Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе ва Бишкек тирпаронӣ дар Ворухро таҳқиқ мекунанд


Гуфтугӯи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар маҷмааи "Ориён"-и шаҳри Исфара доир шуд. Акс аз 11 июли соли 2014.
Гуфтугӯи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар маҷмааи "Ориён"-и шаҳри Исфара доир шуд. Акс аз 11 июли соли 2014.

Душанбе ва Бишкек ба тавофуқ расиданд, ки ҳодисаи рӯзи 10 июл дар Исфара ба таври муштарак таҳқиқ шуда ва тарҳи бунёди роҳҳои алтернативӣ дар мавзеъҳои баҳснок, таҳия шавад.

Дар гуфтушуниди рӯзи ҷумъаи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, ҷонибҳо дар бораи таҳқиқи муштараки ҳодисаи тирпаронии марзбонҳои қирғиз ба сокинони Ворух ба мувофиқа расидаанд.

Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд ва узви ҳайати музокиракунандаи Тоҷикистон ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки ҷонибҳо ба ин мувофиқа расиданд, ки ҳодисаи тирандозии марзбонони қирғиз ба сӯи сокинони осоиштаи Ворух, ки як кушта ва чанд захмӣ ба ҷой гузошт, муштаракан таҳқиқ шавад. Оқои Сангинов афзуд, ки дар ин замина миёни ду ҷониб як протокол ҳам ба имзо расидааст. Ба гуфтаи муовини аввали раиси вилояти Суғд, дар ин гуфтугӯҳо ҳодисаи тирпаронӣ «ҷиддӣ» баҳс шудааст.

Ҳамчунин сари таҳияи тарҳи бунёди роҳҳои алтернативӣ дар мавзеъҳои баҳсноси Ворух ва Оқсой тавофуқ сурат гирифтааст. Ҷумъабой Сангинов гуфт, ки ҳамин ду масъала дар гуфтушунидҳои Қайроқум ва Исфара мавриди баррасӣ қарор гирифта буд ва бо ҳамин гуфтушунидҳо поён ёфт ва имрӯз, шанбеи 12 июл идома намекунад.

ҲАМДАРДИИ ШЕРАЛӢ ХАЙРУЛЛО БА ХОНАВОДАИ САФОИДДИН

Хабарнигори "Озодӣ" дар минтақа мегӯяд, ки ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар умури амниятӣ ва дифоъ Шералӣ Хайрулло аз хонаводани Сафоиддин Шарофов -- қурбонии ҳодисаи тирпаронии рӯзи 10 июл дидан намуда, ба онҳо ҳамдардӣ изҳор кардааст. Шералӣ Хайруллоро муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов ва раиси шаҳри Исфара ҳамроҳӣ намудаанд. Сафоиддин Шарофови 36-сола рӯзи 10 июл дар пай муноқишаи марзӣ ба ҳалокат расида буд.

РОҲИ БАЙНИ ВОРУХ ВА ИСФАРА БОЗ ШУД

Сокинони деҳаи Хоҷа Аълои Тоҷикистон ва сухангӯи ҳокими вилояти Бодканди Қирғизистон мегӯянд, роҳҳои Ворух-Исфара ва Оқсой-Бодканд боз шудаанд. Наздики шоми рӯзи 11-уми июл, пас аз гуфтушуниди тӯлонӣ роҳи байни Ворух ва Исфара, ки аз тарафи аҳолии қирғиз дар Оқсой баста шудааст, дубора боз гашт. Ҳамзамон роҳи миёни Оқсой ва Бодканд, ки аз ҷониби тоҷикон, сокинони деҳаи Хоҷа Аъло, масдуд гашта буд, низ кушода шуд ва ҳаракати нақлиёт дар ҳарду роҳ аз нав оғоз гашт. Ин хабарро сокинони Хоҷа Аъло ва ҳам намояндагони дафтари ҳокими вилояти Бодканди Қирғизистон тасдиқ карданд. Ҳамчунин хабарнигори Радиои Озодӣ Маъсуми Муҳаммадраҷаб, ки ҳоло дар ҷои воқеа аст, мегӯяд, ҳарду роҳ боз гаштаанд.

Пештар наздик ба 300 нафар аз сокинони Хоҷа Аъло ва деҳоти дигари минтақа дар сари ин роҳ тазоҳурот карданд ва боз шудани роҳро талаб намуданд. Бастани роҳҳо ба дунболи шиддат гирифтани вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳукми анъана даромадааст. Дар муноқишаҳои қаблӣ низ роҳҳо барои чанд рӯз баста буданд.

САФАРИ ГУРӮҲИ ЯКҶОЯ БА БЕДАК

Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон як гурӯҳи якҷояро барои пажӯҳиш рӯйдодҳои 10-уми июли Ворух ба мавзеи Бедак фиристоданд. Дар гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон таҳти сарварии муовинони сарвазирҳои ду кишвар Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев дар Исфара қарор шуд, як гурӯҳи кориро барои пажӯҳиши рӯйдодҳои мавзеи Бедак ба ҷазирақаламрави Ворух сафар кунад. Ҳар яке аз тарафҳо ин воқеаро ба таври худ тафсир ва тарафи дигарро гунаҳкор мекунад.

Ҳамчунин дар ин нишаст ҷонибҳо барои боз кардани роҳи аз дирӯз бастаи Ворух-Оқсой ба тафовуқ омадаанд. Хабарнигори радиои Озодӣ шоми 11-уми июл аз Исфара иттилоъ дод, ки алакай аввалин мошинҳои сокинон роҳро убур карда ба Ворух раҳсипор шуданд.

Гуфтушуниди ҳайатҳои музокиракунандаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар маҷмааи «Ориёно»-и шаҳри Исфара идома дорад ва баъд аз зуҳри рӯзи ҷумъа Шералӣ Хайрулло, ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар умури дифоъ ва аниятӣ аз Душанбе ба Исфара расид ва низ ба гуфтушунидкунандагон пайваст. Хабарнигори Озодӣ аз Исфара гузориш медиҳад, ки сокинон мунтазири натиҷаҳои ин гуфташунид ҳастанд. Манбаъҳои наздик ба ин нишаст гуфтаанд, ки мумкин аст ҷонибҳо аз ҷои тирпаронӣ дидан кунанд.

Тарафи Тоҷикистон мегӯяд, наздик ба 15 нафар аз марзбонони қирғиз ба дохили қаламрави Тоҷикистон даромада, деҳқононеро, ки ба кашидани лӯлаи об машғул буданд, таҳдиду таҳқир карданд ва аз онҳо хостанд, қаламрави Қирғизистонро тарк кунанд. Сипас марзбонон ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон оташ кушоданд. Як нафар дар ҷои воқеа кушта ва ҳафт тани дигар, ба шумули ду марзбони тоҷик захӣмӣ шудаанд. Пизишкон вазъи ду шаҳрванди захмишударо сангин арзёбӣ мекунанд.

Аммо тарафи Қирғизистон мегӯяд, деҳқонони тоҷик дар ҳудуди Қирғизистон буданд ва дар посух ба талаби марзбонон онҳоро сангборон кардаанд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон ҳамчунин марзбонони тоҷикро айбдор мекунад, ки аз силоҳи оташфишон, аз ҷумла мушакандоз ва хумпора истифода кардаанд. Дар натиҷа як сарбози қирғиз "контузия" гирифта, бистарӣ шудааст. Вале тарафи Тоҷикистон ин иттиҳомотро рад мекунад.

Ширкатдорон ва шоҳидони тирпарронӣ ба радиои "Озодӣ" гуфтанд, дар заминҳои худ кор мекарданд, ки аз посгоҳи экологии қирғизҳо 500 метр дарунтари қаламрави Тоҷикистон аст.

ДУ МАРЗБОНИ ЗАХМИИ ТОҶИК

Ба иттилои пизишкони бемористони шаҳри Исфара, ҷарроҳии ду сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки 10-уми июл дар тирпаррониҳо дар Ворух захмӣ шудаанд, ба поён расида, вазъи онҳо рӯ ба беҳбуд ниҳодааст. Хадамоти марзбонии Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар мегӯяд, яке аз сарбозон дар мавзеи Бедак ва дувумӣ дар посгоҳи худ аз тири марзбонони қирғиз захмӣ шудаанд.

Ҳамин тавр, ба гуфтаи пизишки беморхонаи марказии шаҳри Исфара, дар маҷмӯъ 8 нафар - 2 сарбоз ва 6 сокини оддии Ворух таҳти табобат қарор доранд. 2 нафари онҳо аз рӯзи гузаша дар шӯъбаи эҳёи беморхона қарор доранд ва вазъи саломатии онҳо хеле вазнин арзёбӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, марзбонони тоҷик мавзеъҳоеро дар қаламрави Қирғизистон ҳадафи оташи хумпора ва силоҳи сабук қарор додаанд. Дар натиҷа, ба гуфтаи ин манбаъ, як сарбози қирғиз "контузия" гирифтааст. Аммо Хадамоти марзбонии Тоҷикистон ин иттиҳомро рад кард ва мегӯяд, дар тамоми ҷараёни муноқиша марзбонони тоҷик аз силоҳи оташфишон истифода накардаанд.

Бино бар шароити нороҳаткунанда дар Исфара ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар таҳти роҳбарии Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев, муовинони сарвазири Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфтушунидро ба Қайроқум кӯч додаанд.

Ному насаби шаш нафар захмиёни тирпаронии 10-уми июл дар Ворух

Шаш нафар аз захмиёни дар ҳодисаи рӯзи 10-уми июл - Ҷаҳонбахш Қозиев, соли таваллудаш 1996, Ҳазрат Қозиев, соли таваллудаш 1981, Бахтовар Ҷурабекзода, соли таваллудаш 1984, Умед Бобоев, соли таваллудаш 1991, Шоҳрӯз Зиккиров, соли таваллудаш 1992 ва Шеҳвар Шарипов, соли таваллудаш 1988 ҳамагӣ сокинони деҳаи Тоҷикони ҷамоати Ворух будаанд.

Аммо ду сарбзи дигари дар ин ҳодиса захмишуда сокинони дигар манотиқи кишвар буданд, ки дар қисми ҳарбии Ворух адои хизмат мекардаанд.

Захмиёни ҳодисаи тирпаронӣ дар Ворух
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

Шаби 10-ум ба 11-ум июл дар Ворух нисбатан ором гузаштааст. Ба гуфтаи сокинони ин маҳал, мардуме, ки дар маркази ҷамоат таҷаммӯъ мекарданд, пароканда шудаанд. Ҷанозаи ҷавони аз тири марзбони қирғиз ҳалокшуда рӯзи гузашта бо иштироки зиёди сокинони Ворух ба хок супурда шудааст.

Роҳи Ворух ба Исфара ҳанӯз баста аст ва сокинони Ворух мегӯянд, мардуми ба шӯр омадаи қирғиз ҳатто мошини ёрии таъҷилиро бо душворӣ ба сӯи Исфара роҳ додаанд.

ШАРҲИ ҚИРҒИЗИСТОН ВА НОТАИ ТОҶИКИСТОН

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар робита ба тирпарронии рӯзи 10 июл, ки соати 11-30 дар қаламрави хоҷагии коооперативии “Ворух” дар марзи Исфараву Бодканд рух додааст, ба ҷониби Қирғизистон нотаи расмӣ фиристода, шарҳи ин ҳаводисро талаб кардааст.

Вазорати хориҷа дар иттилоияе, ки баъд аз зӯҳри 10 июл нашр кард, мегӯяд, марзбонҳои қирғиз дар посгоҳи Тамдиқ нисбат ба аҳолии осоишта, ки ба тармими қубури об машғул буданд, бадрафторӣ зоҳир карда, "нисбат ба сокинони осоишта рафтори номатлуб зоҳир карда, талаби ғайриқонунии қатъи корҳо ва тарк кардани мавзеъро пеш оварданд. Марзбонони Тоҷикистон, ки дар наздикӣ воқеъ буданд, барои муайян кардани ҳолати бавуҷудомада, ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, кӯшиш карданд, то амалҳои ғайриқонунии марзбонони қирғизро боз доранд. Дар ҷавоб ногаҳон аз ҷониби марзбонони қирғиз тирпаронии нишондор оғоз гардид. Дар натиҷаи ин амал, 7 сокини осоишта ва як марзбони тоҷик ҷароҳат бардоштанд. Як шаҳрванди Тоҷикистон бар асари ин ҷароҳат дар ҷои ҳодиса ҳалок гардид."

Нотаи расмии Тоҷикистон ба Қирғизистон дар ҳоле буд, ки дафтари матбуоти Хадамоти Қирғизистон аз тирпарронии дувум дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон хабар дод. Ин ниҳод марзбонҳои тоҷикро айбдор кард, ки "бо нақзи ҳама меъёрҳои қонуни байналмилалӣ" рӯзи 10 июл алакай бори дуюм алайҳи марзбонҳои қирғиз дар посгоҳи "Тамдиқ" тир кушодаанд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, марзбонҳои тоҷик аз миномёту гранатомёт оташ кушодаанд, вале дар ҳоли ҳозир тирпарронӣ қатъ шудааст ва "намояндагони нирӯҳои марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон ба маҳалли тирпарронӣ рафтаанд."

Дар ҳамин ҳол генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 10 июл дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар вокуниш ба изҳороти Хадамоти марзбонии Қирғизистон, ки шаҳрвандон ва марзбонони тоҷикро масъули тирпаррониҳои имрӯза дар марзи Исфараву Бодканд меномад, гуфт, ин паҳлуи қазияро дар ҳоли ҳозир шарҳ намедиҳад, чунки “ин ҳодисаро кумиссиюни дутарафа таҳқиқ карда истодааст. Мо ҳоло чизе гуфта наметавонем, бояд кумиссиюни дутарафа маълум кунад, ки чӣ гуузашту гунаҳкор кист.”

XS
SM
MD
LG