Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз зиндони Русия – ба Аврупо. Саргузаштҳои як шаҳрванди тоҷик


марзи Финландия бо Русия
марзи Финландия бо Русия

Бино ба гузоришҳо, дар марзи Русия бо Финландия як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки тоза аз зиндон раҳо ёфта буд, дастгир кардаанд. Худи ӯ гуфтааст, ки ... ҷое барои оббозӣ меҷуст.

Бино ба гузоришҳо, дар марзи Русия бо Финландия як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки тоза аз зиндон раҳо ёфта буд, дастгир кардаанд. Худи ӯ гуфтааст, ки ... ҷое барои оббозӣ меҷуст. Дафтари матбуоти раёсати марзбонии ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия дар шаҳру вилояти Санкт-Петербург рӯзи 17 август хабар дод, ки як ҳайъати дидбонии марз бо кумаки сагҳои бӯгир ин шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистонро ҳанӯз 7 август дар канори шоҳроҳи Е-18 боздошт кардаанд. Боздоштшуда бо худ ягон санад надошт ва ҳангоми бозпурсӣ гуфтааст, ки ... дар ҷустуҷӯи макони оббозӣ роҳашро гум кардааст.

Аммо марзбонҳо бар ин боваранд, ки маҳбуси собиқ қасди убури ғайриқонунии марзи Русия бо Финландияро дошт, зеро аз саддҳои мавҷуда гузашта, ҳадафмандона ба сӯи марз ҳаракат мекард. Дафтари матбуоти раёсати марзбонии Петербург мегӯяд, дар рафти тафтиш маълум шуд, ки ин мард алакай 11 сол боз дар Русия зиндагӣ мекард ва бо ҷурми ғоратгарӣ ба 5 соли зиндон ҳам маҳкум шуда, тоза аз маҳбас раҳо ёфтааст. Зоҳиран ӯ баъди раҳоӣ “хатти барот” (“справка об освобождении”)-ашро дониста “гум” кардаву мехост як зиндагии навро аз сари хат дар Аврупо, ғолибан дар Финландия оғоз кунад.

Аммо исми ин шаҳрванди Тоҷикистон нашр нашудааст. Дар баёнияи марзбонҳои Русия гуфта мешавад, “дар ҳоли ҳозир вайронкуннадаи марзи давлатӣ таҳти боздошт қарор дорад. Нисбат ба ӯ бар асоси қисми сеюми моддаи 30 ва қисми аввали моддаи 322-юми Кодекси ҷиноии Русия (“қасди убури марзи давлатӣ бе санади қонунӣ ё бидуни иҷозати лозим”) парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.” Барои чунин қонуншикани Кодекси ҷиноии Русия ба ҳайси муҷозот то 2 соли зиндон ваё ҷарима ба маблағи то 200 000 рубл, муодили беш аз 3 000 долларро муқаррар кардааст. Раёсати марзбонии Русия мегӯяд, баъди адои ҷазои навбатӣ ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчунин ба Ватанаш ихроҷ хоҳад шуд.

Бо ҳар роҳе ба Аврупо расидан ва талаби паноҳандагӣ дар ягон кишвари ин қора дар солҳои охир ба як падидаи фарогир табдил ёфтааст. Дар кишварҳои ҷануби Аврупо, бахусус дар Италия, Испания, Юнон ва кишварҳои қораи Балкан дар ҳоли ҳозир даҳҳо ҳазор муҳоҷир мунтазири баррасии дархости паноҳандагии онҳо нишастаанд. Аммо агар дар гузашта бештари паноҳҷӯён аз кишварҳои қораи Африқову Ховари Миёна ва Афғонистон буданд, дар моҳҳои охир дар бораи чандин мавриди бо талаби паноҳандагӣ ба Аврупо рӯ овардани шаҳрвандони Тоҷикистон низ гузоришҳо ба даст мерасанд. Дар моҳи июли соли равон Кумитаи давлатии марзбонии Беларус хабар дод, ки як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистонро дар марзи вилояти Гродно бо Литва дастгир кардааст.

Як намояндаи қисми навбатдории Гурӯҳи марзбонии Гродно дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “як шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1995, рӯзи якшанбе, 12 июл замоне дастгир шуд, ки мехост аз як минтақаи берун аз гузаргоҳи расмӣ сарҳади Беларус бо Литваро убур кунад.” Ин ҷавони тоҷик, ба гуфтаи марзбонони Беларус баъди боздошт иқрор кардааст, ки ба хотири ҷустуҷӯи як зиндагии беҳтар дар Иттиҳодияи Аврупо марзро шикастааст. Мақомоти Беларус мегӯянд, ин шаҳрванди тоҷик ба марзшиканӣ айбдор мешавад ва ӯро метавонанд аз қаламрави Беларус ихроҷ ва вуруди дигарбораашон ба қаламрави ин кишварро ба мӯҳлати то 5 сол манъ кунанд.

Финландия ва кишварҳои пасошӯравии соҳили Балтик – Литва, Латвия ва Эстония узви Иттиҳодияи Аврупоянд ва ҳам ба минтақаи Шенген шомил мешаванд. Бахусус баъди пайвастан ба минтақаи Шенген, ки низоми раводид байни 25 кишвари узвашро аз байн бардоштааст, ин кишварҳо ба як масири умдаи муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Аврупо аз паҳнои пасошӯравӣ ва ҳамчунин аз кишварҳое, чун Ветнаму Афғонистон ва Муғулистон, табдил ёфтаанд. Бисёриҳо баъди расондани худ ба ин кишварҳо ва дастрас кардани санади паноҳандагӣ талош мекунанд, ба кишварҳои боз ҳам “ободтар”-и Аврупо, бахусус ба Олмон роҳ биёбанд.

XS
SM
MD
LG