Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ронандаи тоҷик бо 8 муҳоҷир аз Ветнам


Посгоҳи марзии байни Ҷумҳуриҳои Беларус ва Латвия
Посгоҳи марзии байни Ҷумҳуриҳои Беларус ва Латвия

Марзбонони Беларус мегӯянд, ки як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми интиқоли ғайриқонунии 8 шаҳрванди Ветнам дастгир кардаанд.

Дафтари матбуоти отряди марзбонии минтақаи Полотски Беларус мегӯяд, ки марзбонони ин отряд дар ду рӯзи охир 16 шаҳрванди Ветнам ва ду зодаи ҷумҳурии Чеченистони Русияро бо иттиҳоми кӯшиши убури ғайриқонунии марзи Беларус бо Иттиҳодияи Аврупо дастгир кардаанд.

Ҳамроҳ бо онҳо се ронанда – шаҳрвандони Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон низ боздошт шудаанд. Денис Глебко, масъули дафтари матбуоти отряди марзбонии Полотск рӯзи 1 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, шаҳрванди Тоҷикистон шаби 30 ба 31 август замоне дастгир шуд, ки мехост бо мошини "Фолксваген Шаран"-аш 8 шаҳрванди Ветнамро аз вилояти Пскови Русия ба марзи Беларус бо Латвия бирасонад. Яке аз ин ветнамиҳо бо худ ҳатто шиноснома надошт."

Отряди марзбонии Полотск масъулияти ҳифозати марзҳои вилояти Витебски Беларусро, ки дар шарқ бо вилоятҳои Псков ва Смоленски Русия ва дар ғарб бо Латвия ҳаммарз аст, бар ӯҳда дорад.

Қаблан дар бораи талошҳои аз тариқи марзи Беларус бо Латвия ва марзи Русия бо Финландия кӯшиши гузаштан ба қаламрави Иттиҳодияи Аврупо кардани шаҳрвандони Тоҷикистон гузориш шуда буд, вале ин бори аввал аст, ки як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми кӯшиши интиқоли муҳоҷирони ғайриқонуние, ки қасди расидан ба Иттиҳодияи Аврупоро доранд, гузориш мешавад.

Намояндаи отряди марзбонии Полотск гуфтааст, "ветнамиҳое, ки ронандаи тоҷик интиқол медод, зоҳиран қасди рафтан ба Иттиҳодияи Аврупоро доштанд. Ҳоло рӯшан нест, ки дар ин схема нақши шаҳрванди Тоҷикистон чӣ буд ва оё ӯ бо шабакаҳои қочоқбаре, ки ба интиқоли муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба Аврупо машғуланд, робита дошт? Ин масъала таҳқиқ мешавад."

Дар моҳи июл марзбонони Беларус аз боздошти як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон хабар дода буданд, ки мехост аз тариқи минтақаи марзии Гродно ба Литва убур кунад. Ин ҷавони тоҷик, ба гуфтаи марзбонони Беларус, баъди боздошт иқрор кардааст, ки ба хотири ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар дар Иттиҳодияи Аврупо қасди убури марз дошт. Мақомоти Беларус мегӯянд, ин шаҳрванди тоҷик ба марзшиканӣ айбдор мешавад ва ӯро метавонанд аз қаламрави Беларус ихроҷ ва вуруди дигарбораашон ба қаламрави ин кишварро ба мӯҳлати то 5 сол манъ кунанд.

Ҳамин тавр, рӯзи 7 август як шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон, ки тоза аз зиндон раҳо ёфта буд, дар марзи Русия бо Финландия дастгир шуд. Худи ӯ гуфтааст, ки ... ҷое барои оббозӣ меҷуст, вале раҳгум задааст. Аммо марзбонҳо бар ин боваранд, ки маҳбуси собиқ қасди убури ғайриқонунии марзи Русия бо Финландияро дошт, зеро аз саддҳои мавҷуда гузашта, ҳадафмандона ба сӯи марз ҳаракат мекард. Нисбат ба ӯ бар асоси қисми сеюми моддаи 30 ва қисми аввали моддаи 322-юми Кодекси ҷиноии Русия (“қасди убури марзи давлатӣ бе санади қонунӣ ё бидуни иҷозати лозим”) парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.”

Дафтари матбуоти раёсати марзбонии Петербург мегӯяд, дар рафти тафтиш маълум шуд, ки ин мард алакай 11 сол боз дар Русия зиндагӣ мекард ва бо ҷурми ғоратгарӣ ба 5 соли зиндон ҳам маҳкум шуда, тоза аз маҳбас раҳо ёфтааст. Зоҳиран ӯ баъди раҳоӣ “хатти барот” (“справка об освобождении”)-ашро дониста “гум” кардаву мехост як зиндагии навро аз сари хат дар Аврупо, ғолибан дар Финландия оғоз кунад.

Бо ҳар роҳе ба Аврупо расидан ва талаби паноҳандагӣ кардан дар ягон кишвари ин қора дар солҳои охир ба як падидаи фарогир табдил ёфтааст. Дар кишварҳои ҷануби Аврупо, бахусус дар Италия, Испания, Юнон ва кишварҳои қораи Балкан дар ҳоли ҳозир даҳҳо ҳазор муҳоҷир мунтазири баррасии дархости паноҳандагии онҳо нишастаанд. Аммо ҳамзамон даҳҳо паноҳҷӯи дигар, асосан аз кишварҳои пасошӯравӣ ва Ветнам аз тариқи Русияву Беларус ва Украина талош мекунанд, худро ба Аврупо бирасонанд.

XS
SM
MD
LG