Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи раёсати ҷумҳури Миср дар "иҳота"-и тонкҳои артиш


Артиши Миср рӯзи панҷшанбе дар атрофии Кохи раёсати ҷумҳури ин кишвар, тонку зиреҳпӯшҳоро ҷо ба ҷо кард.

Ба гузориши хабаргузориҳо, истиқрори ин танкҳо пас аз даргириҳои хунини мухолифон ва ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср дар рӯзи чаҳоршанбе сурат гирифт. Бино ба гузоришҳо, шумораи қурбониёни хушунатҳои рӯзи чаҳоршанбе ба панҷ тан расидааст.

Хабаргузории "Франс-Пресс"-и Фаронса мегӯяд, ҳамзамон садҳо тан аз ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ дар шимоли Қоҳира ба ҷонибдории ӯ раҳпаймоӣ доир намудаанд.

Тарафдорон ва мухолифони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср дирӯз дар шаҳри Қоҳира ва дар назди Кохи раиси ҷумҳурӣ задухӯрд намуданд. Баъди ҳамлаи тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ ба яке аз хаймаҳои тазоҳургарони мухолифи раиси ҷумҳур, миёни онҳо низоъ бархост ва ду тараф ба сӯи ҳам зарфҳои оташгиранда партоб карданд. Ба гуфтаи вазорати беҳдошти Миср, дар ин муноқишаҳо 350 тани дигар ҳам маҷрӯҳ шудаанд.


Бархӯрди ҷонибдорон ва мухолифони Муҳаммад Мурсӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:22 0:00

Дар ҳамин ҳол бо идомаи нооромиҳо дар ин кишвар, Аҳмад Таййиб, шайх ё имоми ҷомеаи Ал-Азҳар, хостори хештандорӣ ва гуфтугӯ ба ҷойи хушунат байни тарафҳои даргир шудааст. Ба гузориши хабаргузории Фаронса, ӯ бо фоҷиабор тавсиф кардани вазъияти Миср, гуфт, ҳаводорон, мухолифон ва ҳукумат бояд ба бӯҳрон поён диҳанд.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико ду тарафро ба муколамаи фаврӣ дар бораи тарҳи қонуни асосӣ даъват кард, ки ба гуфтаи ӯ “ба ҳуқуқи ҳама эҳтиром бигзорад.”

Тазоҳургарони мухолифи раиси ҷумҳур аз тамаркузи қудрат дар дасти Муҳаммад Мурсӣ ва аз тарҳи Қонуни Асосӣ ба хашм омадаанд, ки исломгароёни ҳаводори ӯ он тарҳро шитобкорона ва бе назари дигар гурӯҳҳои озодандеш, тасвиб намуданд.
XS
SM
MD
LG