Як намояндаи Пентагон - вазорати дифои Амрико – дар Вошингтон ба хабаргузории русии ТАСС гуфтааст, нирӯҳои мусаллаҳи Амрико ба зудӣ ироаи мошинҳои зиреҳпӯш ба Узбакистон аз ҳисоби таслиҳоти изофиашро ба поён мерасонад. Ба гуфтаи ин мақоми Пентагон, ки сӯҳбаташро ТАСС рӯзи 15 июн нашр кардааст, раванди ироаи мошинҳои низомӣ ба Тошканд «ҳанӯз дар моҳи декабри соли 2014 оғоз ёфта буд» ва «мо ният дорем, ки ироаи ин мошинҳоро дар фурсати наздик ба анҷом бирасонем.»
Ин мақом кадом теъдоди мушаххаси мошинҳои низомиеро, ки дар ихтиёри Узбакистон гузошта мешаванд, ва ҳамин тавр, таърихи мушаххасеро барои анҷоми ин барнома нагуфтааст, вале таъкид кардааст, ки мошинҳои зиреҳпӯш ба Узбакистон бепул дода мешаванд.
Аммо дар оғози соли равон бора ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ Даниэл Розенблюм гуфта буд, ки сухан дар бораи 308 мошини зиреҳпӯши навъи M-ATV ва 20 зиреҳпӯши тармимию эвакуатсионӣ меравад. Нархи ҳар кадоми ин мошинҳо аз 535 000 то 1,29 миллион доллар гуфта мешавад.
Хабаргузории ТАСС аз қавли Дениэл Розенблюм навиштааст, ки Амрико айни пешниҳоди ба таври маҷҷонӣ гирифтани мошинҳои низомии изофиеро, ки аз Афғонистон берун оварда мешаванд, ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ пешниҳод кардааст ва аз байни онҳо ба ин пешниҳод Тоҷикистону Қазоқистон таваҷҷӯҳ нишон додаанд.
Даниэл Розенблюм, ки дар вазорати умури хориҷии Амрико масъулияти ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар риштаҳои низомиро низ бар ӯҳда дорад, танҳо дар соли 2015 ду дафъа – моҳҳои феврал ва апрел – аз Душанбе боздид карда буд.
Бо ин ҳол, Зайдулло Тағоев, масъули бахши равобити байналмилалии вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 15 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз барои шарҳи ин мавзӯъ ва музокироте, ки дар масоили марбут ба ҳамкориҳои низомӣ байни Амрикову Тоҷикистон сурат мегиранд, омода нест.
Фаридун Маҳмадалиев, раҳбари дафтари матбуоти вазорати дифои Тоҷикистон низ рӯзи 15 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, кадом қарордоди мушаххасе дар заминаи ба Тоҷикистон додани мошинҳои низомӣ аз сӯи Амрико имзо нашудааст: «Мо бо Ийолоти Муттаҳидаи Амрико ҳамкорӣ дорем ва чанд созишнома ҳам имзо шудааст дар масъалаҳои мубориза бо терроризм, расондани кумакҳои фаннӣ, табодули иттилоот, таҷрубаомӯзӣ. Аммо дар масъалаи додани мошинҳои низомӣ ҳанӯз чизе нест. Мо дар масъалаи азнавсозии нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо Русия созишнома имзо кардаем ва ин барнома бояд ҳамин сол марҳала ба марҳала оғоз шавад.»
Ироаи 328 мошини низомӣ ба Узбакистон дар ҳоле сурат мегирад ки ҳамкориҳои низомӣ байни Амрико ва ҳукумати Ислом Каримов аз соли 2005, аз замони саркӯби хунини эътирозҳои Андиҷон, амалан қатъ шуда буд. Ғарб баъди он ҳаводис алайҳи Тошканд як силсила таҳримот ҷорӣ кард ва Узбакистон дар иваз нирӯҳои Амрикоро аз пойгоҳи ҳавоии Хонобод дар вилояти Қаршӣ, ки як нуқтаи муҳим барои таъмини нирӯҳои эътилоф дар амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон ба ҳисоб мерафт, берун кард.
Дар пайи ин чанд соли бидуни ҳамкорӣ, ироаи якбора 328 мошини низомӣ ба Узбакистон ба сурати умум бузургтарин кумаки низомие дониста мешавад, ки Амрико то кунун ба як кишвари Осиёи Марказӣ расондааст.
Розенблюм дар ибтидои сол дар мусоҳиба бо "Садои Амрико" гуфта буд, “Узбакистон дар роҳи мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ба ин васоили нақлиётӣ ниёз дорад. Ин мошинҳо ба вазорати дифоъ дода шуда, танҳо онҳо метавонанд аз он истифода баранд. Ин, албатта, васоили нақлиётии дифоист ва барои ҳифозат аз минаҳо, маводи тарканда ва амсоли ин пешбинӣ шудааст.”
Дар гузашта гуфта мешуд, ки нирӯҳои эътилофи зиддитеррор дар роҳи хуруҷ аз Афғонистон метавонанд як миқдор аз силоҳу таҷҳизоти низомии худро дар ихтиёри артишҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ гузоранд. Ин як навъ қадрдонии ин кишварҳо барои кумакашон дар амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон дониста мешуд.
Далели дигар зарурати тақвияти нирӯҳои амниятии ин кишварҳо барои муқобила бо таҳдиди гурӯҳҳои ифротии фурсатталабе буд, ки ба бовари бисёриҳо, баъди хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон метавонанд барои густариши ҷабҳаи ҷангҳои худ ба Осиёи Марказӣ талош кунанд. Хусусан гурӯҳҳои ҷангие, чун Ҳаракати исломии Узбакистон ё Ансоруллоҳ, ки асосан зодагони ин минтақаро муттаҳид мекунанд.
Акнун ба чунин гурӯҳҳои ҷангҷӯи фурсатталаб созмони «Давлати исломӣ» изофа шудааст, ки бино ба ҳисобҳо, дар сафи танзимҳои ҷангиаш дар Ховари Миёна аллакай садҳо нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, 412 нафар аз ин кишвар меҷанганд. Ин ҷангиён борҳо таҳдид кардаанд, ки майдони ба ном «ҷиҳод»-и онҳо танҳо бо Сурия ё Ироқ маҳдуд нахоҳад шуд.