Барои нахустин бор КМИРТ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои Тоҷикистон ҳайъатеро чун аъзои куммиссиюни қитъавӣ созмон додааст, ки қарор аст, рӯзҳои 30-31 октябр ба Русия сафар кунанд.
Абдуманнон Додоев, раҳбари дастгоҳи КМИРТ рӯзи 27 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин гурӯҳ дар мувофиқа бо вазорати корҳои хориҷӣ таъсис ёфта, ба ҳайаташ намояндагони вазорати корҳои хориҷӣ, хадамоти муҳоҷират, «Тоҷикхориҷакор», бахшҳои тандурустӣ, маориф ва , собиқадорон шомиланд. Тавре раҳбари дастгоҳи КМИРТ гуфт, Сафиаллоҳ Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон низ узви ин гурӯҳ аст ва сарварии қитъаи раъйдиҳиро дар Санкт-Петербург ба зимма хоҳад дошт.
Ҷаноби Додоев, афзуд, онҳо дар ин шаҳрҳо биноҳоеро барои баргузории интихобот пайдо мекунанд, овезаҳо насб мекунанд ва рӯзи интихобот дар сурати пайдо шудани зарурат бо қуттиҳои сайёр ба назди муҳоҷироне, ки дар сохтмон кор мекунанд, рафта, раъйи онҳоро ба даст меоранд. Вай гуфт, «ин ҳайъат бо шумули гурӯҳҳои алоҳидае иборат аз панҷ нафар, яъне, раис, котиб ва се узви куммиссиюн дар 24 қитъаи интихоботии ҳудуди Русия интихоботро ташкил мекунанд. Ҳайъати куммииссюне, ки дар Русия фаъолият хоҳад кард, баъди баргузории интихобот шоми 6 ноябр натиҷаи интихоботро ба ҳавзаи интихоботӣ дар шаҳри Душанбе пешниҳод хоҳад кард. Тибқи қарори КМИРТ, қитъаҳоеро, ки дар хориҷи кишвар ташкил шудаанд, ба ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур -3 вобаста кардаанд.»
Ба гуфтаи Додоев, ин ҳайъат дар шаҳрҳои калонтарини Русия бо муҳоҷирон вохӯриҳо баргузор намуда, онҳоро барои ширкат ба интихобот даъват мекунанд. Абдураҳмон Додоев гуфт, «моро ҳамеша гунаҳкор мекунанд, ки муҳоҷиронро фаромӯш кардаем» ва аз ин рӯ КМИРТ барои аввалин бор чунин иқдом кард.
Қаблан аз ҳуқуқи гузоштани имзо маҳрум кардани муҳоҷирон сару садоҳоеро дар ҷомеа ба миён оварда буд. Ҳоло коршиносон мегӯянд, аз сӯҳбатҳое, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дорад, бармеояд, ки ширкати густардаи муҳоҷирон дар интихоботи рӯзи 6 ноябр амре дар гумон аст. Чун онҳо бар хилофи раъйашон ва аз ночорӣ ва пайдо накардани шароити кор дар дохили кишвар ба муҳоҷират рафтаанд ва баъид аст, ки ба нафъи номзади ҳизби ҳоким раъй диҳанд.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик бар ин назар аст, ки ин тасмими КМИРТ метавонад ду ҷиҳат дошта бошад: «Чун Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи мухолифин бо ҳар баҳона ва бештар бо гуноҳи мансабдорони сатҳҳои мухталиф ба қайд гирифта нашуд, эҳтимоли дар интихобот ширкат накардани муҳоҷирони корӣ вуҷуд дорад. Аз ҷониби дигар, мақомот вонамуд карданианд , ки гӯё барои таъмини интихоботи шаффоф талош доранд.»
Абдураҳмон Додоев гуфт, ба ин ҳайъат аъзои ҳизбҳои сиёсӣ дохил нашудаанд, зеро узвияти ҳизбҳо ба ҳайати куммиссиюн аз ҷониби қонун пешбинӣ нашудааст. Аммо ба гуфтаи Абдураҳмон Додоев, ҳоло гурӯҳҳои ташаббускори аҳзоби сиёсие, ки дар интихобот ширкат мекунанд, дар Русия ба ташвиқу тарғиби номзадҳои хеш машғуланд.
Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, КМИРТ ба ҳеҷ ваҷҳ намояндагони аҳзоби сиёсии фаъолро ба ин кор ҷалб намекунанд ва танҳо онҳое ба ин ҳайъат шомил мешаванд, ки дар амал манфиати ҳизби ҳокимро ҳимоя мекунанд.
Дар маҷмӯъ, барои таъмини ширкати тоҷикони бурунмарзӣ ва муҳоҷир дар интихоботи президентии рӯзи 6 ноябр дар 27 кишвари ҷаҳон 61 қитъаи интихоботӣ ташкил шудааст, ки ба гуфтаи масъулини КМИРТ дар қиёс ба интихоботи парлумонии соли 2010 се баробар зиёд аст. Соли 2010 танҳо дар 8 шаҳри калонтарини Русия қитъаҳои интихоботӣ созмон ёфта, тақрибан 97 000 шаҳрванди тоҷик ё камтар аз даҳяки муҳоҷирони тоҷики муқими Русия дар он раъйгирӣ ширкат карда буданд.
Барои ширкат дар интихоботи рӯзи 6 ноябр 6 номзад сабти ном шудаанд, вале аксарият мутмаинанд, ки раисиҷумҳури кунунӣ ин интихоботро ба далели набуди рақиби воқеъӣ ба осонӣ хоҳад бурд.
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав низ рӯзи 27 октябр хабар дод, ки бар асоси қарори КМИРТ, "дар бинои сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, воқеъ дар паскӯчаи Гранатный, 13 ва ҳамчунин дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Твер, Тула, Ярославль, Рязан, Калининград, Саратов, Волгоград, Қазон, Уфа, Нижний Новгород, Краснодар, Астрахан, Екатеринбург, Тюмень, Челябинск, Красноярск, Благовешенск, Новосибирск, Самара, Перм, Хабаровск ва дар Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон) қитъаҳои интихоботӣ кушода хоханд шуд.”