Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон бе тамоку монд


Аз мағозаҳои Туркманистон сигор ё тамоку нопадид шуд. Сабаби ин кор талоши раҳбарияти кишвар барои таблиғи тарзи солими зиндагӣ аст.

Аҳволи сигоркашҳои маҳаллӣ, ки наметавонанд ин одати худро хотима диҳанд, бад аст: харидории сигор душвору нархи он якбора гарон шудааст.

Ҳамаи кор аз он шурӯъ шуд, ки 5 январ дар ҷаласаи Шӯрои давлатӣ президент Бердимуҳаммадов аз фаъолияти Идораи таъмини амнияти ҷомеаи солим шадидан интиқод кард. Раҳбари идора сарзаниш шунида, унвонаш пойин карда шуд. Аз вай талаб шуд, ки барои аз байн бурдани тамокукашӣ иқдомҳои фаврӣ анҷом диҳад, менависад сомонаи “Хроники Туркменистана”.

Мақомот барои мубориза бо тамокукашӣ иқдомҳои ҷиддиеро рӯйи даст гирифт: дар бозорҳо ва мағозаҳо манъи комили фурӯши сигор ҷорӣ шуд. Тоҷироне, ки зимни фурӯши сигор ошкор мешаванд, бо 10 маоши ҳадди ақал (5900 манат ё 1680$) ҷарима мешаванд.

Ҳоло сигорро танҳо аз фурӯшандаҳои ошно ва ба сурати махфӣ метавон харидорӣ кард. Соҳибони мағозаҳо аз фурӯши сигор ба одамони ношинос ҳарос доранд. Аз замони роҳандозии манъи фурӯши сигор дар Туркманистон арзиши он 1,5-2 маротиба то 13 доллар барои як қуттии сигор афзоиш ёфт. Ба ин хотир бештари мардум сигорро донабайъ – 1,5-2 манат (40 сент) барои як дона сигор харидорӣ мекунанд.

Мақомоти Туркманистон бори аввал бо тамокукашӣ дар кишвар мубориза намекунанд. Соли 2011 дар Туркманистон андозҳои воридотӣ барои маҳсулот аз тамоку афзоиш дода шуд. Ду сол баъд мақомот тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятиро манъ карданд. То ҷое ин тасмим натиҷа дод. Тибқи иттилои Созмони байналмиллалии тандурустӣ (СБТ), Туркманистон кишварест, ки дар он ҷо теъдоди камтарини тамокукашҳо зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG