Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушарраф Содиқова: Хабари Сашаро аз матбуот мегирам, то аз мақомот


Александр Содиқов бо ҳамсару духтараш.
Александр Содиқов бо ҳамсару духтараш.

Ҳамсари Александр Содиқов дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи шавҳараш бештар аз матбуот маълумот пайдо мекунад, то аз мақомоти амниятии Тоҷикистон, ки ӯро боздошт кардаанд.

Бо гузашти беш аз 2 ҳафта аз боздошти Александр Содиқов, ҳамсари ӯ Мушарраф Содиқова мегӯяд, дар бораи шавҳараш бештар аз матбуот маълумот пайдо мекунад, то аз мақомоти амниятии Тоҷикистон, ки Содиқовро бо гумони ҷосусӣ дастгир кардаанд.

Унвонҷӯи Донишгоҳи Торонтои Канада Александр Содиқови 31-сола зодаи ноҳияи Панҷакент буда, дар Душанбе дар Донишгоҳи славянӣ таҳсил кардааст ва аз соли 2011 дар Канада ба сар мебурд. Ӯ дар аввалҳои моҳи июн ба Тоҷикистон омад ва рӯзи 16 июн дар Хоруғ, ҳангоми мусоҳиба бо раиси созмони вилоятиии ҳизби сотсиал-демократ Алим Шерзамонов боздошт шуд. Мақомоти амниятии Тоҷикистон Содиқовро ба ҷосусӣ айбдор мекунанд, вале нагуфтаанд, ки ба нафъи кадом кишвар. Ӯ феълан дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ дар Душанбе қарор дорад ва ба иловаи адвокати давлатӣ Зафар Расулов, хонаводааш барои дифоъ аз Содиқов ду вакили дигар – Абдуқаюм Юсуфӣ ва Ҳасан Кавраковро интихоб кардаанд.

Мушарраф Содиқова рӯзи 2 июл дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи рӯзҳои сахте қисса кард, ки баъди боздошти шавҳараш ба сари хонаводаи онҳо омад. Ӯ то кунун танҳо як дафъа – рӯзи 27 июн- ва он ҳам дар ҳузури маъмурони амниятӣ бо шавҳараш дар боздошт сӯҳбат кардааст ва нахустин суоли мо низ дар бораи ҳамин мулоқот буд, ки чигуна гузашт?

Мушарраф Содиқова: Мулоқоти мо дар ҳузури посбонҳо хуб гузашт. Саша зоҳиран хуб менамуд. Гуфт, ки касе ба ӯ даст нарасондааст. Либоси худаш дар танаш буд. Мо дар бораи ончӣ ки аз сари ӯ гузашт, сӯҳбат кардем. Ӯ худаш намефаҳмад, ки чӣ гузаштааст. Вале мегӯяд, ки “бояд таҳқиқ кунанд. Ман кори баде накардаам ва онҳо дар бораи барномаи мо тамоми маълумотро доранд. Шояд мехоҳанд боз ягон чизи дигарро ҳам рӯшан кунанд.” Худи Саша мутмаин аст, ки қазиааш мусбат ҳал хоҳад шуд. Ӯ як унвонҷӯи оддист, ки таҳқиқот мегузаронд. Ӯ қисса кардл, ки пешаш омада, аз вай ҳуҷҷат пурсиданд ва гуфтанд, ки бояд бо онҳо биравад. Вақте ки бо онҳо рафт, дастгираш кардаанд. Вақте ман пурсидам, ки “чаро он шом ба ман занг зада, гуфтӣ, ки хубӣ ва ба хона рафта истодаӣ, вале наомадӣ?”, ӯ гуфт, амраш дода буданд, ки занг бизанад. Баъдан маълум шуд, ки ин гап дурӯғ будааст ва ӯро боздошт кардаанд. Дидори мо каме бештар аз ним соат тӯл кашид.

Озодӣ: Ӯ ҳангоми боздошт ва баъди он ба адвокат дастрасӣ дошт?

Мушарраф Содиқова: Ҳангоми боздошт - не. Баъди судури ҳукми ҳабсаш ба ӯ адвокат доданд. Худи вакили мудоффеъ гуфт, ки ӯро ба додгоҳ даъват карданд ва онҷо қарор бароварда, ҳукми ҳабсашро доданд. Вале вакилоне, ки мо мехоҳем ҷалб кунем, ҳанӯз барои дидор бо ӯ иҷозат нагирифтаанд. Онҳо ҳанӯз бо Саша мулоқот накардаанд. Онҳо ҳатто бо парванда шинос нашудаанд. Дар дасти онҳо танҳо он чизест, ки ман дар бораи барнома додааму нақл мекунам ва чизе ки онҳо аз матбуот мехонанд.

Озодӣ: Шавҳари Шумо барои чанд рӯз ба Хоруғ рафта буд?

Мушарраф Содиқова: Ӯ мехост чанд рӯз онҷо монда, назарпурсӣ доир кунад ва бо намояндагони мухлатифи созмонҳои ҷамъиятиву давлатӣ мулоқот кунад. Маъмулан, ҳангоми гузарондани таҳқиқот онҳо бо ҷонибҳои гуногун мулоқот мекунанд, то як тасвири комилро ба даст биоранд ва ба як таҳлили мантиқӣ даст биёбанд. Ман медонам, ки ӯ аз қабл дархости мулоқот дода буд ва мо махсус ҳамроҳамон барои ӯ костюми расмӣ овардем, ки ҳангоми мулоқот бо намояндагони ҳукумат ба бар кунад. Ҳамчунин ӯ ҳамроҳи худ мувофиқатномае барои ширкаткунандагони назарпурсиро дошт, то мардум бо ин барнома ва аҳдофи ону дар куҷо доир шуданаш маълумот дошта бошанд.

Озодӣ: Ӯ ба рӯйдодҳои тобистони соли 2012 ва моҳи майи соли равони Хоруғ таваҷҷӯҳ дошт?

Мушарраф Содиқова: Ман дақиқ намедонам, ки ӯ ба чӣ таваҷҷӯҳ дошт. Ман дар ин барнома ширкат надоштам. Ман танҳо як тавассуроти умумие дар бораи ин барнома дорам. Худи суолнома вале ягон сирр надорад. Ман ҳамаи суолҳои дар ин суолнома навишташударо хондаам. Адвокатҳову донишмандон ҳам ин суолҳоро хонданд ва мегӯянд, онҳо зиёд даҳшатовар нестанд.

Озодӣ: Шумо кай издивоҷ кардеду дар хориҷа чӣ зиндагие доштед?

Мушарраф Содиқова: Мо якдигарро ҳанӯз аз замони кор дар САҲА ва ЮНИСЕФ мешинохтем. Баъди аз кор рафтани ман издивоҷ кардем. Як сол дар Душанбе зиндагӣ кардем. Саша дар ЮНИСЕФ кор мекарду дар донишгоҳи славянӣ ҳам дарс медод. Саша таҳсилро хеле дӯст медорад ва пуркор ҳам ҳаст. Аз ин рӯ, барои бурси таҳсил дар Канада дархост дод. Ӯ ҳамеша ба кори илмӣ таваҷҷӯҳ дошт. Зимнан ӯ дар дархосташ барои бурси таҳсил ҳам навишта буд, ки баъди анҷоми 5 соли таҳсил дар Канада мехоҳад ба Тоҷикистон баргардад ва барои шукуфоии кишвараш хидмат кунад. Мо соли 2011 ба Торонто рафтем. Вале азбаски мо хеле боз дар Тоҷикистон набудем ва духтари моро бобоҳову бибиҳояш ҳанӯз надида буданд, мо хостем, ки ин тобистон ба Тоҷикистон омада, духтарамонробо хешу табор шинос кунем. Саша ҳамзамон хост, ки дар сари барномааш ҳам кор кунад, чунки касе ба мо ҳамту пул намедиҳад. Бояд бо роҳе пул ҳам кор мекардем.

Озодӣ: Яъне чунин маълум мешавад, ки Шумо дар бораи ҷараёни тафтишот ва чӣ ҳол доштани шавҳаратон маълумоти чандоне надоред?

Мушарраф Содиқова: Ман аслан ягон маълумот намегирам. Аз заамоне ки бори охир дидамаш, дигар намедонам, ки чӣ ҳол дораду бо ӯ чӣ гузашт. Танҳо коре ки метавонам бикунам, ин аст ки барояш хӯрока бифиристам. Ҳатто маро аз фиристодани китоб ба вай манъ кардаанд. Мо ба якдигар мактуб ҳам навишта наметавонем.

XS
SM
MD
LG