Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафтиши парвандаи "қаллобии додрас"-и Турсунзода ба поён расид. ВИДЕО


Додгоҳи шаҳри Турсунзода
Додгоҳи шаҳри Турсунзода

Муфаттишони тоҷик таҳқиқи парвандаи ҷиноии як додрасеро анҷом додаанд, ки моҳе пеш раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ӯро аз мақомаш барканор кард.

Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 24-уми декабр хабар дод, ки Муҳаббат Сафарализода, додраси собиқи додгоҳи шаҳри Турсунзода ба “қаллобӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ” муттаҳам мешавад. Парвандаи ӯро рӯзи 21-уми декабр гирифтани хулосаи ниҳоӣ ба Додситонии кулл фиристодаанд.

Муҳаббат Сафарализодаро моҳи ноябр Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон аз мақомаш барканор кард. Дар фармон омадааст, ки додраси тоҷик бинобар “содир кардани кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мезанад” аз вазифа озод карда шуд.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, Муҳаббат Сафарализода ба Мукаррама Усмонова, як сокини шаҳри Турсунзода ваъда додааст, ки дар ивази 3 ҳазор сомонӣ, мусоидат мекунад, то аз тариқи додгоҳ, 10 ҳазор доллари ӯро аз як сокини дигари шаҳр баргардонанд.

Ба қавли муфаттишон, Муҳаббат Сафарализода аз Мукаррама Усмонова 1000 сомонӣ “пул гирифта, барои манфиати худ истифода бурдааст”, аммо ба ваъдааш вафо накардааст.

"Мувофиқи ваъда Муҳаббат Сафарализода мебоист, муҳлати даъвои хонум Усмоноваро барқарор мекард ва додгоҳ 10 ҳазор доллари ӯро аз сокини ноҳияи Турсунзода Бобоқулов меситонд" - гуфт, як манбаъ дар Оҷонсии мубориза бо коррупсия.

Парвандаи ҷиноии судя ба суд меравад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00

Баъд аз ин Мукаррама Усмонова, ба Додситонии кулл аз рафтори додрас шикоят бурдааст ва додситонӣ ба зидди Муҳаббат Сафарализода парвандаи ҷиноӣ боз карда ва барои таҳқиқи ҳамаҷониба ба Оҷонсии мубориза бо коррупсия фиристодааст.

Як вакили мудофеъ, ки аз ҳуқуқи Муҳаббат Сафарализода ҳимоят мекунад, гуфт, ӯ иттиҳомотро рад мекунад ва худро бегуноҳ мешуморад. Вай гуфт, зерҳимояаш, дар озодӣ аст, чун барои “қаллобӣ” ба ҳабс намегиранд ва агар ӯ ришва мегирифт, онгоҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта мешуд.

Дар сурати собит шудани иттиҳомот ба зидди додраси тоҷик мумкин аст, ӯро ҷаримаи бузурге банданд. Барои “тақаллуб бо истифода аз мақоми хизматӣ” ҳамчунин аз 2 то 5 соли зиндон муқаррар шудааст.

Бо вуҷуди он ки додрасҳо ки ҳимоятгар ва назоратчии қонуну адолат ҳастанд бархе аз онҳо ба амали қаллобиву ришватситонӣ ҳамчунон даст мезананд.

Муаззама Қодирова.
Муаззама Қодирова.

Муаззама Қодирова, як ҳомии ҳуқуқ, ки чанд сол дар Тоҷикистон ҳамчун вакили мудофеъ фаъолият дошт ва ҳоло дар хориҷи кишвар ба сар мебарад, мегӯяд, ки дар таҷрибаи кориаш борҳо ҳолатҳои ба қаллобиву ришва даст задани судяҳоро мушоҳида кардааст.

Вай сабаби идомаи амалҳои қаллобӣ аз сӯи додрасҳоро ба заъиф будани қонунмандӣ ва назорати сусти иҷрои қонунҳо рабт дод. Ба гуфтаи вай, воқеан дар Тоҷикистон қонун барои додрасҳо ва додситониҳо навишта нашудааст. Ӯ пешниҳод дорад, ки муҷозот барои додрасҳо ва додситонҳо дар сурати даст задан ба ришваву қаллобӣ, назар ба мардуми оддӣ сангинтар карда шавад.

Муаззама Қодирова мегӯяд, ки айби эълоншуда дар нисбати додраси пешини додгоҳи Турсунзодаро хондааст ва иттиҳоме, ки дар нисбати ӯ эълон шудааст, сабук мебошад ва наметавонад барои додрасҳои дигар ибрат шавад.

Бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон ба зидди додрасҳо барои ришвахорӣ парвандаи ҷиноӣ боз мекунанд. Соли 2016 Искандар Саидзода, додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакиро бо гуноҳи гирифтани 111 ҳазор доллар ришва ба 11 соли зиндон маҳкум кард. Ба гуфтаи додгоҳ, Искандар Саидзода дар ивази ин пул ба ду нафар, ки бояд ба зиндон мерафтанд, ҷазои сабук дода ва танҳо бо ҷарима онҳоро халос кардааст.

Аввали имсол Орзу Абдуллозода, аз мақоми муовини раиси додгоҳи ноҳияи Ёвон ва Иброҳим Қурбонзода, аз мақоми додраси додгоҳи ҳамин ноҳия барканор шуданд.

Дар фармонҳои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар бораи барканорӣ омадааст, ки ҳарду ба бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо аз мақомҳояшон озод карда шуданд. Ба ҳамин далел, Дилшод Искандарзода, додраси додгоҳи Ҳисор ва Парвиз Холмуродзода, додраси ноҳияи Рудакӣ барканор карда шуданд.

XS
SM
MD
LG