Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макглинчӣ: "Мурофиаи Содиқов баёнгари чигунагии адолати додгоҳӣ хоҳад буд"


Сарнавишти пажӯҳишгар Александр Содиқов, ки аз сӯи мақомоти амниятии Тоҷикистон бо иттиҳоми ҷосусӣ боздошт шудааст, рӯзи ҷумъа дар меҳвари як нишаст дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вошингтони ИМА қарор дошт.

Дар нишаст донишмандону пажӯҳишгарони амрикоиву хориҷӣ аз донишгоҳҳои гуногуни ИМА, аз ҷумла, иттиҳоми ба Александр Содиқов эълоншуда ва роҳҳои талош барои аз боздоштгоҳ раҳо кардани ӯро баррасӣ карданд.

Александр Содиқов, пажӯҳишгари Донишгоҳи Торонтои Канада, рӯзи 16-уми июн дар шаҳри Хоруғ дастгир шуд ва ду рӯз баъд Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, ки ӯ бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи кишвари хориҷӣ боздошт шудааст ва бар пояи банди 305-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар “Хиёнат ба ватан” ва “фош кардани сирри давлатӣ” муттаҳам мешавад. Барои ин ҷиноят дар Тоҷикистон аз 10 то 20 соли зиндон ҷазо таъйин шудааст. Александр Содиқов мегӯяд, ки ба хотири таҳқиқи заминаҳои ноамнӣ дар шаҳри Хоруғ ба маркази Бадахшон сафар карда буд.

Эрик Макглинчӣ, пажӯҳишгари Донишгоҳи Ҷорҷ Масон баъд аз нишаст дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар робита ба боздошт ва иттиҳом алайҳи Александр Содиқов гуфт, "ман фикр мекунам, ки ду имкон дорад, аввалӣ он аст, ки ҷосус набудани ӯро медонанд ва медонанд, ки ӯро иштибоҳӣ боздошт кардаанд. Аммо эҳтимоли он низ ҳаст, ки ҳукумати Тоҷикистон Содиқовро дидаву дониста дастгир кардааст. Аммо назари шахсии ман ин аст, ки ӯро иштибоҳӣ боздошт кардаанд. Вазъият барои мо рӯшан аст, солҳои ахир - соли 2012 ва моҳи майи соли равон дар Бадахшони кӯҳӣ нооромиҳои зиёд рӯй доданд ва мо як пажуҳишгари тоҷикро дорем, ки озодона бо тоҷикӣ ҳарф мезанад ва ин мавзӯъро таҳқиқ мекунад. Аз сӯи дигар, мусаллам аст, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон он қадар пешрафта нестанд ва метавонанд ӯро иштибоҳӣ боздошт карда бошанд. Ҳукумати Тоҷикистон ӯро иштибоҳӣ ҷосус мехонад, дар ҳоле, ки Саша пажӯҳиши худро аз роҳи қонунӣ пеш мебурд".

Эрик Макглинчӣ меафзояд, ки чӣ гуна гузаштани мурофиаи додгоҳии Александр Содиқов то куҷо хуб кор кардани адолати додгоҳии Тоҷикистонро муқаррар хоҳад кард: "Аз нигоҳи ман, гап сари он аст, ки ин мушкил аз кадом роҳ ҳал хоҳад шуд. Агар мурофиаи Саша дар додгоҳ озоду одилона сурат бигирад ва мо медонем, ки ӯ ҷосус нест, пас мардуми тоҷик хоҳанд донист, ки адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон хуб кор мекунад. Ба фикри ман, ҳақиқат фақат бар пояи муколама рӯи об мебарояд. Аммо агар Содиқовро гунаҳкор кунанд, ин, баръакс маънои онро дорад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба системи додгоҳии кишвар эътимод назоҳанд кард. Ин ҳукм рӯи робитаҳои байнулмилалии Тоҷикистон ҳам бетаъсир нахоҳад монд. Ва он баёнгари он хоҳад буд, ки ҳукумати Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафи маҳаллии худ мехоҳад пажуҳишгарро қурбон кунад.

Аз ҷаноби Эрик Макглинчӣ пурсидем, ки ҳоло барои раҳо кардани Александр Содиқов чӣ метавон кард? "Фикр мекунам одамоне дар раҳбарияти Тоҷикистон, ки раҳоии Содиқовро мехоҳанд, посух дод ӯ. Бояд сабр кард ва интизор шуд то барои гуфтугӯ дар бораи сарнавишти ӯ иҷоза дода шавад. Ва иҷоза дода шавад, то нигоҳи афроде, ки ин боздошти Содиқовро иштибоҳӣ мешуморанд, мушаххас шавад. Ва аммо сабр ҳам ҳадду ҳудуд дорад. Агар Содиқов гунаҳкор карда шавад ва ӯро дар банд нигаҳ доранд, мардум дар робита ба ин боздошт садои худро баланд хоҳанд кард.

Марлен Лаурелл, мудири барномаҳои Осиёи Марказии Донишгоҳи Ҷорҷ Вошингтон ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳақиқат он аст, ки Александр шаҳрванди Тоҷикистон аст ва дар Канада ба пажуҳиш машғул аст ва, таври маъмул, вақте шаҳрвнадонии шӯравии собиқ дар Ғарб кор мекунанд, онҳо мавриди шубҳа қарор доранд ва онҳоро аксар вақт ҷосус мехонанд. Ба гуфтаи хонум Лаурел, бо пули кишварҳои хориҷӣ наметавон дар мавзӯъҳои ҳассоси сиёсӣ таҳқиқот пеш бурд, зеро он риск ё хатари зиёд дорад. Марлен Лаурелл аз он изҳори хурсандӣ кард, ки ҷомеаи илмии байнулмилалӣ ба боздошти Александр Содиқов хело худ вокуниш кард.

Саймӯъмин Ятимов
Саймӯъмин Ятимов

Ишораи хонум Лаурел ба изҳороти Шӯрои мудирони 4 анҷумани илмӣ – Анҷумани таҳқиқоти халқҳои славянӣ, Аврупои шарқӣ ва АвроОсиё, Анҷумани таҳқиқи миллатҳо, Ҷамъияти таҳқиқоти АвроОсиёи Марказӣ ва Ҷамъияти аврупоии омӯзиши Осиёи Марказӣ буд, ки ба намояндагӣ аз 4500 донишманд аз раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймӯмин Ятимов хостаанд, то Содиқоврро дар кӯтоҳтарин фурсат раҳо кунад.

“Мо ҳоло ба таҳияи чанд изҳорот машғулем ва дар чанд шаҳри Амрико, Канада ва Аврупо мақомоти сиёсии ин кишварҳо бо мансабдорони Тоҷикистон масоили марбут ба боздошти Александр Содиқовро баррасӣ мекунанд”, афзуд хонум Лаурелл

Ёдовар мешавем, ду рӯз пеш Созмони Афви Байналмилал бо нашри як баёния Александр Содиқов, пажӯҳишгари ҷавони тоҷикистониро маҳбуси сиёсӣ хонд. Дар баёнияи катбие, ки рӯзи 26-уми июн нашр шуд, созмони Афви Байналмилал, яке аз гурӯҳои маъруфи ҳомии ҳуқуқи ъинсон, пажӯҳишгари ҷавони тоҷикистонӣ Александр Содиқовро маҳбуси сиёсӣ номида, аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, барои ӯ шароити мулоқот бо вакили дифоъи мустақил, аъзои хонаводааш ва хадамоти тиббиро фароҳам кунад. Ин созмони марказаш дар Лондон ҳамчунин аз давлати Тоҷикистон тақозо кардааст, ки нагузорад, Александр Содиқов дар боздоштгоҳ азобу шиканҷа шавад.

Аз ин пеш САҲА, Иттиҳодияи Аврупо, Ҳюман Райтс Вотч ва Гузоришгарони бидуни марз ҳам бо ҳимоят аз Александр СМодиқов садо баланд кардаанд.

XS
SM
MD
LG