хуби расонаҳо ва озодии баён танқид мешавад. Шумо чӣ баҳо медиҳед ба вазъ?

Нуриддин Қаршибоев: “Вазъи имрӯзӣ вазъест мутташанниҷ, пешгӯинашаванда ва хатарнок барои ашхосе, ки рисолати касбии худро содиқона иҷро мекунанд. Бо ин гуфта намехоҳам худсонсурӣ миёни журналистон боз ҳам боло равад. Ба ҳамин ният тасмим гирифтем як лоиҳаеро роҳандозӣ кунем, ки пеш аз ҳама эътимоди журналистонро ба худашон, ба касбашон бедор кунем, таҳким бахшем ва онҳо бехавфу хатар фаъолияти худро давом диҳанд. Журналистика ин кори ашхосест, ки ҷуръат доранд. Ҳам ҷуръати шахсӣ ва ҳам ҷуръати касбӣ."

Радиои Озодӣ: Бо вазъе, ки ҳаст, оё ин лоиҳаҳо комёб мешаванд?

Нуриддин Қаршибоев: "Ман табиатан оптимист ҳастам, хушбин. Шиори созмони мо ҳамин аст, ки агар дар Тоҷикистон як журналисти содиқ ба журналистикаи босифат ва арзишҳои демократӣ аст, мо дар паҳлӯи он қарор дорем. Ба ҳамин хотир, мо бештар талош мекунем дар миёни ҷавонони аз 25 то 35-сола ашхосеро пайдо кунем, ки дар ҳақиқат ҷавбгӯ ба ҳамин меъёр бошад. Сарфи назар кардан аз рисолати расонаҳои мустақил дар ҷомеа имконнопазир аст. Тоҷикистон, ки худро ҳамчун давлати демократӣ эълон доштааст, бояд дар ин кишвар расонаҳо ва рӯзноманигорони мустақил фаъол бошанд."

Радиои Озодӣ: Ин фазое, ки пайдо шудааст, рӯзноманигоронро ба гуноҳҳои зиёд муттаҳам мекунанд, хоин мегӯянд, ҷангандоз, фурӯхташуда. Дар ин ҳама соле, ки кори расонаҳо ва рӯзноманигоронро аз наздик баррасӣ мекунед, ин хиёнатҳоро дидаед?

Нуриддин Қаршибоев: "Мутмаинам, ки ягон журналисти боақл ба ин кор даст намезанад ва нияте ҳам надорад, ки хилофи манфиатҳои миллату давлат кор кунад. Он иттиҳоме, ки насбат ба баъзе ҳамкасбони мо доштанду доранд, ин ҳама бештар ғаразҳои сиёсӣ дорад. Дар таҷрибаи мо ин ҳам буд, ки вақте як вазири собиқ журналистонро ба хиёнат муттаҳам кард, ба суд муроҷиат кардем. Суд як сол зиёд тӯл кашид. Ниҳоят худи вазир пешниҳод кард, ки ман саҳван, сари эҳсосот ҳамин гапро гуфтаму биёед ба як мусолиҳа биойем. Вақте журналистро ба гуноҳҳое чун хиёнат муттаҳам мекунанд, бояд худаш ҳам иқдоме пеш гирад, даъво кунад. Шумо огаҳ ҳастед аз филми «Хиёнат». Ягон нафар аз онҳое, ки онҳоро ҳамчун хоин дар ин филм номбар карданд, ба ягон мақомоти давлатӣ муроҷиат накарданд. Чаро?"

Радиои Озодӣ: Намедонам.

Нуриддин Қаршибоев: "Агар онҳо муроҷиат мекарданду мегуфтанд, агар мо хоин бошем, исбот кунед, ки дар куҷо хиёнат кардем ва агар исбот кунед, омода ҳастем, ки равем маҳбас. Бовар дорам, ҳеч кадоме аз онҳоро дар доираи қонунҳои Тоҷикистон исбот карда наметавонистанд, ки гуё хиёнат карда бошанд. Танҳо як бонуеро медонам, ки гуфт агар коре ман анҷом додам ҷиноят бошад, парванда боз кунед, тафтишот баред, омодаам ҷавоб гӯям. Саранҷом ин шуд, ки дигар ба ҳамун хонум кордор нашуданд."

Радиои Озодӣ: Бонуи рӯзноманигор?

Нуриддин Қаршибоев: "Бале, ҳоло вай баргашт ба рӯзноманигорӣ."

Радиои Озодӣ: Шумо нақши рӯзноманигоронро дар давлатсозӣ ва миллатсозии Тоҷикистон мусбат медонед ё манфӣ?

Нуриддин Қаршибоев: "Сарфи назар аз камбудҳое, ки доранд, расонаҳо дар миллатсозиву давлатсозӣ саҳми мусбат доранд. Ҳатто таҳлил, танқидҳое, ки ба табъи мансабдорон намефорад, ин ҳам ба манфиати ҷоммеа аст. Тафаккури интиқодиро дар ҷомеа паҳн кардан яке аз рисолатҳои рӯзноманигор аст, ки одам пеш аз эътиқод пайдо кардан ба ин ё он чизе бояд онро таҳлил кунад."

Радиои Озодӣ: Агар пурсам, ки чанд дастоварди Тоҷикистонро дар бахши озодии баён ном бигиред, ба чӣ чизҳо ишора мекунед?

Нуриддин Қаршибоев: "Пеш аз ҳама таҳкими қонунгузорӣ. Қонунгузории Тоҷикистон бад нест, агар он чи дар қонун аст, татбиқ шавад. Дуюм, имконият барои таъсиси расона аз нигоҳи назарӣ ҳаст, вале то имрӯз касеро надидаам, ки барои номнавис накардани расонаи вай ба Суд муроҷиат карда бошад. Худи ҳузур доштани чанд расонаи мустақил дар Тоҷикистон, дар ҳамин шароит дастовард аст. Ҳарчанд дар пайдо шудан ва рушди онҳо давлат саҳме нагирифтааст. Давлат шароит фароҳам карда ва ин саҳми соҳибрасонаҳо ҳаст."

"МАН РАФТАНӢ ҲАСТАМ…"

Радиои Озодӣ: Вобаста ба вазъе, ки мо дорем як расонаи мустақил бояд чӣ гуна бошад?

Нуриддин Қаршибоев: "Ин расона набояд ба ин ё он гурӯҳи сиёсӣ робита дошта бошад. Ин расона бояд маъруфият дошта бошад ва теъдоди нашри он на кам аз 10 ҳазор нусха бошад."

Радиои Озодӣ: Чанд сол пеш, фикр кунам, як сол пеш гуфта будед, ки соли оянда созмони мо 25-сола мешавад ва ман аз раҳбарӣ меравам. Меравед ё мемонед?

Нуриддин Қаршибоев: "Ман рафтанӣ ҳастам, ҷойгузини сазовор меҷӯям."

Радиои Озодӣ: Ин ҷойгузин чӣ гуна буда метавонад? Лоиҳаи Путиниву Медведовӣ ё ҳар касе, ки омаду раҳбарии созмонро гирифт, шумо меравед?

Нуриддин Қаршибоев: “Ҳар касе, ки барномаи рушди созмонро метавонад пешниҳод кунад, рушди устувори ин анҷуманро."

XS
SM
MD
LG