Шашумин мушовараи сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Амрико бо ширкати мақомоти ду кишвар дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. Дафтари матбуоти сафорати Амрико дар Душанбе рӯзи ҷумъаи 21 октябр зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “ҳайате аз мақомҳои ИМА ба раҳбарии Уилям Е. Тод, муовини аввали ёвари Котиби Давлатӣ, субҳи имрӯз ба манзури ширкат дар мушовараҳои солонаи сиёси миёни Тоҷикистон ва Амрико вориди шаҳри Душанбе шуд”.
Ҳамакнун мушовараи солонаи сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Амрико пас аз нимаи рӯз дар вазорати корҳои хориҷӣ бо ширкати мақомҳои мухталифи ҳар ду кишвар шурӯъ шудааст. Густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амрико дар бахшҳои мухталиф ва масоили амнияти минтақа ва ҷаҳон аз мавзӯҳои матруҳаи шашумин мушовараи сиёсӣ миёни мақомоти ду кишвар аст. Интизор меравад, ин ҳайат бар иловаи ширкат дар мушовараҳои солонаи сиёсӣ, ҳамчунин бо намояндагони ҷомеаи маданӣ ва васоити ахбори омма дидору гуфтугӯ кунанд.
Нахустин мушовараи солонаи сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Амрико соли 2010 дар Вашингтон баргузор шуд. Ба навбат дар солҳои баъдӣ ин мушовараҳо дар Душанбе ва Вашингтон идома карданд. Аммо панҷумин мушовараи сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Амрико 16 июни соли 2015 дар Вашингтон баргузор шуд.
Ҳайати Тоҷикистонро дар ин нишаст Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон намояндагӣ кард. Дар ин ҳайат, ҳамчунин Саидраҳмон Нарзиев, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо, Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзим ва расму оинҳои миллӣ ва дигар шахсони расмӣ шомил буданд.
Аммо ҷониби Амрикоро дар ин мушовараҳо Ниша Бисвал, ёвари Котиби Давлатии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ раҳбарӣ намуд, ки намояндагони Шӯрои амнияти миллӣ, вазоратҳои савдо, меҳнат, ЮСАИД ё Оҷонсии тавсеаи байналмилалии Амрико ва дигарон ҳамроҳ буданд.
Ҷонибҳо дар ин нишаст зимни баррасии маҷмӯи ҳамкориҳои ду кишвар, ҳамчунин дар масоили амниятӣ, озодиҳои динӣ, матбуот ва ҳуқуқи башар баҳс карданд. Дар поёни мушовараҳо ба таърихи 17 июн ҳайати Тоҷвикистон бо мақомоти баландпояи Амрико дидору гуфтугҳо анҷом доданд.