Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия дар пешгирии як ҳамла ба Русия мадад кардааст


"Крокус Сити Ҳолл", 29-уми марти 2024
"Крокус Сити Ҳолл", 29-уми марти 2024

Хадамоти махсуси Туркия мақомоти Русияро аз омодагии гурӯҳе ба як ҳамлаи дигари террористӣ баъд аз ҳодисаи "Крокус Сити Ҳолл” огоҳ кардаанд.

Нашрияи туркии "Hurriyet" хабар дода, ки террористон мехостанд ба як маркази савдои бузург дар Русия ҳамла кунанд.

Ба иттилои нашрия, ин маълумот дар рафти бозпурсии 5 ҷонибдори шохаи “Хуросон”-и гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ба даст омадааст.

"Hurriyet" навишта, ки Хадамоти махсуси Туркия баъди ҳамла ба калисои "Санта-Мария"-и Истанбул дар моҳи январи соли 2024 чандин нафарро бозпурсӣ ва бо мақомоти Русия тамос гирифтаанд.

Ҳамлаи террористӣ ба “Крокус” шоми 22-юми март рух дод ва дар он ҳодисаҳо 144 нафар кушта шуд. Як қисми онҳоро ҳамлагарон бо тири туфанг куштанд, вале аксарият дар натиҷаи сӯхтор ва нафасгир шуда ҷон доданд.

Шохаи "Хуросон"-и гурӯҳи мамнӯи "Давлати Исломӣ" иддао кард, ки ин ҳамларо ҷангҷӯёни он анҷом додаанд. Дар Ғарб ҳам ба ин иддао бовар мекунанд.

Ҷониби Русия мегӯяд, дар пушти иҷрокунандагони ҳамла Украина истодааст. Киев ин иттиҳомҳоро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG