Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкате аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар Тоҷикистон коргар меҷӯяд


“Royal falcon security” - як ширкати арабӣ аз Тоҷикистон дархост кардааст, ки корҷӯёни тоҷикро барои кор дар Имороти Муттаҳидаи Араб фиристад.

Дар паи шурӯи ҷанг дар шарқи Украина мавриди таҳрими Ғарб қарор гирифт, даромади муҳоҷирон кам, вале хароҷот шадидан боло рафт

Ин ширкат гуфтааст, ки омодаи дар навбати аввал қабул кардани 50 коргарро ба ҳайси муҳофиз дар идораву марказҳои гуногун дорад ва барои ин кор ҳудудан 750 доллар маош пешниҳод мешавад.

Дар ҷустуҷӯи кор дар кишварҳои арабӣ

Агентии ба кортаъминкунӣ дар хориҷа феълан бо намояндагони “Royal falcon security” дар гуфтугӯ буда, шароити будубоши корҷӯёни тоҷикро дар Иморот баррасӣ доранд. Тоҷикистону Имороти Муттаҳидаи Арабӣ соли 2018 созишномаи байниҳукуматиро дар заминаи муҳоҷирати меҳнатӣ имзо кардаанд ва “Royal falcon security” аввалин ширкатест, ки бар асоси ҳамин созиш аз Тоҷикистон коргар дархост кардааст.

Тоҷикистон мегӯянд, ки дар фикри диверсификатсия ё гуногунсозии бозори меҳнат дар хориҷа аст, то ки ин кишвар танҳо вобастаи бозори кори Русия набошад. Солҳои истиқлолият Русия ба макони кору даромади беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон табдил шуд, ки аз бекориву набуди даромад кишварро тарк мекунанд. Аз роҳи интиқолҳои пулии муҳоҷирон ба Тоҷикистон ҳар сол беш аз 2 миллиард доллар маблағ ворид мешавад, ки чархаи зиндагии садҳо ҳазор оилаҳои муҳоҷиронро таъмин мекунад. Вале ин вобастагӣ боиси дар чандин ҳолат мавриди фишори сиёсӣ қарор гирифтани Душанбе аз ҷониби Маскав шудааст. Мақомоти Вазорати кор, ки агентии ба кортаъминкунӣ дар хориҷа назди он амал мекунад, солҳои охир дар бораи талошҳои эҷоди шароити қонунии кор дар кишварҳои дигар, аз ҷумла, дар кишварҳои арабиву Кореяи Ҷанубӣ сӯҳбат мекунанд. Вале то ҳанӯз Русия ва баъдан Қазоқистон макони ба истилоҳ суннатии корҷӯии тоҷикистониҳо дар хориҷа боқӣ мемонад.

Пушт ба Русия рӯ ба ИМА

​Дар миёни онҳое, ки рӯзи 28 март барои сабтином шудан ба кор дар Иморот муроҷиат карданд, онҳое ҳам буданд, ки таҷрибаи муҳоҷирати корӣ дар Русияро пушти сар кардаанд. Ин нафарон мегӯянд, ки баъди бӯҳрони иқтисодии соли 2014 дар Русия, ки дар паи шурӯи ҷанг дар шарқи Украина мавриди таҳрими Ғарб қарор гирифт, даромади муҳоҷирон кам, вале хароҷот шадидан боло рафт. Барои қонунӣ шудани ҳузури як коргари хориҷӣ дар Русия, ва аз ҷумла пардохти пули патенти ҳармоҳа, беш аз як ҳазор доллар масраф мешавад ва ин пулест, ки на ҳар як муҳоҷир онро пардохт карда метавонад. Ин ҳолат бисёр муҳоҷирони тоҷиро аз сафар ва кор дар Русия боздошт.

Ҷамшед Раҳмонови 32-сола, ки аз шаҳри Ваҳдат омада буд, гуфт: “Ман як сол дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия будам, хеле азоб кашидам, дар назди идораҳои бахши муҳоҷирати Русия соатҳо барои гирифтани як ҳуҷҷат интизорӣ мекашидам. Дар ҳуҷҷатгузорӣ хараҷотҳо ва саргардониҳо хеле зиёд шудааст. Дар сайти somon.tj эълони муҳоҷиратти меҳнатӣ ба Туркияро дида будам ва аз рӯи он ба агнетӣ омадам, лекин дар ин ҷо фаҳмидам, ки ширкате корҷӯёнро ба Дубай мебурдааст. Ман худро барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Дубай номнавис кардам, ба баъзе саволҳоямон ҷавоб доданд, ба баъзеи дигараш “мунтазир шавед” гуфтанд”.

“Арабҳо бояд ба Душанбе биоянд”

Ба иттилои масъулини Агентии ба кортаъминкунӣ дар хориҷа, таваҷҷӯҳи корҷӯёни тоҷик барои кор дар Иморот зиёд буда, то ин дам 150 довталаб худро номнавис кардаанд. Холбӣ Ҳасанова, муовини директори ин муассиса гуфт, ки барои интиқоли муҳоҷирони меҳнатӣ ба ин кишвари арабӣ баъзе масъалаҳое ҳалношуда боқӣ мондааст ва барои дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо намояндагони “Royal falcon security” бояд ба Душанбе ташриф биёранд, то миёни ду ҷониб гуфтугӯҳои рӯ ба рӯ сурат гирад:

“Масалан, таъмини ҷои хоб аз ҷониби ширкат ҳалли худро ёфтааст. Ба ӯҳда гирифтаанд, вале масъалаи хурду хӯроки муҳоҷирони меҳнатӣ ҳал нашудааст, яъне дар он кишвар хурду хӯрок барои муҳоҷири меҳнатӣ қимат меафтад ва бояд ин масъала низ ҳалли худро ёбад, онҳоро даъват кардаем ва ҳоло интизорем”. Ба гуфтаи Холбӣ Ҳасанова яке аз талаботи ширкати мазкур барои довталабон донистани забони арабӣ ё англисӣ дар сатҳи муошират мебошад.

Ба гуфтаи як масъули Оҷонсии бакортаъминкунӣ дар хориҷа талаботи дигар то 45-сола будани довталаб ва доштани таҷрибаи кор ба ҳайси муҳофиз будааст. Манбаъ мегӯяд, ки ширкат суғуртаи тибии муҳоҷирони кориро бар ӯҳда гирифтааст, вале бархе талаботаш боиси таъхири корҳо дар интиқоли корҷӯён шудааст.

"Онҳо гуфтанд ҳар як довталаб барои даъватнома бояд ҳудуди 700 доллар пардохт намояд, ки ин барои корҷӯёни мо мушкил аст. Мо таҷрибаи муҳоҷирати меҳнатии баъзе давлатҳоро ба кишварҳои арабӣ омӯхтем ва мехоҳем дар ин масъала эҳтиёткор бошем, марҳамат намояндагони ширкат биоянд, рӯ ба рӯ масъалаҳои ҳалношударо ба баррасӣ гирем",-афзуд манбаъ.

Таҷрибаи муҳоҷират ба кишварҳои арабӣ

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки бо нигоҳ ба таҷрибаи беш аз ду даҳсолаи муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, ҳукумат бояд дар фикри таъмини ҳуқуқи онҳо бошад. Мушкилоти мисли пардохт нашудани музди кор, азияти ходимони полис, фасоду ришват аз муҳимтарин масоили муҳоҷирони тоҷик дар Русия гуфта мешавад.

Сайдмурод Содиқов, шореҳи масоили муҳоҷирати меҳнатӣ мегӯяд: “Шартномаҳои мушаххас баста шавад, то сӯстифодае сурат нагирад. Ба хусус дар кишварҳои арабӣ шароити фарҳангӣ ва ахлоқӣ фарқ мекунад ва бархе одат доранд коргаронро ба унвони бардаву каниз истифода кунанд. Ҳарчанд ин раванд коҳиш пайдо кардааст, аммо ҳануз ҳам миёни афроди сарватманд чунин дидгоҳҳо вуҷуд дорад”, афзуд Сайдмурод Содиқов.

Содиқов гуфт, ки ҳодисаҳои поймолшавии ҳуқуқи инсон, сӯиистифодаи занон дар бозори фаҳшо, қочоқи инсон аз ҳамон паҳлӯҳои хатарнок ва нохушоянди муҳоҷират ба хориҷа аст, ки бояд барои роҳ надодан ба он андеша кард. СММ мегӯяд, ки дар соли 2017 - 86 шаҳрванди Тоҷикистон ба дасти қочоқбаронафтодаанд, ё дар кишваре мисли ғулом истифода шудаанд. Дар миёни ин кишварҳо давлатҳои арабӣ, аз ҷумла Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳам зикр мешавад.

Мақомоти тоҷик мегӯянд омори дақиқи шаҳрвандонро, ки ба ҳар роҳу восита вориди Имороти Муттаҳидаи Араб шудаанд, рӯи даст надоранд, вале сафари тоҷирон ва афрди касбу кори дигар дар муқоиса ба кишварҳо дигари арабӣ ба Имороти Муттаҳида, аз ҷумла ба шаҳри Дубай зиёд ба назар мерасад.

Амороти муттаҳидаи Араб, кишвари федеративӣ дар шимолу шарқии Арабистон мебошад, ки аҳолиаш наздики 10 миллион нафар мебошад. Ин яке аз кишварҳои пешрафтаи иқтисодӣ ба шумор меравад. Тоҷирони зиёд аз Тоҷикистон ба ин кишвар бо ҳадафи харидории мол мераванд ва бозорҳои Тоҷикистон пур аз моли истеҳсоли Иморот мебошад.

XS
SM
MD
LG