Дар баёнияи КМИРТ, ки рӯзи сешанбеи 17 сентябр дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор гирифт, ин ниҳоди интихоботи ба дархости ИНИТ дар бораи бекор кардани қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар асоси банди аввали моддаи 10-уми Сарқонун барои тасдиқи бланкаҳои имзои шаҳрвандон барои тарафдорӣ ба номзад ба мақоми раиси ҷумҳур, асоси ҳуқуқӣ надорад.
Дар ҳоле, ки КМИРТ мегӯяд, ин бар асоси банди 2 моддаи 25 Қонуни конститутсионии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки зарурияти пешниҳоди як қатор ҳуҷҷатҳоро ҳангоми қабули қарор дар бораи бақайдгирии номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон талаб менамояд, дақиқ муқаррар шудааст, ки бланкаҳо ба имзои шаҳрвандон оид ба дастгирии номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон бояд аз ҷониби раиси ноҳия, шаҳр тасдиқ карда шаванд."
Масъулони КМИРТ мегӯянд, ин талаботи қонун аст ва меъёри қонуни конститутсионӣ бояд мувофиқ ба муқарароташ иҷро шавад.
КМИРТ ҳамчун дархости дигари ИНИТ дар бораи истифода аз имзои муҳоҷирон барои тарафдории номзадро ғайриимкон медонад.
Зеро ба таъкиди КМИРТ "ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзад ба мансаби президентӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон ва тасдиқи бланкаҳо аз ҷониби сафорат, консулгариҳо ва намояндагиҳо аз он ҷиҳат мумкин нест, ки қонуни амалкунанда ин тартибро пешбинӣ накардааст ва қонунгузор ба ин сохторҳо чунин ваколатро надодааст."
Ҳамчунин КМИРТ, дархости сеюми ИНИТ, ки бояд шумораи имзоҳо коҳиш дода шавад, рад кардааст.
Зеро дар баёнияи ин ниҳоди интихоботӣ омадааст, ки ин дархост ба муқаррароти моддаи 65 Сарқонуни Тоҷикистон бевосита мухолиф аст. Мувофиқи банди сеюми моддаи 65 Сарқонуни Тоҷикистон «Шахсе ба номзадии Президент ба қайд гирифта мешавад, ки ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд.»
Ба ин далел КМИРТ мегӯяд. "коҳиш додани шумораи умумии интихобкунандагони ҷумҳурӣ бо роҳи аз ҳисоби умумии интихобкунандагон баровардани муҳоҷирони меҳнатӣ ва мувофиқан аз 210 ҳазор камтар намудани меъёри шумораи имзоҳои ба тарафдории номзади пешниҳодшуда ҷамъоваришаванда талаби ғайриконститутсионӣ ба шумор меравад. Маҳз дар сурати роҳ додан ба чунин амал ҳуқуқҳои интихоботии муҳоҷирони меҳнатии мо маҳдуд карда мешавад."
ИНИТ ба таърихи 11-уми сентябр дар номае унвонии КМИРТ хоста буд, ки қарори ин ниҳоди интихоботӣ дар бораи тасдиқи бланкаҳои имзо барои ҳимояти номзад тавассути раисони шаҳру ноҳияҳо бекор карда шавад.
Ҳамчунин ИНИТ таъкид бар он дошт, ки имзои муҳоҷирони корӣ низ бояд барои ҳимояти номзад истифода шавад ва ҳамзамон шумори имзоҳо коҳиш дода шавад.
Бар асоси талаботи қонун номзаде, ки ба мақоми президентӣ муаррифӣ мешавад, бояд 210 ҳазор имзои сокинонро ҷамоварӣ ва ба КМИРТ пешниҳод кунад.