Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афви байналмилал: Александр Содиқов маҳбуси сиёсист


Александр Содиқов дар боздошт
Александр Содиқов дар боздошт

Созмони Афви Байналмилал бо нашри як баёния Александр Содиқов, пажӯҳишгари ҷавони тоҷикистониро маҳбуси сиёсӣ хонд. Рӯзи 27 июн дар Вошингтони Амрико ба ҳимоят аз Содиқов як нишасти донишмандон доир мешавад.

Дар баёнияи катбие, ки рӯзи 26-уми июн нашр шуд, созмони Афви Байналмилал , яке аз гурӯҳои маъруфи ҳомии ҳуқуқи ъинсон, пажӯҳишгари ҷавони тоҷикистонӣ Александр Содиқовро маҳбуси сиёсӣ номида, аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, барои ӯ шароити мулоқот бо вакили дифоъи мустақил, аъзои хонаводааш ва хадамоти тиббиро фароҳам кунад. Ин созмони марказаш дар Лондон ҳамчунин аз давлати Тоҷикистон тақозо кардааст, ки нагузорад, Александр Содиқов дар боздоштгоҳ азобу шиканҷа шавад.

Сарнавишти Александр Содиқов, ки бо иттиҳоми ҷосусӣ дастгир шудааст, рӯзи 27-уми июн дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вошингтони Амрико баррасӣ мешавад. Дар ин нишаст, ки донишмандону пажӯҳишгарони хориҷӣ аз донишгоҳҳои мухталифи Иёлоти Муттаҳида ширкат мекунанд, иттилооти ахир дар бораи боздошти Александр Содиқов ва ҳамчунон мушкилоти васеъи пажӯҳишгарон дар саросари ҷаҳонро баррасӣ мекунанд. Нишаст таҳти раҳбарии Марлен Лаурелл аз Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон ва Эрик Макглинчи, пажӯҳишгари Донишгоҳи Ҷорҷ Масон сурат мегирад.

Александр Содиқов, пажӯҳишгари Донишгоҳи Торонто рӯзи 16-уми июн дар шаҳри Хоруғ дастгир шуд ва ду рӯз баъд Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, ки Александр Содиқов бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи кишвари хориҷӣ дастгир шудааст ва ӯ бар тибқи банди 305-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба “хиёнат ба ватан” ва “фош кардани асрори давлатӣ” муттаҳам мешавад.

Барои ин ҷиноят дар Тоҷикистон аз 10 то 20 соли зиндон ҷазо таъйин шудааст. Александр Содиқов мегӯяд, ки ба хотири таҳқиқи заминаҳои ноамнӣ дар шаҳри Хоруғ ба маркази Бадахшон сафар карда буд.

Боздошти Содиқов ба мавҷи давомдори интиқодҳо дар берун аз Тоҷикистон рӯбарӯ шудааст. Донишгоҳи Торонтои Канада ва Донишгоҳи Экстерери Бритониё боздошти Александр Содиқовро маҳкум кардаанд. Пажӯҳишгарони зиёди хориҷӣ низ аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, муҳақиқи ҷавонро раҳо кунад. Дар як муроҷиатномаи интернетӣ, ки бо талаби раҳоии Александр Содиқов дар Интернет нашр шудааст, то кунун 1600 пажӯҳишгар имзо кардаанд.

Ду рӯз пеш Шӯрои мудирони 4 анҷумани илмӣ – Анҷумани таҳқиқоти халқҳои славянӣ, Аврупои шарқӣ ва АвроОсиё, Анҷумани таҳқиқи миллатҳо, Ҷамъияти таҳқиқоти АвроОсиёи Марказӣ ва Ҷамъияти аврупоии омӯзиши Осиёи Марказӣ – бо изҳори нигаронии ҷиддӣ аз боздошти унвонҷӯи бахши улуми сиёсии донишгоҳи Торонтои Канада Александр Содиқов ба намояндагӣ аз 4500 донишманди узви ин 4 созмон аз раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймӯмин Ятимов хостаанд, то Содиқоврро дар кӯтоҳтарин фурсат раҳо кунад.

"Хабарнигорони бидуни марз": Душанбе тарсондан аз ҷангро бас кунад

Созмони “Хабарнигорони бидуни марз”, мақараш дар Порис низ рӯзи 24 июн аз ҳукумати Тоҷикистн раҳоии Александр Содиқовро тақозо кард. Йоҳан Бир, раҳбари бахи Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказии ин созмони ҳомии озодии баён гуфт, “фазои пурасрор дар атрофи боздошти Содиқов ва пахши ҷараёни бозпурсии ӯ тавассути телевизион ҳаққи вай барои муҳокимаи одилонаро поймол мекунад. Боздошти вай натиҷаи паранойяи ҳукумати Тоҷикистон ва тамоюли ба ҷои ба дӯши худ гирифтани масъулият айбдор кардани хориҷиҳо дар ошӯбҳои Тоҷикистон аст.”

Йоҳан Бир ҳамчунин гуфтааст, “Содиқов бояд озод ва иттиҳомоти сафсаттаомез алайҳи вай бекор карда шавад. Фурсате расидааст, ки ҳукумат доман задани эҳтимоли ҷанги шаҳрвандӣ ба хотири бастани лабони мунтақидонаш ва ҳақ баровардани саркӯбиҳои худро бас кунад.”

Ба ҳимоят аз Александр Содиқов қаблан САҲА, ИА ва Ҳюман Райтс Вотч низ садо баланд кардаанд. Унвонҷӯи Донишгоҳи Торонтои Канада Александр Содиқови 31-сола зодаи ноҳияи Панҷакент буда, дар Душанбе дар Донишгоҳи славянӣ таҳсил кардааст ва аз соли 2011 дар Канада ба сар мебурд. Ӯ дар аввалҳои моҳи июн ба Тоҷикистон омад ва рӯзи 16 июн дар шаҳри Хоруғ, ҳангоми мусоҳиба бо Алим Шерзамонов, раиси созмони вилоятии ҳизби мухолифи сотсиал-демократ боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG