Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиреҳпӯшҳои Узбакистон дар марз бо Қирғизистон


Посгоҳи марзбони Узбакистон. Акси яке шоҳидон
Посгоҳи марзбони Узбакистон. Акси яке шоҳидон

Нирӯҳои марзбонии Узбакистон савори мошини зиреҳпӯш вориди як минтақаи баҳсӣ дар марз бо Қирғизистон шуда, дар онҷо ду посгоҳ гузоштаанд. Бишкек дар ин робита ба Тошканд нотаи эътирозӣ супурд.

Хабарҳои расида аз марзи Узбакистону Қирғизистон аз ташаннуҷи вазъ дар яке аз минтақаҳои баҳсӣ дар марзи вилоятҳои Намангони Узбакистон ва Ҷалолободи Узбакистон дарак медиҳанд.

Рӯзи 18 март сафири Узбакистон дар Бишкек Комил Рашидов ба вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон эҳзор ва ба ӯ аз ҷониби котиби давлатии ин вазторат Дониёр Сидиқов нотаи эътирозӣ супурда шуд. Дар ин нота бо изҳори нигаронӣ аз баста шудани километри 20-уми роҳи Кербен –Ала-Буқа дар ноҳияи Ала-Буқаи вилояти Ҷалолобод ва истиқрори ду посгоҳ аз Тошканд талаб шудааст, ки ҳарду посгоҳҳоро билофосила аз байн бардоранд.

Ҷониби Қирғизистон таъкид кардааст, ки аъмоли ҷониби Узбакистон метавонад ба вазъияти низоъбарангез дар байни аҳолии манотиқи марзӣ ва ташаннуҷи вазъ дар марзи давлатии байни ду кишвар биорад. Сидиқов дар поёни мулоқот изҳори умед кардааст, ки ҷониби Узбакистон дар мавриди риояи бечунучарои меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва Шартномаи дӯстии ду кишвар “иродаи сиёсӣ ва қатъият” нишон хоҳад дод.

Ин демарши дипломатии Бишкек нисбат ба Тошканд дар пайи хабарҳо дар бораи вуруди нирӯҳои низомии Узбакистон ба як минтақаи баҳсӣ дар марзи вилоятҳои Намангону Ҷалолобод мебошад.

Субҳи 18 март нирӯҳои марзбонии Узбакистон савори мошини зиреҳпӯш вориди як қитъаи баҳсии марз шуда, дар онҷо ду посгоҳ гузоштанд. Аммо дар бораи дар куҷо мустақар шудани марзбонони узбак гузоришҳо зиддунақизанд.

Кубаничбек Жолдошев, хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ мегӯяд: "Ибтидо аз қавли ҳокими ноҳияи Оқси гуфта шуд, ки ин посгоҳҳо дар минтақаи Чала-Сарт гузошта шудаанд. Марзбонҳо баъдан номи мавзеъро Муғул ном бурданд, ки дар ноҳияи Ала-Буқа ҷойгир шудааст. Вале бино ба охирин маълумотҳо, ду посгоҳи нирӯҳои марзбонии Узбакистон дар минтақаи Сарабулоқи ноҳияи Ала-Буқа мустақар шудаанд. Мақомоти қирғиз мегӯянд, Сарабулоқ ҳатто қитъаи баҳсӣ нест ва ҳамеша ба Қирғизистон тааллуқ дошт."

Бино ба ин манбаъ, марзбонони Узбакистон савори ду мошини зиреҳпӯши БТР ва ду КамАЗ дар қитъаҳои баҳсии марз бо Қирғизистон мустақар шудаанд.

Қаблан ҳокими ноҳияи Оқсии вилояти Ҷалолободи Қирғизистон Медет Айдаралиев ба хабарнигорон гуфт, ки ин посгоҳҳо дар минтақаи баҳсии Чала-Сарт гузошта шудаанд: “Байни Қирғизистону Узбакистон қитъаи баҳсии Чала-Сарт, масоҳаташ 38 гектар вуҷуд дорад, ки 1,8 километр роҳи мошингарди Кербен –Ала-Буқа аз ҳамин қитъа мегузарад. Нирӯҳои марзбонии Узбакистон дар ин қитъа техникаи низомии худро гузоштаанд. Низомиҳои Узбакистон мошинҳои шаҳрвандони раҳгузари Қирғизистонро тафтиш мекунанд.”

Айдаралиев гуфт, феълан мақомоти маҳаллӣ ва намояндагони Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар ҷои ҳодиса бо ҳамтоёни худ аз Узбакистон вориди музокирот шудаанд. Ҳокими ноҳияи Оқси гуфт, ҷониби Узбакистон ҳаққи истиқрори нирӯҳояш дар ин қитъаи баҳсиро надорад, чунки ин замин ҳанӯз аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ аз сӯи Қирғизистон истифода мешавад.

Медет Айдаралиев афзуд: “Ҳоло вазъ дар ин минтақа ором аст. Танҳо дар байни аҳолӣ дар мавриди ин ки чаро марзбонони узбак вориди ин қаламрав шудаанд?, нофаҳмӣ вуҷуд дорад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.”

Ба дунбол, бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо такя ба дафтари матбуоти Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон хабар дод, ки соати 07-40-и субҳи 18 март дар мавзеи Муғули ноҳияи Ала-Буқа низомиҳои Узбакистон ду мошини зиреҳпӯш ва ду мошини КамАЗ гузоштаанд. Бино ба ин манбаъ, дар ин мавзеъ ҳудуди 35-40 низомии Узбакистон мустақар шудаанд. Мақомоти марзбонии Қирғизистон мегӯянд, алакай баъди як соати ин ҳодиса бо ташаббуси ҷониби қирғиз музокироти ниҳодҳои марзбонии ду кишвар дар Муғул оғоз ёфтааст.

Бо ин ҳол, бино ба хабарҳо, ҷониби Узбакистон соати ҳашти субҳ ба таври якҷониба гузаргоҳи марзии мошингарди “Маданият”-ро дар марз бо Қирғизистон баст. Ҳамин тавр, равуои афрод ва нақлиёт аз тариқи гузаргоҳи мошингарди “Достук” аз ҷониби Узбакистон маҳдуд карда шудааст. Дар ин гузаргоҳ ба шаҳрвандони Қирғизистон иҷозаи хуруҷ аз қаламрави Узбакистонро медиҳанд, вале вуруди онҳо ба Узбакистон манъ шудааст. Шаҳрвандони худи Узбакистон ва шаҳрвандони кишварҳои сеюм бидуни маҳдудият аз ин марз убуру мурур мекунанд.

Ҷониби Қирғизистон ба навбати худ убуру мурури шаҳрвандон ва васоили нақлиётии Узбакистонро аз тариқи гузаргоҳҳои мошингарди “Баймак”, “Кен-Сой” ва “Қадамҷой” қатъ кардааст. Сокинони аксаран тоҷикҷазирақаламрави аксари аҳолиаш тоҷикзабони Сӯхи Узбакистон асосан аз тариқи ҳамин се гузаргоҳ ба вилояти Фарғона равуо мекунанд.

Мақомоти Узбакистон таҳаввулоти ахир дар марз бо Қирғизистонро то ҳол шарҳ надодаанд.

Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рӯзи 18 март вазъи пешомада дар марз бо ин кишвари ҳамсояро дар мулоқоташ бо раиси Хадамоти марзбонӣ Раҳимбердӣ Дуйшенбиев баррасӣ кардааст. Бино ба иттилои расмӣ, Дуйшенбиев раисиҷумҳурро аз тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати таҳкими ҳифозати марзи давлатӣ ба хотири таъмини дахлнопазирии марзҳои кишвар дар ҷараён гузоштааст. Отамбоев ба Хадамоти марзбонӣ дар мавриди боз ҳам боло бурдани сатҳи омодагии низомии воҳидҳои марзбонӣ дастур додааст.

Узбакистону Қирғизистон 1378 километр марзи муштарак доранд. 320 километри ин марз то ҳол таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.

XS
SM
MD
LG