Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёддошти сафири пешин: "Каримов гуфт, ибораи "Ҷаноби олӣ"-ро Раҳмон дӯст медорад"


Акси Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов. Шаҳри Тошканд, 23-юми июни соли 2016
Акси Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов. Шаҳри Тошканд, 23-юми июни соли 2016

Ҷорҷ Крол, сафири пешини Амрико дар Тошканд, дар ёддоште барои Маркази Дэвис (Маркази пажӯҳиши Русия ва АвруОсиё)-и Донишгоҳи Ҳарвард дар бораи шиносоӣ ва муносибаташ бо президенти собиқи Узбекистон Ислом Каримов ва духтари калонии ӯ, Гулнора Каримова, нақл кардааст.

Дар як ҷойи он номи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳам дарҷ шуда. Ёддоштҳои сафирро торнамои "Eurasianet" рӯзи 21-уми июн чоп кард. Крол аз соли 2011 то 2014 сафири Иёлоти Муттаҳида дар Узбекистон буд.

Ба нақли вай, дар оғози кор ва баъд аз супурдани боварнома бо Ислом Каримов мулоқот доштанд ва ин гуфтугӯйи яксоата дар равобити баъдии ӯ бо Каримов ва фаъолияташ дар Тошканд нақши муҳим дошт.

Ҷорҷ Крол, сафири собиқи Амрико дар Узбекистон, бо ёдоварӣ аз мулоқоти аввалинаш бо президенти пешини Узбекистон гуфтааст, дар муроҷиат ӯро “Ҷаноби олӣ” гуфт ва президент зуд суханашро бурид.

“Вақте бо ин ибора ба ӯ муроҷиат кардам, Каримов бо ишораи даст суҳбати маро қатъ кард. Ӯ бодиққат ба ман нигариста, гуфт: “Шумо бо забони узбекӣ хуб суҳбат мекунед, вале дигар ба ман чунин муроҷиат накунед. Чунин суханҳои бодабдабаро барои касоне чун президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, гузоред. Чунин муроҷиатҳои болохонадорро ӯ дуст медорад. Ман як одами хоксор ҳастам. Шумо метавонед ба ман ҳамчун ҷаноби президент муроҷиат кунед,” – нақл кардааст сафири собиқи Амрико.

Ҷорҷ Крол
Ҷорҷ Крол

Крол ба ёд овардааст, ки ҳангоми мулоқот Ислом Каримов дар бораи ҳамсояҳои Узбекистон шарҳҳои масхараомез ва шӯхиҳо кардааст: “Баъдан Каримов маро то назди дар гусел кард, муносибате, ки тавре баъд ман фаҳмидам ӯ на бо ҳар меҳмон мекардааст.”

Дипломати амрикоӣ дар идомаи ёддоштҳояш дар бораи мулоқот бо Гулнора Каримова ва нохоста ба моҷарои хонаводагии онҳо кашида шуданаш нақл кардааст. Ба гуфтаи сафири собиқ, духтари калонии Каримов бо ду фарзандаш, ки дар Амрико таваллуд шудаанд, ба назди ӯ омада, аз модару хоҳараш шикоят намудааст.

"Ба сӯйи Гулнора пойафзол партофтааст"

“Шабе дар арафаи ҷашни Соли нав дар сафорат кор мекардам, ки нигаҳбон ба ман занг зад ва гуфт, як меҳмон - духтари калонии Каримов, Гулнора Каримова, мехоҳад фавран маро бубинад. Гулнора, ки дар тан либоси Versace ва Gucci дошт, ба нақли достони тӯлонии зиндагӣ ва мушкилоти худ сар кард. Ман босаброна ӯро гӯш кардам. Аз он хавф доштам, ки дар сафорат паноҳгоҳ мехоҳад. Барои ман ин ҳам аҷиб буд, ки маъмулан бо ҳомиёни ҳуқуқи башари узбек вомехӯрдам, яъне бо онҳое, ки зери фишори ҳукумат қарор доштанд, аммо ҳоло духтари президенти Узбекистон мегӯяд, ки хонаводааш гуё ӯро таъқиб мекунад,” - нақл кардааст сафири собиқи Амрико.

Ба гуфтаи ӯ, Гулнора Каримова дар ин мулоқот аз ӯ хостааст, вохӯрияшро бо Ислом Каримов ташкил кунад: “Мегуфт, модар ва хоҳарашу атрофиён ба ӯ имкон намедиҳанд, ки падарашро бубинад. Баъди мулоқот ман Гулнора ва кӯдаконашро аз сафорат то назди мошине, ки онҳоро интизор буд, бурдам. Гуфтам, ки ҳама талошамро барои мулоқоти ӯ бо падараш мекунам. Рӯзи дигар тавонистам бо Каримов тамос гирам. Баъдтар Гулнора бароям хушхабар фиристод, ки мулоқот таъин шудааст. Баъдан фаҳмидам, ки ин мулоқот чандон хуб анҷом наёфтааст ва падараш ба сӯяш пояфзол партофтааст. Дигар ман Гулнораро надидам.”

Гулнора Каримова
Гулнора Каримова

Сафири собиқ навиштааст, ки худи Каримов дар суҳбатҳо ҳеч гоҳ аз он ҳодиса ёд намеовард.

Президенти нахустини Узбекистон дар соли 2016 аз дунё даргузашт. Нисбат ба духтари ӯ Гулнора Каримова соли 2013 дар Узбекистон ду парванда боз карданд. Вай дар соли 2015 ба гуноҳи ғоратгарӣ 5 сол аз озодӣ маҳрум ва соли 2017 бо гумони саркашӣ аз пардохти молиёт (андоз) 10 сол ба зиндон маҳкум шуд.

Аз баҳори соли 2019 вай дар маҳбаси занонаи ноҳияи Зангиотаи Тошканд адои ҷазо мекунад. Мақомоти Узбекистон маблағи умумии дороиҳои Гулнора Каримова ва атрофиёнашро дар хориҷ тақрибан 1,4 миллиард доллар арзёбӣ мекунанд. Онҳо талош доранд, ки ин пулро баргардонанд.

Талоши "сафедкунӣ"

Қисмати ҷолиби дигари ёддоштҳои дипломати амрикоӣ ин нақли ӯ дар бораи суҳбатҳои шомгоҳияш бо Ислом Каримов аст. Ҷорҷ Крол навиштааст, ки президенти Узбекистон ӯро борҳо ба мулоқоти шахсӣ, ба қароргоҳи худ даъват мекард ва дар бораи ҳодисаҳои гуногун, аз ҷумла оид ба вохӯриҳояш бо раҳбарони хориҷӣ нақл мекардааст:

“Вай аз вазъ дар ҷаҳон шикоят мекард ва аз баъзе амалҳои қаблии худ изҳори пушаймонӣ менамуд. Кӯшиш мекард худро “сафед” кунаду бигӯяд, ки чӣ чизе ӯро водор ба он амал кард. Ман худро бештар рӯҳшинос эҳсос мекардам, на дипломат, баъд фикр кардам, ки магар дипломат ҳам як навъ рӯҳшинос нест? Ман то ҳанӯз як гапи ӯро, ки дар яке аз мулоқотамон гуфта буд дар ёд дорам. Гуфт: “Ҷаноби сафир, ман муддати тӯлонист, ки дар сиёсатам. Як чизро фаҳмидам, ки ба сиёсат бо дастпӯшаки сафед намешавад машғул шуд. Сиёсат ҳамеша як шуғли ногувор буд. Ҳоло ва дар оянда ҳам ҳамин тавр хоҳад буд.”

XS
SM
MD
LG