Ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ) тасмим гирифтааст, ки ду майдони лижаронӣ (лағжасаворӣ)-ро дар маркази ноҳия бозсозӣ кунад. Дар ин ноҳия қариб шаш моҳ фасли сардӣ ҳукмрон аст ва аз аввали моҳи ноябр то охирҳои моҳи март ҳама ҷо барфпӯш мебошад. Почохон Зарифзода, раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, дар охири моҳи январи имсол гуфт, ноҳияи онҳо барои лижаронӣ (лағжасаворӣ) мавзеи мувофиқ аст. Зарифзода афзуд, онҳо ба раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ нома фиристодаанд, то барои сохтан ва омода кардани мавзеи лижаронӣ (лағжасаворӣ) ёрӣ кунанд.
Масъулони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин мегӯянд, ки ноҳияи онҳо барои лижатозӣ мавзеи мувофиқ аст.
"Ин нома аллакай ба кумита расидааст. Баъди мактуб бо роҳбари базаи "Сафе-дара" тариқи телефон сӯҳбат анҷом дода, мактубашон фиристодем. Онҳо ваъда карданд, ки бо таҷҳизоти лижатозӣ, ки дар захираҳояшон мавҷуд аст, моро таъмин мекунанд. Ҳоло мо дар қатори дигар соҳаҳои варзиш, талош дорем, ки лижатозиро эҳё кунем", -гуфт Почохон Зарифзода.
Тасмими бозсозии майдони лижатозӣ (лағжасаворӣ) ва муроҷиати ҳукумати маҳаллӣ ба масъулини базаи "Сафе-дара"-и ноҳияи Варзоб дар ҳолест, ки соли 2014 нахустин мактаби лижатозӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ) таъсис ёфт ва ҳукумати маҳаллӣ 20 маводи варзишии лижатозӣ дастрас кард, ки арзиши ҳар кадоми онҳо то 150 -доллари амрикоиро ташкил медод.
Гузориши видеоӣ инҷост:
Холмуҳаммади Мансур, як сокини 18-солаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, рӯзи 1 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, аз хурдӣ ба ин намуди варзиш шавқ дошт. Ин сокини маҳаллӣ афзуд, ҳоло дар ин ноҳия дар ҳар хонадон як таҷҳизоти лижатозӣ, аз ҷумла чана дида мешавад. Ӯ мегӯяд, ки завқи мардуми ин ноҳия ба ин намуди варзиш бештар ва дар ҳар кӯча як лижатоз дида мешавад.
"Ҳоло ба кадом хонае, ки ворид шавӣ, як таҷҳизоти лижатозӣ дида мешавад. Агар дар ин ноҳия мисли "Сафед-дара" як макони лижатозӣ бисозанд, беҳтарин мешавад. Худи ман низ дар чанд мусобиқа, ки дар "Сафед-дара" гузашта буд, ширкат кардам. Завқи мардум ба хусус кӯдакон ба ин намуди варзиш зиёд аст, зеро дар ҳар кӯча дар фасли сармо кӯдакон ба лижатозӣ машғул мешаванд",--гуфт ӯ.
Сокинони ин маҳал мегӯянд, онҳо лижатозиро аввал бо лижаҳои худсоз дар ин мавзеъ омӯхтанд ва ҳоло ҳам аксар бо лижаҳои худсохт лижатозӣ мекунанд. Зимнан, лижатозӣ ба намудҳои гаронарзиши варзишӣ марбут аст ва барои тарбияи варзишгарони касбӣ, захмату маблағи зиёдеро талаб мекунад. Аммо мураббиён ва худи варзишгарон умедворанд, ки ин намуди варзиш дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва ҳамин тавр дар Тоҷикистон рушд хоҳад кард ва наврасону ҷавонони тоҷик дар мусобиқоти минтақавӣ ва байналмилалӣ ширкат хоҳанд кард.