Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Тоҷикистон барои нигоҳ ба ришвахорӣ аз паси панҷа


Гузориши нави созмони Шаффофияти Байналмилал нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар соли гузашта аз назари фасоди молӣ ва мубориза бо он дар яке аз мақомҳои поинтарин қарор гирифтааст. Дар шохиси имсолаи созмон Тоҷикистон дар миёни 180 кишвар дар мақоми 152-ум қарор дорад.

Ба гуфтаи муаллифони гузориш, соли 2018 дар умум кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ дар мубориза бо фасоду ришвахорӣ пешрафте накарданд ва ингуна беамалӣ ба демократия дар тамоми минтақа таҳдид мекунад.

Шаффофияти Байналмилал (Transparency International) дар шаҳри Берлин қарор дорад ва сатҳи коррупсияро бар асоси ҷадвали 100-имтиёзӣ баҳо медиҳад. Агар имтиёзи кишвар ҳар қадар кам бошад, фасоду ришвахорӣ дар он ба ҳамон андоза зиёд аст.

Имтиёзи бештар, аммо вазъи бадтар

Гузоришро рӯзи 29-уми январ нашр карданд ва Тоҷикистон дар он дар соли 2018 назар ба соли 2017 имтиёзи бештар гирифтааст. Соли 2017 ба кишвар 21 ва соли гузашта 25 имтиёз доданд, ки дар асл бояд “аломати беҳбудӣ” бошад.

Аммо Светлана Савитская, коршиноси Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар ин созмон ба Радиои Озодӣ гуфт, тағйири имтиёз фақат фаннӣ аст ва онҳо ҳеҷ аломатеро надидаанд, ки дар Тоҷикистон мубориза бо коррупсия беҳтар шуда бошад.

“Соли 2017 пурсиши мудирону соҳибкорон дар бораи фасоду ришвахорӣ дар Тоҷикистон набуд, соли 2018 сурат гирифт, аз ин рӯ мумкин аст, ҳамин тағйироти фаннӣ сабаби имтиёзи бештар гирифтани Тоҷикистон шуда бошад. Бар асоси таҳқиқоти алоҳида баръакс вазъ дар муқоиса ба соли 2017 бадтар шудааст”, гуфт Светлана Савитская.

Дар маҷмуъ кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ имтиёзи куллии 35-ро гирифтаанд ва дар вазъашон андаке беҳтар аз кишварҳои африқоӣ будааст.

Дар гузориш омадааст: “Тақрибан ҳамаи кишварҳои минтақа аз 100 имтиёз 45 имтиёз ё камтар аз инро гирифтаанд ва дар мубориза бо фасод пешрафти бисёр кам доштаанд.”

Дар Осиёи Марказӣ ба гуфтаи муаллифони гузориш, ришвахориву фасод дар Туркманистон аз ҳама бештар будааст. Кишвар 20 имтиёз гирифтааст ва Тоҷикистону Узбекистон поинтар ва дар мақоми 161-ум қарор дорад. Узбекистон дар мақоми 158-ум ва 6 зина поинтар аз Тоҷикистон аст.

Коррупсия бе ҳеҷ муқовимат "мешукуфад"

Ба гуфтаи Шаффофияти Байналмилалӣ, зоҳиран худи ҳукуматҳо зиёд майли мубориза бо фасодро надоранд. ”Набуди иродаи сиёсӣ, сохторҳои заиф ва ҳуқуқи ками сиёсӣ фазоеро фароҳам овардааст, ки дар он коррупсия бе ҳеҷ гуна муқовимат ривоҷ меёбад”, омадааст дар ин гузориш.

Созмон мегӯяд, фасод дар кишварҳои дорои низоми худкома ва ҷое нашъунамо меёбад, ки демократия вуҷуд надорад. Ба гуфтаи муаллифони гузориш, дар кишварҳои минтақа ҳукуматҳо на танҳо иродаи сиёсӣ барои мубориза бо фасоду ришвахорӣ дар ниҳодҳои давлатиро надоранд, балки ҳуқуқи сиёсии мардумро, ки барои мубориза бо фасод лозим аст, зери по мекунанд.

Ба қавли Светлана Савитская, зоҳиран чунин вазъ ба манфиати ҳукуматҳои минтақа аст. “Дар ҳукумат онҳое раҳбарӣ мекунанд, ки намехоҳанд, авзоъ тағйир ёбад. Ва ё мавҷудияти чунин вазъ ба манфиати онҳост ва тамом” - мегуяд, Светлана Ставитская.

Ба гуфтаи созмони Шаффофияти Байналмилал, бидуни ниҳодҳои демократӣ, интихоботҳои озоду шаффофу одилона мубориза бо коррупсия пешрафт намекунад.

Мақомот: Ба коррупсия аз паси панҷа нигоҳ намекунем

Мақомоти Тоҷикистон эътироф кардаанд, ки дар воқеъ фасоду ришвахорӣ ба як мушкили ҷиддӣ табдил шуда ва ба амнияти кишвар таҳдид мекунад.

Аммо дар гузашта арзёбиҳои созмонҳои байналмилалӣ аз талошҳои кишвар дар мубориза бо терроризмро ғаразмандона номидаанд. Оҷонси мубориза бо коррупсия, ки имсол 12-солагиашро таҷлил кард, мегӯяд, “муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳими сиёсати ҳукумати Тоҷикистон аст” ва барои мубориза бо ин зуҳурот, ки монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб меёбад, тамоми аҳли ҷомеаро ҷалб кардаанд."

Тоҷикистон 5 сол пештар Стратегияи мубориза бо коррупсия барои солҳои 2013 то 2020-ро қабул кард, ки ҳадаф аз он решакан кардани ин зуҳурот аст. Дар солҳои гузашта ҷазо барои ришвахориву фасодро сахттар карданд ва садҳо корманди давлат барои ришвахорӣ паси панҷара рафтаанд.

Охири соли гузашта порлумони Тоҷикистон Қонун дар бораи мубориза бо коррупсияро ислоҳ кард ва акнун бар асоси он ҳар довталаби курсӣ дар ниҳодҳои давлатӣ бояд ҳатман дар бораи дороиҳои худ ва манбаъҳои даромад ба мақомоти молиёт гузориш бидиҳад.

Аммо мунтақидон мегӯянд, ҳукумат бо қабули чунин қарору қонунҳо вонамуд мекунад, ки бо коррупсия мубориза мебарад, вале дар асл ба чашми “ҷомеаи байналмилал хок мепошад.”

Матни асл бо забони англисӣ дар инҷост

XS
SM
MD
LG