Мақомоти умури замини Тоҷикистон мегӯянд, дар ним соли охир дар ҷараёни музокирот бо ду ҳамсоякишвари Қирғизистон ва Узбакистон дар масъалаи таъйин ва аломатгузории марз пешравиҳои муайян ҳосил шудааст.
Дар масъалаи обанбори “Фарҳод” - ҳамааш дар ҳудуди Тоҷикистон аст. Барои ин ягон проблема нест, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ҳаст. Ягон баҳс нест.Раҷаббой Аҳмадзода
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи замин ва геодезии назди ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 17 июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, бо Қирғизистон дар заминаи таъйин ва аломатгузории 519,9 км хати сарҳад як созише ба имзо расид. Ба гуфтаи ӯ, ин созишро роҳбарони комиссияи давлатии таъйин ва аломатгузории сарҳад ба имзо расонида тасвиби ниҳоии ин созишро президентони ду кишвар ба ӯҳда доранд. Мақомоти ҳарду кишвар мегӯянд, ки дар хати марзи ду кишвар беш аз 400 км марзи муштарак ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст ва дар ин масъала музокироти байни ду кишвар идома дорад.
Як масъули баландпояи ин кумита, ки узви гуруҳи кории таъини хати марз аз ҷониби Тоҷикистон мебошад, бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, заминҳои баҳсӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон асосан дар минтақаҳои куҳистонии вилояти Суғд бо Қирғизистон боқӣ мондаанд.
Ӯ гуфт, “ин заминҳои баҳсӣ бо Қирғизистон сарҳади ноҳияи Деваштич то Исфараро дарбар мегирад. Минтақаи Ворух низ яке аз манотиқи баҳсие аст, ки то ҳол ҳал нашудааст.” Мақомоти Ӯзбакистон изҳори умедворӣ карданд, ки дар идомаи музокироти байни ду кишвар сарнавишти обанбор ва нирӯгоҳи “Фарҳод” ҳам ҳалли худро пайдо мекунад.
Созиш бо Узбакистон
Раҷаббой Аҳмадзода инчунин дар робита бо пешравиҳо дар гуфтушунид бо ҷониби Узбакистон ҳам сӯҳбат кард. Вай гуфт, мақомоти ду кишвар дар масъалаи 107 километр хати марз бо Узбакистон ба мувофиқа расида як созиш ҳам дар ин замина имзо шудааст. Аҳмадзода гуфт, миёни Тоҷикистон ва Узбакистон тақрибан 93 километр хати марзи баҳсӣ боқӣ мемонад ва рӯзҳои наздик гуфтушуниди комиссиюни вижаи байниҳукуматӣ дар ин замина шурӯъ мешавад.
Аҳмадзода аз шарҳи бештари ин мавзӯъ худдорӣ кард, ва, аз ҷумла, нагуфт, ки созиш кай имзо шуда мушаххасан кадом қитъаҳои баҳсии марзиро дар назар мегирад. Аз ин пеш мақомоти Узбакистон гуфтанд, ки Тоҷикистону Узбакистон дар заминаи ҳаллу фасли баҳсҳои марбут ба хати сарҳади ду кишвар ба пешравиҳо даст ёфтанд.
Аз ҷумла, Илҳомҷон Неъматов, як масъули вазорати умури хориҷии Ӯзбакистон дар филми мустанади сохтаи ин вазорат, ки 7 июл дар вебсайти ВКХ-и ин кишвар нашр шуд, гуфт, аз 1284 км марзи муштараки Тоҷикистону Узбакистон 86 дарсади қаламраваш таъйин ва аломатгузорӣ шуда, сарнавишти 14 дарсади боқимондааш дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.Охирин музокироти байни ду кишвар дар ин замина 1 июни соли ҷорӣ ба анҷом расид. Масъулини Кумитаи замин ва геодезии Тоҷикистон мегӯянд, соли равон бо ҷониби Узбакистон дар масъалаи таъини марз се маротиба гуфтушунид анҷом шудааст.
Рӯзи 5 июл дар як нишасти матбуотӣ дар Тошканд вазири хориҷаи Узбакистон Абдулазиз Комилов, аз ҷумла дар робита бо масоили марзӣ гуфт, кишвараш хостори равобити дӯстонаву хуб бо Тоҷикистон аст.
Тоҷикистон ва обанбори "Фарҳод"
Дар ин барнома гуфта шуд, ки ин обанбор ва нерӯгоҳ солҳои ҷанги дувуми ҷаҳонӣ (соли 1943) бо ҷалби 7 ҳазор нафар сохта шудааст.
Ин барнома иддао мекунад, ки обанбори Фарҳод ҳанӯз дар тавозуни Вазорати энержии Узбакистон қарор дорад. Вале рӯзи 17 июл раиси кумитаи замини Тоҷикистон вуҷуди баҳс дар масъалаи мансубияти обанбори “Фарҳод”-ро рад кард.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи замин ва геодезии назди ҳукумати Тоҷикистон дар як посухи кӯтоҳаш ба саволи хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, “дар масъалаи обанбори “Фарҳод” - ҳамааш дар ҳудуди Тоҷикистон аст. Барои ин ягон проблема нест, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ҳаст. Ягон баҳс нест.”
Обанбори Фарҳод дар ҳудуди вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир аст ва обёрии дашти Дилварзин ва низ вилояти Тошканд аз ин обанбор сурат мегирад.
Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва касби истиқлолият, баҳсҳои марзии марзии миёни ҷумҳуриҳои мустақил доғ шуд. Тоҷикистон бо Ӯзбакистон беш аз 1200 ва бо Қирғизистон беш аз 900 км марзи муштарак дорад. Баҳси мансубияти қаламравҳо бештар дар манотиқе мегузарад, ки аҳолинишин аст ва сокинони рустоҳои маҳаллӣ ба азони худ будани қитъҳои замин, чарогоҳ ва манбаъҳои об таъкид мекунанд. Гоҳо дар манотиқи баҳсии марзӣ ҳодисаҳои нохуш ҳам рӯй медиҳад, ки дар паи даъвову низоъҳои миёни сокинон ва марзбонон рух медиҳад. Ҳукуматҳои ҳама ҷонибҳо ҳамеша таъкид мекунанд, ки хостори ҳалли дипломатии ин баҳсҳо мебошанд.