Гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба муайян кардани ҳудуди роҳҳои марзии нави Исфара – Ворух ва Кӯктош - Оқсой-Тамдиқ дар гуфтушуниди дурӯза дар вилояти Суғд ба тавофуқ нарасидаанд.
Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд, ки дар ин гуфтушунид ҳайъати Тоҷикистонро раҳбарӣ мекард, гуфт, мавқеъҳои бо ҳам мухолифи ҷонибҳо ва оғози роҳи Кӯктош – Оқсой – Тамдиқ дар мавзеъи баҳсноки сарҳадии Исфраву Бодканд ҳалли ин масъалаҳоро ба мушкил печондааст.
Вай афзуд: “Тоҷикистон пешниҳод дорад, ки роҳи нави Исфара - Ворух бояд як роҳи мустақил шавад ва тамоми паҳлӯҳои идораву истифода ва назорати он низ бар ӯҳдаи мақомоти дахлдори тарафи Тоҷикистон вогузор шавад. Вале Қирғизистон бар он аст, ки ин роҳ бояд мавриди истифодаи тарафайн қарор бигирад ва нигаҳдориву назорати он низ бояд аз ҷониби мақомоти ду кишвар сурат бигирад.”
Вале ба гуфтаи ҷаноби Сангинов, ин пешниҳоди қирғизҳо аз ҷониби Тоҷикистон пазируфта нашудааст, чунки ингуна ҳал шудани масъалаи роҳҳо ба мушкили аслии сокинони тоҷику қирғизи ин мавзеи марзӣ, ки мехоҳанд барои равуо ба кишварҳои худ роҳҳои мустақилу боз дошта бошанд, поён намебахшад.
Ҷумъабой Сангинов, ки дар нишаcти хабарии раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ сӯҳбат мекард, дар посух ба саволи Радиои Озодӣ гуфт: “Мо гуфтем, ки агар шумо мехоҳед ин роҳҳоро низ назорат бикунед, пас, чӣ зарурати сохтани роҳҳои нав аст? Биёед, аз бунёди роҳҳои нав худдорӣ кунем ва роҳҳои мавҷудаи Исфара - Ворухро, ки шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон то ҳол баробар дар он равуо мекунанд, истифода кунем.”
Бино ба хабарҳои расмӣ, дар музокироти рӯзҳои 3-4 июли комиссияи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марзӣ дар Бишкек муовинони нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев протоколеро ба имзо расонданд, ки тарҳи бунёди роҳҳои нақлиётӣ дар мавзеъҳои муноқишахези Воруху Оқсой дар марзи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон бо Бодканди Қирғизистонро пешбинӣ мекунад.
Ба думбол мулоқот ва гуфтушуниди гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 6 – ум ва 7 - уми июл дар Исфараву Қайроқум ҷиҳати муайян кардани ҳудуди роҳҳои марзии Исфараву Бодканд ва таъини муқаррароти созишномаи байнидавлатӣ дар мавриди хати марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон дар ин минтақа анҷом гирифт. Пешбинӣ шудааст, ин тарҳ муқаррарот ва меъёрҳои ҳаракати озодонаву бемамониати нақлиёт аз роҳҳои марзии Исфараву Бодканд ва аз байн бурдани ҳама гуна садҳои муноқишаангез миёни аҳолии марзии тоҷику қирғизро дарбар бигирад.
Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд мегӯяд, дар мулоқот ва гуфтушунид аввали гурӯҳҳои корӣ ба муофиқа нарасидан сари ҳалли “масъалаҳои мураккаби марзӣ” ба маънои қатъи гуфтугӯҳо нест. Вай афзуд, гурӯҳҳои оид ба масъалаҳои марзӣ баъд аз омузишу баррасиҳои масоили баҳснок рӯзҳои наздик мулоқоти навбатии худро дар Бодканд ё Исфара доир хоҳанд кард.
Тоҷикистону Қирғизистон 971 километр марзи муштарак доранд, ки бо гузашти қариб 23 сол аз мустақил шудани онҳо танҳо 504 километраш то имрӯз пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст. Ихтилофи назари тарафҳо дар масоили марзӣ дар манотиқи баҳсӣ боис шудааст, ки аз соли 2006 ба ин сӯ раванди таъин ва аломатгузории марзи ин ду кишвар дигар ягон километр пеш нарафтааст. Яке аз ҳассостарин нуқот дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон марзи байни Исфараву Бодканд аст.
Дар пайи як тирпарронии моҳи январ дар ин минтақаи марзӣ 2 марзбони тоҷик ва 5 марзбону як милисаи қирғиз ҷароҳат бардоштанд ва ин қазия боис шуд, ки Қирғизистон марзашро бо Тоҷикистон то моҳи апрел баста, сафираш аз Душанбе барои ду моҳ фаро бихонад. Ин таниш ҳоло хеле фурӯ нишастааст, вале марзи Исфараву Бодканд, дар хусус дар атрофи Ворух, як нуқтаи низоъангези марзи ин ду кишвари фақиртарини Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад.