Узбакистон замини баҳсбарангез дар қаламрави Қирғизистонро “хок”-и худ эълон кард ва гуфт, ки будубоши чаҳор шаҳрванди Қирғизистон дар онҷо “ғайриқонунӣ” буд.
Матбуоти Узбакистон рӯзи 25-уми август бо такя ба манобеи вазорати корҳои дохилии ин кишвар навиштанд, ки ин шаҳрвандони Қирғизистон дар боздошт қарор доранд ва бархӯрд бо онҳо бар пояи қонунҳои Узбакистон хоҳад буд. Тошканд иддао кардааст, кӯҳи Унгар-Тоо, ки дар марзҳои баҳсбарангези ду кишвари Осиёи Марказӣ ҷойгир аст, моли Узбакистон аст.
Ба маълумоти ҷониби Қирғизистон, пулиси Узбакистон чаҳор шаҳрванди ин кишварро, ки кормандони мавҷгирҳои радио ва телевизиони Қирғизистон буданд, рӯзи 23-юми дар мавзеи Унгар-Тоо боздошт кардаанд. Ҳоло наздикони ин чор шаҳрванди Қирғизистон аз мақомоти кишварашон талаб доранд, ки онҳоро ҳарчӣ зудтар ба ватан баргардонанд.
Узбакистону Қирғизистон 1000 километр марзи муштарак доранд ва бо вуҷуди гузашти 25 сол аз замони суқути Шӯравӣ 300 километри он ҳанӯз таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.
Умарҷон Тошматов, бародари яке аз боздоштшудаҳо Жениш Тошматов, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, “ӯ фарзанди хурдии оилаи мост. Вай дар як ширкати мутаалиқ ба “Қирғизтелеком” кор мекард. 45 рӯз дар теппаи Унгар-Тоо меистод ва ҳамин қадар рӯз истироҳат мекард. Як моҳ пеш барои кор ба ин теппа омада буд ва рӯзи 23-юми август аз як шумораи ношинос ба ман занг зада ва гуфтанд, ки бародарам дар дасти маъмурони пулиси узбак аст. Баъдан ҳамин қадар талош кардам, ки бо ӯ тамос гирам, аммо нашуд.”
Сокинони вилояти Ҷалолобод барои баргардондани ин чор нафари боздоштшуда ба раҳбари ин вилоят Ҷумъагул Эгамбердиева низ муроҷиат кардаанд. Раҳбари вилоят гуфтааст, дар бораи раҳо кардани ин афрод музокирот ҷараён дорад ва сокинон каме аз таҳаммул кор бигиранд.
Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, намояндаи ҳукумати ин кишвар Қурбонбой Искандаров дар минтақаи Ала-Букин бо мақомоти Узбакистон гуфтугӯ дорад. Натиҷаи ин музокирот чӣ хоҳад буд, аз ҳоло хулоса кардан мушкил аст. Вале қаблан гуфта мешуд, ки гӯё Узбакистон хостааст, постгоҳҳои пулис дар ҳудуди обанбори Орто-Тоқай бардошта шавад.
Мақомоти Узбакистон баъд аз он нерӯҳои худро ба ин минтақаи баҳсбарангези марзӣ фиристоданд, ки 13-уми август дар наздикии обанбори Орто-Тоқай дар ноҳияи Ала-Букин дар вилояти Ҷалолобод як маъмури милисаи узбакро дастгир карда ва нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, корманди милисаи Узбакистон ғайриқонунӣ аз минтақаи таҳти назорати худаш берун омада ва ба қаламрави он кишвар ворид шудааст.
Ҷанҷол дар минтақаи баҳсбарангези Унгар-Тоо се сол пеш бархост. Моҳи сентябри соли 2013 марзбонони узбак дар ин минтақа фуруд омада ва парчами кишварашонро дар болои кӯҳ барафрохтанд. Вале баъди музокироту эътирози Бишкек онҷоро тарк карданд. Қирғизистон дар инҷо мавҷгире гузоштааст ва Узбакистон мегӯяд, ки ин мавҷгир набояд дар инҷо бошад.
Бишкек мегӯяд, ки ин минтақа мушаххас ва аломатгузорӣ нашудааст ва иддаои Узбакистон дуруст нест. Вале баҳори соли 2016 вакилони мардумии маҳаллии Карбен гуфтанд, ҳукумат ба онҳо як санадеро барои тасвиб фиристодааст, ки дар он омадааст, мавҷгир ба ҷойи дигар кӯчонда шавад, зеро кӯҳи Унгар-Тоо қаламрави Узбакистон маҳсуб мешавад. Вале баъдан мақомоти Қирғизистон ин гуфтаро рад карда ва гуфтанд, ки минтақа ҳанӯз таъйину аломатгузорӣ нашудааст.
Мавҷгири Карбен дар болои кӯҳи Унгар-Тоо 40 сол аст, ки кор мекунад ва аз тариқи он мавҷи барномаҳои радиову телевизионӣ ва телефонӣ мегузарад. Дар инҷо, инчунин, мавҷгирҳои ширкатҳои телефони мобилӣ гузошта шудаанд, ки иртибот бо вилояти Ҷалолободро таъмин мекунанд.
Дар сурати қатъ кардани кори мавҷгир, пахши барномаҳои радиову телевизион ва ҳам иртиботи телефонӣ номумкин мешавад. Узбакистону Қирғизистон 1000 километр марзи муштарак доранд ва бо вуҷуди гузашти 25 сол аз замони суқути Шӯравӣ 300 километри он ҳанӯз таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.