Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишғоли Қрим хуруҷи нирӯҳои НАТО тавассути Русияро зери суол мебарад


Баъд аз тира шудани муносиботи НАТО бо Русия бар сари бӯҳрони Украина оё имкони берун овардани техникаву таҷҳизоти ғайринизомии НАТО аз Афғонистон тавассути қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия имконпазир аст?

Як намояндаи НАТО дар Бруссел, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, дар мусоҳибае бо радиои Озодӣ дар робита бо тавофуқоти мавҷудаи байни НАТО ва Русия роҷеъ ба интиқоли техникаву таҷҳизоти низомии нируҳои эътилофи байналмиллалии зери фармондеҳии НАТО дар Афғонистон ё ISAF гуфт, ки роҷеъ ба ин масъала то ҳол дар қароргоҳи НАТО дар Бруссел тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст.

“То ҳол ягон тағйироти амалӣ пеш наомадааст. То ҷое, ки ман хабар дорам, дар интиқоли колову мавод тавассути Русия тағйироте нест. 3 ҳафта пеш Андерс Фог Расмуссен-Дабири Кулли паймони мо гуфт, ки НАТО дар мавриди ҳама ҳамкориҳояш бо Русия таҷдиди назар хоҳад кард. Ҳоло баррасии ин масъала ниҳоӣ нашудааст. Бояд вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узв дар ин бора тасмим бигиранд. Ҳоло ин тасмим вуҷуд надорад”.

Қарор аст то поёни соли ҷорӣ нируҳои НАТО аз Афғонистон фаро хонда шаванд. Таҷҳизоту текникаи низомӣ низ ҳамзамон аз ин кишвар бояд бароварда шавад. Амрико ва умуман паймони НАТО барои берун овардани ин таҷҳизот ду масирро дар назар доранд. Яке дар самти ҷануб, тавассути Покистон ва дигарӣ дар шимол тавассути кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия. Чун масири ҷануб тавассути Покистон амн нест ва дар гузашта корвони мошинҳои икмолотии НАТО борҳо дар ин кишвар мавриди ҳамлаи Толибон қарор гирифтааст, ин паймон ба роҳҳои самти шимол бартарӣ медиҳад.
Моҳи июли соли 2012 мувофиқатномае ба имзо расида буд, ки бар асоси он нируҳои НАТО барои интиқоли таҷҳизоту техникаи ғайринизомӣ метавонанд ҳам роҳҳои оҳан ва ҳам ҳарими ҳавоии Русияро истифода кунанд.

Акнун бо пеш омадани бӯҳрони Украина ва Қрим чунин ба назар мерасад, ки НАТО чандон омодаи ҳамкорӣ бо Русия нест, дар ҳоле, ки Русия мехост роҳҳои оҳан ва пойгоҳи ҳавоии худро дар Уляновск дар ихтиёри НАТО гузорад.

Андрей Солдатов-коршиноси низомии рус бар ин ақида аст, ки баъд аз пеш омадани бӯҳрон дар муносиботи байни Аврупо ва Русия роҷеъ ба Қрим ҳар ду ҷониб масири Русия ва пойгоҳи Уляновскро барои интиқоли техникаву таҷҳизоти ғайринизомии НАТО аз Афғонистон бознигарӣ хоҳанд кард.

“Ман фикр мекунам, ки ин қарордод пеш аз ҳама бознигарӣ хоҳад шуд ва барои хуруҷи нируҳову таҷҳизот бояд масири дигар ҷустуҷӯ шавад. Шояд масири Осиёи Миёна ва Туркияро бубинанд, вале дақиқ аст, ки аз роҳи Русия нахоҳад буд”.
Қарор аст ҳамчунин Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистону Туркманистон ва Узбакистон ҳарими ҳавоии худро барои парвози ҳавопаймоҳо ва Русияву Беларус, Украинаву Қазоқистон ва Узбакистон роҳҳои оҳани худро барои интиқоли таҷҳизоти ғайринизомӣ ё ғайримарговар дар ихтиёри НАТО гузоранд. Вале Александр Голтс-коршиноси рус дар Маскав мегӯяд:

“Дар вазъияти кунунӣ, вақте ки Амрико дар бораи қатъи ҳар гуна робитаҳои низомӣ бо Русия изҳорот дод, ман шак дорам, ки масири Русия ва масири ҳавоӣ тавассути пойгоҳи ҳавоии Уляновск ба эътибори худ боқӣ бимонад. Агар НАТО аз масири Русия даст кашад, дар он сурат интиқол тавассути кишварҳоои Осиёи Марказӣ низ маъно нахоҳад дошт”.


Ба ақидаи ин коршиноси рус, ҳамаи роҳҳои заминӣ, пеш аз ҳама роҳҳои оҳани Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистону Қазоқистон ё Туркманистон ба сӯи Авпупо ва ё ба сӯи Амрико боз ҳам аз қаламрави Русия мегузаранд. Вале оқои Голтс мегӯяд, ҳатто пеш аз бӯҳрони Украина ва ба сардӣ гароидани муносиботи Русия бо Амрикову Аврупо НАТО изҳор дошта буд, ки ба пойгоҳи ҳавоии Уляновски Русия эҳтиёҷ надорад. Дар оғоз қарор буд, ки таҷҳизоти ғайринизомӣ то ба пойгоҳи низомии Русия дар Уляновск аз роҳи ҳавоӣ интиқол ёбад ва сипас аз роҳи оҳан ба бандарҳои баҳри Балтик расонда шавад.

Бо вуҷуди тирагӣ дар муносиботи Русияву НАТО, коршиносони низомӣ мегӯяд, ки ҳамкориҳои НАТО ва Русия комилан қатъ нахоҳад шуд ва ин ҳамкориҳо шояд дар чаҳорчӯбаи машваратҳо боқӣ бимонад. Ба ин далел Русия намояндаи худро дар НАТО нигоҳ медорад, то ин намоянда баъзе тамосҳои дуҷонибаро таъмин кунад.

Агар Русия аз гузоштани қаламрави худ ё ҳарими ҳавоии худ дар ихтиёри НАТО даст кашад ва ё НАТО аз ин кор худдорӣ кунад, дар баландмуддат Русия аз ин кор зарар хоҳад дид.
Аммо Рашид Абдулло-таҳлилгари тоҷик тирагӣ дар ҳамкориҳои низомии НАТО бо Русияро падидаи муваққатӣ медонад ва мегӯяд, ин ҳолат зиёд тӯл нахоҳад кашид, он гуна, ки дар соли 2005 бо Узбакистон пеш омада буд.

Моҳи маи соли 2005 баъд аз рӯйдодҳои хунини Андиҷон Амрико ба нишонаи эътироз бар зидди ҳамлаи нируҳои Узбакистон ба мардуми ғайринизомӣ ва бесилоҳ пойгоҳи низомии худро аз Хонободи Узбакистон дар Қаршӣ то поёни ҳамон сол хориҷ кард. Вале баъд аз гузашти муддате Амрикову Узбакистон ҳамкориро аз сар гирифтанд. Рашид Абдулло мегӯяд, низомиён нисбат ба дипломатҳо амалгаро мебошанд.

“Мардуми низомӣ мардуми амалгаро ҳастанд. Дар вақташ вазорати корҳои хориҷаи Амрико коре кард, ки муносиботи Амрикову Узбакистонро то ба ҳадди сифр фарорад. Вале Пентагон (вазорати дифои Амрико) буд, ки нагузошт ин кор рух диҳад. Низомиён мардуми амалгаро ҳастанд ва чандон ба эҳсос дода намешаванд ва коре карданд, ки дипломатҳои Амрико меҳнати тақрибан 15 солаи низомиён ва давлати Амрикоро барбод надиҳанд”.

Вале Голтс-таҳлилгари рус мегӯяд, ки бӯҳрон дар муносиботи Русияву НАТО бар сари Украина ва Қрим хеле амиқтар аз бӯҳронест, ки дар соли 2005 миёни Ғарб ва Узбакистон барои рӯйдодҳои хунини Андиҷон пеш омада буд.

НАТО ва Русия барои таъмини оромӣ дар Афғонистон манофеи муштарак доранд. То оғози бӯҳрони пешомада ду ҷониб барномаҳоеро пиёда мекарданд. Русия 2600 нафар кормандони мубориза бо маводи мухаддири Афғонистонро омӯзиш дод. Бо кӯмаки Русия 30 нафар халабонҳои артиши Афғонистон омӯзиш диданд.
XS
SM
MD
LG