Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар феҳристи нави FIFA ду зина поин шуд


Мавқеи тими миллии Тоҷикистон дар феҳристи нави FIFA, ки 24-уми октябр дар сомонаи Федератсияи байнулмилалии футбол нашр шудааст, ду зина поин шуд ва бо 1196,98 имтиёз дар ҷойгоҳи 105-ум қарор дорад.

Дар ин феҳрист Аргентина, қаҳрамони феълии ҷаҳон, бо 1883,5 имтиёз дар байни 210 даста дар ҷойгоҳи аввал аст. Фаронса, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон, бо 1859,85 имтиёз дар ҷойгоҳи дувум ва Испания, қаҳрамони феълии Аврупо, бо 1836,42 имтиёз зинаи севумро соҳиб шудаанд.

Инчунин ба даҳгонаи беҳтарин тимҳои миллӣ Англия, Бразилия, Белгия, Португалия, Ҳолланд (Нидерланд), Италия ва Колумбия дохиланд.

Аз байни тимҳои миллии кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар феҳристи FIFA Украина (25-ум, 1552,37 имтиёз), Русия (34-ум, 1508,73 имтиёз) ва Узбекистон (58-ум, 1429,26 имтиёз) ба даст овардаанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ аз Қазоқистон (107-ум), Озарбойҷон (118-ум), Эстония (124-ум), Латвия (137-ум), Литва (141-ум), Туркманистон (144-ум) ва Молдова (150-ум) пеш буда, пас аз Украина (25-ум), Русия (34-ум), Узбекистон (58-ум), Гурҷистон (67-ум), Беларус (97-ум), Арманистон (99-ум) ва Қирғизистон (103-юм) ҷойгир шудааст.

Тоҷикистон дар байни тимҳои миллие, ки ба Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомиланд, ҷойгоҳи 18-умро азони худ кардааст. Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон 15-ум), Эрон дар мақоми дувум (дар ҷаҳон 19-ум) ва Кореяи Ҷанубӣ дар мақоми севум (дар ҷаҳон 22-юм) мебошанд.

Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойгоҳи 99-ум ва натиҷаи пасттаринаш ҷойгоҳи 180-ум мебошад. Феҳристи навбатии FIFA 28-уми ноябри соли равон нашр хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Гела Шекиладзе, мутахассиси гурҷӣ, моҳи октябри имсол дар мусобиқаи байнулмилалии “King’s Cup 2024” (“Ҷоми шоҳи Тайланд”) ду бозӣ карда, дар даври ниманиҳоӣ аз тими миллии Сурия бо ҳисоби 0:1 ва барои ҷойи сеюм аз мунтахаби Филиппин бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Бояд зикр намуд, тими миллии Тоҷикистон аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи сеюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 маҳрум гашт. Ҳамакнун футболбозони тоҷик дар марҳилаи ниҳоии интихобии Ҷоми Осиё-2027, ки 25-уми марти соли оянда оғоз меёбад, иштирок хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG