Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доллар... бо талон харидорӣ мешавад


Бонкҳои Туркманистон дар ростои фурӯши асъори хориҷӣ қоидаи нав ҷорӣ карда ва асъори хориҷиро ба мардум тавассути талон мефурӯшанд.

Бино ба гузориши бахши туркмании Радиои Озодӣ, бонкҳои Туркманистон дар ростои фурӯши асъори хориҷӣ қоидаи нав ҷорӣ карда ва асъори хориҷиро ба мардум бар асоси талон мефурӯшанд.

Ҳамакнун сокинони шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон маҷбур ҳастанд, барои дарёфти чунин талон дар назди бонкҳо ба муддати 21-22 соат интизор бимонанд.

Гуфта мешавад, дар ин талон таърих ва маҳали харидории асъори хориҷӣ дар бонкҳо сабт шуда, соҳибони талон бояд дар соати таъиншуда ва бонки номбаршуда ҳозир шаванд. Дар акси ҳол, онҳо аз ҳаққи хариди асъори хориҷӣ маҳрум мешаванд.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, теъдоди одамоне, ки барои дарёфти талон дар назди бонкҳо мунтазир мемонанд шабона то 200 нафарро ташкил медиҳад. Ҳатто ба иддаи зиёди афроде, ки тамоми шаб дар навбати дарёфти талон қарор доштанд, талон дода намешавад.

Ҳоло хариду фурӯши доллари амрикоӣ ва евро дар бахшҳои мубодилаи асъори бонкҳои Туркманистон ҳам анҷом намешавад.

Мушкили хариди асъори хориҷӣ дар Туркманистон аз авоили соли ҷорӣ, дар пайи беқурбшавии манат, пули миллии ин кишвар дар баробари асъори хориҷӣ оғоз гардида ва мақомоти Туркманистон барои фурӯши асъори хориҷӣ монеаҳои мухталиф эҷод кардаанд.

Аммо шурӯъ аз моҳи ноябри соли ҷорӣ мақомоти ин кишвар дар ростои хариду фурӯши асъори хориҷӣ тадобири сахтгиронаеро рӯи даст гирифтаанд. Кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ба боздошти афроде, ки ба табодули асъор машғул буданд, шурӯъ карданд. Ба дунболи ин иқдом, қурби доллар дар бозорҳо якбора боло рафт. Дар натиҷа, арзиши 1 доллари амрикоӣ аз 3,6 то ба 4,5 манат афзоиш ёфт.

Феълан қимати 1 доллар дар бонкҳо 3,5 манат буда, сокинони кишвар бо нигаронӣ аз имкони беқурбшавии бештари манат барои харидории миқдори зиёди доллари амрикоӣ талош мекунанд.

Дар бонкҳои Туркманистон дар фурӯши асъори хориҷӣ маҳдудият ҷорӣ шуда, як нафар метавонад дар як навбат ба миқдори 1 ҳазор доллари амрикоӣ харидорӣ кунад. Миқдори умумии хариди доллар дар як сол барои як нафар то 8 ҳазор доллари амрикоӣ буда, тоҷироне, ки ба миқдори бештари доллар ниёз доранд, маҷбур ҳастанд бо қимати бештар дар “бозори сиёҳ” харидорӣ кунанд.

Навбат барои харидории доллар дар шаҳри Ишқобод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:31 0:00

Беқурбшавии пули миллӣ танҳо хоси Туркманистон набуда, дар соли ҷорӣ арзиши пулҳои миллии ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври қобили мулоҳиза дар баробари доллари амрикоӣ ва евро коҳиш ёфтанд.

Бино ба иттилои торнамои eurasianet.org беқурбшавии пули миллӣ аз ҳама бештар дар Қазоқистон иттифоқ афтода, дар соли ҷорӣ танга 50 дарсади арзиши худро дар баробари асъори хориҷӣ аз даст додааст.

Дар соли ҷорӣ беқурбшавии сӯми ӯзбакӣ ба 40 дарсад, соми қирғизӣ ба 30 дарсад ва сомонии тоҷикӣ ба 17 дарсад расидааст.

Бонки милли Тоҷикистон рӯзи 1 декабри соли ҷорӣ саррофиҳоро дар болоравии қурби доллар дар баробари сомонӣ муттаҳам кард ва шеваи мубодилаи асъорро дар кишвар тағйир дод. Бинобар дастури Бонки миллӣ аз ин ба баъд танҳо бонкҳо ба мубодилаи асъори хориҷӣ машғул хоҳанд шуд.

Ин тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки рӯзи душанбеи 30 ноябр қурби доллари амрикоӣ дар баробари пули миллӣ ба шиддат боло рафт ва дар баъзе саррофиҳо 1 доллар ба ивази 7 сомониву 35 дирам ба фурӯш рафт. Рӯзи дигар дари аксари саррофиҳо дар пойтахти Тоҷикистон баста буд.

Афроде, ки ба харидуфурӯши ғайриқонунии асъор машғул мешаванд, бар асоси дастурамали нави Бонки миллӣ ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG