Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистону Қирғизистон қисме аз нирӯҳои худро пас кашидаанд


21 март. Мавзеи баҳсии Чала-Сарт
21 март. Мавзеи баҳсии Чала-Сарт

Мақомоти марзбонии Узбакистону Қирғизистон ҷиҳати коҳиши шумори нирӯҳояшон дар як қитъаи баҳсии марзи ду кишвар тавофуқ кардаанд.

Раиси Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон Раҳимбердӣ Дуйшенбиев рӯзи 21 март ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, дар натиҷаи музокироти рӯзи 20 март бо ҷониби Узбакистон тавофуқ шудааст, ки ҳарду кишвар шумори нирӯҳои худро дар қитъаи баҳсии Чала-Сарт кам кунанд.

Раҳимбердӣ Дуйшенбиев гуфт, “дар ин қитъа то ҳол низомиҳои қирғизу узбак истодаанд. Марзбонони мову узбак дар фосилаи 3-5 метр аз якдигар қарор доранд. Дина шом мо бо ҷониби Узбакистон музокира кардаем ва дар натиҷа қарор шуд, ки ҳузури низомиро дар ин минтақа коҳиш бидиҳем. Дирӯз дар ин мавзеъ аз ҳар ду ҷониб 20-сарбозӣ истода буд. Имрӯз ҳамагӣ 8-нафарӣ мондаанд.”

Дуйшенбиев вазъро дар ин қитъаи баҳсӣ ба сурати умум ором номид: “Дирӯз дар ноҳияи Ала-Буқа рӯзи бозор буд ва аз ин рӯ, равоу аз ин мавзеъ зиёд буд. Аммо одамон бидуни мамониат убуру мурур карданд, ягон мавриди боздошт ва тафтиши аснод сабт нашуд.”

Гулмира Бурабаева, сухангӯи марзбонҳои қирғиз рӯзи 21 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ҷонибҳо муяссар шуд, ки аз ташаннуҷи бештари вазъ дар атрофи ин қазия ҷилавгирӣ кунанд: "Тӯли ин 4 рӯз дар ин қитъаи марз, бар хилофи хабарҳои нашршуда, ягон бор садои тир баланд нашуд. Мақомоти маҳаллӣ бо роҳи фаҳмондадиҳӣ тавонистанд сокинони минтақаро аз ҳар навъ амалҳои эътирозӣ, ки метавонист ташаннуҷро барангезад, боздоранд. Вазъ ором аст ва музокираҳо ҷиҳати пурра берун кашидани посгоҳҳо идома дорад."

Субҳи 18 март нирӯҳои марзбонии Узбакистон дар як қитъаи то ҳол таъин ва аломатгузоринашудаи марз бо мавзеи Чала-Сарти ноҳияи Ала-Буқаи вилояти Ҷалолободи Қирғизистон ду посгоҳ гузоштанд. Бино ба гузоришҳо, марзбонҳои узбак иборат аз 30-35 нафар савори ду мошини КамАЗ ва ду зиреҳпӯши БТР дар ин мавзеъ мустақар шуданд.

Ин ҳодиса ба вокуниши тунди ҷониби Қирғизистон рӯбарӯ шуд.

Вазорати хориҷаи Қирғизистон ҳамон рӯз сафири Узбакистон дар Бишкек Комил Рашидовро ба ҳузур хонда, ба ӯ ёддошти эътирозӣ супурд. Дар ин ёддошт ба хуруҷи билофосилаи нирӯҳои Узбакистон аз ин қитъаи баҳсӣ даъват мешуд.

Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ҳамон рӯзи 18 март бо дабири Шӯрои Амният Темир Ҷумъақодиров ва раиси Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон Раҳимбердӣ Дуйшенбиев мулоқот кард.

Дар пайи ин, бино ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, аз Бишкек ба қитъаи баҳсии Чала-Сарт ҳудуди 200 сарбози иловагӣ фиристода шуд ва ҷониби Қирғизистон низ ду зиреҳпӯшашро ба ин мавзеъ интиқол дода, дар рӯбарӯи посгоҳҳои Узбакистон посгоҳҳои худро гузошт.

Бино ба гузоришҳо, инак рӯзи чорум аст, ки ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ дар марзи Узбакистон бо Қирғизистон, ба ҷуз аз гузаргоҳи Қизилкий баста шудаанд.

Хадамоти марзбонии Узбакистон дар як баёния сабаби тақвияти нирӯҳо дар марз бо Қирғизистонро бахше аз омодагиҳо ба таҷлили иди Наврӯз номид. Ин ниҳод аз ҳамтоёни қирғизи худ даъват кард, ки ба ҳангома дода нашаванд ва ба хотири “печидатар накардани муносибатҳо аз пахши ахбори носанҷида худдорӣ кунанд.”

38 гектар замини мавзеи Чала-Сарт, ки аз он ҳудуди 1,8 километр роҳи Кербен –Ала-буқа мегузарад, ба гуфтаи мақомоти қирғиз, мояи баҳси Узбакистону Қирғизистон боқӣ мемонад. Ҳокими ноҳияи Оқсӣ Медет Айдаралиев мегӯяд, нирӯҳои Узбакистон ҳаққи вуруд ба ин мавзеъро надоштанд, чунки замини Чала-Сарт ҳанӯз аз замони Шӯравӣ дар ихтиёри Қирғизистон қарор дорад.

Узбакистону Қирғизистон дар маҷмӯъ 1378 километр марзи муштарак доранд. 320 километри ин марз то ҳол таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.

XS
SM
MD
LG