Баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон мегӯянд, вазъ дар Русия онҳоро водор сохтааст, ки макони муҳоҷирати кории худро дигар кунанд.
"Талабот ба кафшергарон зиёд аст"
Зоҳир Насимов, сокини ноҳияи Айнӣ, қаблан барои кор ба Русия мерафт. Вай тақрибан як моҳ боз дар Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон забони куриёӣ меомӯзад. Ҳадаф дорад, барои кор ба Куриёи Ҷанубӣ (Корея) сафар кунад.
"Маош дар Русия назар ба солҳои пеш камтар шудааст. Ҳамчунин, муносибат бо муҳоҷирон дар ин кишвар хуб нест. Ба мо гуфтанд, ки феълан дар Куриёи Ҷанубӣ талабот ба кафшергарон зиёд аст. Ман дар ин ҷо ҳам забонро меомӯзам ва ҳам ихтисоси кафшергариро", - изҳор дошт Насимов рӯзи 30-юми декабр.
Дар Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон, ки тобеи Вазорати кору муҳоҷират аст, дар ҳоли ҳозир дар панҷ гурӯҳ ҳудуди 100 кас забони куриёӣ меомӯзад.
Садбарг Собирзода, сардори раёсати котиботи Вазорати меҳнат, рӯзи 30-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, яке аз шартҳои муҳоҷират ба Куриёи Ҷанубӣ донистани забони ин кишвар дар сатҳи гуфтугӯӣ аст.
"Шаҳрвандон бояд аз 18 то 39-сола бошанд. Тавре гуфтем, донистани забони куриёӣ яке аз шартҳо аст. Доштани шаҳодатномаи тахассус ҳам муҳим аст. Ҳангоми имтиҳоне, ки довталабон барои сафар кардан ба Куриёи Ҷанубӣ месупоранд, ин ҳам ба инобат гирифта мешавад", - илова кард Собирзода.
Вазорати кору муҳоҷират рӯзи 25-уми декабр хабар дод, ки кафшергарони тоҷик аз аввали соли 2025 метавонанд ба муҳоҷират ба Кореяи Ҷанубӣ бираванд. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки дар навбати аввал чанд кафшергар ба Куриёи Ҷанубӣ фиристода хоҳанд шуд.
Муқоисаи кор дар Русия бо кишварҳои дигар
Раҳмон Улмасов, таҳлилгари масоили муҳоҷират, рӯзи 30-юми декабр ба Радиои озодӣ гуфт, Русия бо чанд далел барои муҳоҷирони мо дигар макони ҷолиби кор намебошад. Аз як тараф қурби рубли Русия поин рафта, аз тарафи дигар муносибати мардум ва кормандони мақомоти қудратии Русия бо муҳоҷирон чандон хуб нест.
“Шаҳрвандони мо барои кор ба Бритониё рафта буданд. Онҳо мегӯянд, дар шаш моҳе, ки дар он кишвар кор мекунем, маоши дусоларо дар Русия ба даст меорем. Ҳамчунин мардуми одӣ ва кормандони пулиси онҳо бо муҳоҷирони корӣ муносибати оқилона мекунанд”, - афзуд ҳамсуҳбати мо.
Ба гуфтаи Улмасов, феълан дар Куриёи Ҷанубӣ 5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, ки чаҳор ҳазори онҳо аз Русия ба он кишвар рафтаанд.
Барои довталабони кор дар Куриёи Ҷанубӣ баробари Маркази таълими калонсолон дар Душанбе дар шаҳрҳои Бохтар ва Хуҷанд низ давраи омӯзиши забони куриёӣ ва касбомӯзӣ ташкил шудааст.
Бекорӣ ё кор бо маоши кам яке аз душвориҳои асосии ҷомеаи Тоҷикистон аст. Ин вазъ садҳо ҳазор касро ба муҳоҷирати корӣ дар хориҷа маҷбур мекунад.
Ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2024 бо Кореяи Ҷанубӣ ва Кувайт тафоҳумномаи ҳамкориро дар заминаи муҳоҷират имзо кард. То ин вақт муҳоҷирони кории тоҷик асосан ба Русия ва Қазоқистон мерафтанд.
Баъд аз оғози ҷанги Русия дар Украина ва таҳриму афзоиши фишорҳо ба муҳоҷирон, таваҷҷӯҳи корҷӯёни тоҷик ба бозори кор дар Куриёи Ҷанубӣ бештар шуд.