Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё неруҳояшро аз тариқи Тоҷикистон берун мебарад


Душанбе ва Лондон созишномаи интиқоли нерӯ ва таҷҳизоти низомии Бритониё аз Афғонистон тариқи Тоҷикистонро, ба имзо расонданд.

Ин созишномаи имрӯз, 18-уми апрел дар Душанбе миёни ҳайатҳои мақомоти ду кишвар дар вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба имзо расид.

Ба ин созишнома аз ҷониби Тоҷикистон вазири умури хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ ва аз ҷониби Бритониё сафири ин кишвар дар Тоҷикистон ҷаноби Робин Орд Смитт имзо гузоштанд.

Бино бар хабари дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин созишнома тартиби иҷрои интиқоли низомиён ва таҷҳизоти ҳарбии Бритониёро тариқи қаламрави Тоҷикистон ба ҳадафи мусоидат ба талошҳои байналмилалӣ дар заминаи суботу эҳёи Афғонистон, таъмин мекунад.

Ҳудуди ду моҳ пеш вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дода буд, ки Душанбеву Лондон мавзӯи интиқоли молу маводи низомии Бритониё аз Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд ва Душанбе барои гуфтушунид бо дигар кишварҳои узви НАТО, ки низомиёнашонро аз Афғонистон берун мекунанд, омода аст.

Колин Робертс, раиси бахши Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии вазорати умури хориҷии Бритониё Колин Робертс иттилоъ дода буд, ки Бритониё бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам созиш дар бораи интиқоли молу мавод аз Афғонистонро таҳия мекунад.

Қарор аст, ки Бритониё соли равон 2,8 ҳазор ва соли оянда 5,2 ҳазор афсару сарбозашро аз Афғонистон берун кунад. Нерӯҳои байнулмилалии таҳти фармони НАТО бояд то охири соли 2014 таъмини назорат дар ҳама манотиқи Афғонистонро бар дӯши кормандони полису низомиёни маҳаллӣ гузоранд.

20 феврали соли равон ёвари вазири умури хориҷии ИМА дар масоили Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк изҳор намуд, ки Вошингтон барои хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон аз сохторҳои Тоҷикистон истифода нахоҳад кард.

Тули марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон 1344 километр аст.


ТАФСИЛОТИ БЕШТАР ДАВОМИ РӮЗ НАШР ХОҲАД ШУД
XS
SM
MD
LG