Созишномае, ки Тоҷикистон ва НАТО ҳанӯз даҳ сол пеш омода ва имзо карданд, билохира рӯзи 25-уми июн дар Маҷлиси Намояндагон ба тасвиб расид ва роҳро барои хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон ба воситаи Тоҷикистон боз намуд. Бино бар ин санад, НАТО иҷозаи истифода аз ҳарими ҳавоӣ ва роҳҳои заминии Тоҷикистонро ба даст овард ва гуфта мешавад, Тоҷикистон низ аз ин баҳраҳое хоҳад бурд.
Саттор Холов, муовини раиси Кумитаи дифоъ ва амнияти Маҷлиси намояндагон зимни муаррифии ин созишнома рӯзи 25-уми июн дар ҷаласаи порлумон гуфт, санади мазкур аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуда, аз 18 банд иборат аст: «Дар моддаҳои 2-юм ва 6-уми созишнома дар танзими муносибатҳо вобаста ба доираи амал ва тартиби амалисозии муқаррароти созишнома, доираи масунияти пудратчиёни НАТО, тартиби ба ҳудуди Тоҷикистон ворид шудан, убури сарҳад, аз қаламрави он баромадани қӯшунҳо, нерӯҳо, ҳайат ва пудратчиёни НАТО зикр шудаанд. Инчунин тартиб ва мӯҳлати пешниҳоди иттиллот байни тарафҳо марбут ба ҳаракати транзитии қӯшунҳо, нерӯҳо, ҳайат, пудратчиён ва ашёву лавозимоти НАТО ва масъулияти тарафҳо баҳри таъмини амният ва бехатарии ҳаракати транзитӣ ва ҷойгирнамоии нерӯҳо ва қӯшунҳои НАТО муайян гардидааст.»
Ба гуфтаи ҷаноби Холов, нерӯҳои НАТО барои хуруҷ аз Афғонистон метавонанд аз ҳарими ҳавоӣ ва роҳҳои мошингарди Тоҷикистон истифода баранд ва дар иваз Тоҷикистон кӯмаки молӣ ва абзору муҳимот дарёфт хоҳад кард. Дар ҳоле ки аз ҷузъиёти созишнома хабар дода намешавад, ҷаноби Холов ҳадс мезанад, ки эҳтимол нерӯҳои фаронсавӣ ва шояд бритониёӣ барои тарки Афғонистон дар охири соли ҷорӣ аз қаламрави Тоҷикистон истифода кунанд.
Як манбаи наздик ба мақомоти ҳарбии Тоҷикистон мегӯяд, корвонҳои ҳарбии нирӯҳои эътилоф зоҳиран аз Панҷи Поён ба воситаи ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, Нуробод ва Ҷиргатол ба Ӯш ва аз он ҷо ба Бишкек раҳсипор хоҳанд шуд.
Аммо Исмоил Талбаков, вакили Маҷлиси намояндагон мегӯяд, санаде, ки бидуни баҳсу баррасӣ қабул шуд, норӯшаниҳо низ дорад: «Албатта, ин созшномаро ҳамаи вакилон хондаву таҳлил карданд ва саволҳои зиёде ҳам дар кумита баррасӣ шуд. Аммо дар ин санад гуфта нашудааст, ки чӣ қадар нерӯҳо ва аз кадом тариқ Тоҷикистонро убур мекунанд? Зеро он 10 соли пеш ба имзо расида буд ва танҳо ҳоло ба баррасии парлумон пешниҳод гардид. Дар созишнома танҳо гуфта шудааст, ки дар вақти хориҷ шудан шароит фароҳам карда мешавад, ки ин нерӯҳо аз тариқи қаламрави Тоҷикистон берун шаванд.»
Бархе аз таҳлилгарон бар инанд, ки ҳузури нерӯҳои НАТО дар Афғонистон барои Тоҷикистон бар изофаи таъмини амният аз нигоҳи молӣ низ манфиатовар буд. Аз ҷумла бунёди пулҳо болои рӯдхонаи Панҷ ва фурӯши баъзе маҳсулот барои таъмини нерӯҳои НАТО аз ҷумла манфиатҳое номбар мешаванд, ки Тоҷикистон ба даст овард.
Вале Саймиддин Дӯстов, таҳлилагри тоҷик мегӯяд, даромади кишвар ба маротиб бештар мебуд, агар роҳи оҳани ҷануби Тоҷикистон қатъ намегашт: «Узбакистон, ки медонист, имконоти логистикии Тоҷикистон барои нерӯҳои НАТО лозим мешавад ва он аҳамияти геостратегии Тоҷикистонро бештар мекунад, қитъаи роҳи «Амӯзанг-Ғалаба»-ро барканд ва бо ҳамин ба ҳама эълон дошт, ки Тошканд намехоҳад Тоҷикистон дар ин самт фоидае ба даст орад. Ҳол он ки сухан тақрибан дар бораи 25 миллион тонна интиқоли борҳо то соли 2016 мерафт. Вале бо кандани ин роҳ Тоҷикистон аз ин барканор карда шуд ва худи истеҳсолкунандагони Тоҷикистон низ натавонистанд барои молҳои мавриди ниёзи як қӯшуни иборат аз беш аз 130-ҳазорнафари Ғарб дар Афғонистон фоида ба даст биоранд.»
Бо вуҷуди ин қарор аст, то поёни соли ҷорӣ қисмати асосии нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон берун раванд. Пас аз мухолифатҳои НАТО бо Покистон миёни ин паймон бо кишварҳои «шабакаи шимол» - Узбакистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия - тавофуқ ҳосил шуд, ки дороиҳо ва таҷҳизоти НАТО ба воситаи ин кишварҳо берун бурда шаванд. Чанде қабл ихтилофоти НАТО ва Покистон бартараф шуд ва ахирӣ иҷозаи хуруҷи нерӯҳои эътилофро аз марзҳояш дод, аммо масъулони паймон мегӯянд, масири шимол аҳамияташро гум накардааст.