Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду "роҳбалад"-и тоҷик дар Латвия


Марзбонони Латвия ду шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Русияро бо иттиҳоми роҳбаладии муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Ветнам боздошт кардаанд.

Хадамоти марзбонии Латвия ду шаҳрванди Тоҷикистон як шаҳрванди Русияро бо иттиҳоми роҳбаладии ду гурӯҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Ветнам дастгир кардаанд. 11 муҳоҷир аз Ветнам ба боздоштгоҳи шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Даугавпилс интиқол дода шуда, ҳарсе роҳбалади русу тоҷик ба ҳабс гирифта шудаанд.

Алайҳи ин 14 нафар бо иттиҳоми дониста ва ғайриқонунӣ убур кардани марзи давлатии Латвия парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Се роҳбалад ҳамчунин ба интиқоли ғайриқонунии гурӯҳи бузурги афрод аз тариқи марз айбдор мешаванд.

Кристин Петерсон, раҳбари дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Латвия рӯзи 23 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ба шаҳрвандони Тоҷикистон тибқи қонунҳои Латвия, то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ӯ мегӯяд, ҳамаи ин афрод замоне дастгир шуданд, ки мехостанд пои пиёда аз марзи Беларус бо Латвия убур кунанд.

Шаҳрванди Русия ҳамроҳ бо 3 мард ва як зани ветнамӣ шаби 21 сентябр ҳангоми убури ғайриқонунии марзи Латвия бо Беларус дар минтақаи Салиен дастгир шудааст. Марзбонони Латвия мегӯянд, роҳбалади рус қасди фирор кард, вале ба даст афтод.

Ду гурӯҳи дигари муҳоҷирони ғайриқонунӣ, иборат аз 7 шаҳрванди Ветнам шоми 20 ва субҳи 21 сентябр дар атрофи минтақаи Прейли ба даст афтодаанд. Онҳоро, ки низ пои пиёда аз тариқи ҷангал вориди қаламрави Латвия шуданд, ду роҳбалади тоҷик ҳамроҳӣ мекарданд.

Латвия, ки узви Иттиҳодияи Аврупост, дар ин авохир ба як масири умдаи қочоқи муҳоҷирон аз Русия ба Аврупо табдил ёфтааст. Аксари ин муҳоҷирон аз Латвия ва кишварҳои дигари пасошӯравии соҳили Балтик – Литва ва Эстония, ки низ узви Иттиҳодияи Аврупоянд, ҳамчун аз кишвари транзитӣ дар роҳи расондани худ ба кишварҳои аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафтатари Аврупои ғарбӣ истифода мебаранд.

Кристина Петерсон, сухангӯи Хадамоти марзбонии Латвия мегӯяд, аз аввали сол дар ин кишвар беш аз 200 нафар бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дастгир шудаанд ва аксари онҳо муҳоҷироне буданд, ки мехостанд бо ҳар роҳе худро ба Иттиҳодияи Аврупо бирасонанд. Ӯ афзуд, ғолибан роҳбаладони боздоштшуда бахше аз шабакаҳои бузурги қочоқбар аст, ки аз ҳисоби интиқоли муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба Аврупо барои худ “тиҷорат”-и пурфоидае дуруст кардааст.

Ба гуфтаи хонум Петерсон, боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон нахустин мавриди бо иттиҳоми роҳбаладии муҳоҷирони ғайриқонунӣ дастгир шудани тоҷикон дар Латвия мебошад. Вале ба сурати умум ин нахустин мавриди боздошти шаҳрвандони тоҷик бо иттиҳоми интиқоли муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба Иттиҳодияи Аврупо нест.

Шаби 30 ба 31 август як ронандаи тоҷик аз сӯи марзбонони Беларус дар минтақаи Полотск бо иттиҳоми қасди аз тариқи ин кишвар ба Латвия расондани 8 муҳоҷири ветнамӣ дастгир шуда буд. Намояндаи отряди марзбонии Полотск гуфтааст, "ветнамиҳое, ки ронандаи тоҷик интиқол медод, зоҳиран қасди рафтан ба Иттиҳодияи Аврупоро доштанд. Ҳоло рӯшан нест, ки дар ин схема нақши шаҳрванди Тоҷикистон чӣ буд ва оё ӯ бо шабакаҳои қочоқбаре, ки ба интиқоли муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба Аврупо машғуланд, робита дошт? Ин масъала таҳқиқ мешавад."

Ҳамин тавр, дар моҳи июл марзбонони Беларус аз боздошти як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон хабар дода буданд, ки мехост аз тариқи минтақаи марзии Гродно ба Литва убур кунад. Ин ҷавони тоҷик, ба гуфтаи марзбонони Беларус, баъди боздошт иқрор кардааст, ки ба хотири ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар дар Иттиҳодияи Аврупо қасди убури марз дошт. Мақомоти Беларус мегӯянд, ин шаҳрванди тоҷик ба марзшиканӣ айбдор мешавад ва ӯро метавонанд аз қаламрави Беларус ихроҷ ва вуруди дигарбораашон ба қаламрави ин кишварро ба мӯҳлати то 5 сол манъ кунанд.

Ҳамин тавр, рӯзи 7 август як шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон, ки тоза аз зиндон раҳо ёфта буд, дар марзи Русия бо Финландия дастгир шуд. Худи ӯ гуфтааст, ки ... ҷое барои оббозӣ меҷуст, вале раҳгум задааст. Аммо марзбонҳо бар ин боваранд, ки маҳбуси собиқ қасди убури ғайриқонунии марзи Русия бо Финландияро дошт, зеро аз саддҳои мавҷуда гузашта, ҳадафмандона ба сӯи марз ҳаракат мекард. Дафтари матбуоти раёсати марзбонии Петербург мегӯяд, дар рафти тафтиш маълум шуд, ки ин мард алакай 11 сол боз дар Русия зиндагӣ мекард ва бо ҷурми ғоратгарӣ ба 5 соли зиндон ҳам маҳкум шуда, тоза аз маҳбас раҳо ёфтааст. Зоҳиран ӯ баъди раҳоӣ “хатти барот” (“справка об освобождении”)-ашро дониста “гум” кардаву мехост як зиндагии навро аз сифр дар Аврупо, ғолибан дар Финландия оғоз кунад.

Бо ҳар роҳе ба Аврупо расидан ва талаби паноҳандагӣ кардан дар ягон кишвари ин қора дар солҳои охир ба як падидаи фарогир табдил ёфтааст. Дар кишварҳои ҷануби Аврупо, бахусус дар Италия, Испания, Юнон ва кишварҳои қораи Балкан дар ҳоли ҳозир даҳҳо ҳазор муҳоҷир дар роҳ ба сӯи Аврупои ғарбӣ нишастаанд. Аммо ҳамзамон даҳҳо паноҳҷӯи дигар, асосан аз кишварҳои пасошӯравӣ ва Ветнам аз тариқи Русияву Беларус ва кишварҳои соҳили Балтик талош мекунанд, ба хотири ҷустуҷӯи як зиндагии нав худро ба Аврупо бирасонанд.

XS
SM
MD
LG