Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навоз Шариф аз Карзай хост пеши роҳи ситезаҷӯёнро бигирад


Навоз Шариф
Навоз Шариф
Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, шоми душанбе дар як сӯҳбати телефонӣ бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай аз ӯ хост, ба ситезаҷӯёне, ки бар асари амалиёти густурдаи низомӣ аз Вазиристони Шимолӣ фирор мекунанд, имкони вуруд ба қаламрави Афғонистонро надиҳад.

Вазиристони Шимолӣ солҳои тулонӣ аз сӯи ҷунбиши “Толибон” ва дигар гурӯҳҳои ситезаҷӯ чун паноҳгоҳ истифода мешавад ва онҳо аз он ҷо болои нерӯҳои НАТО ва Афғонистон ҳамла меоваранд. Афғонистон ва Покистон ҳамдигарро дар сарпечӣ аз амалиёт алайҳи афроди ифротгаро айбдор мекунанд.

Генерал Ҷозеф Данфорд, фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Афғонистон ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфт, ки Амрико назорат дар марзи Покистону Афғонистонро тақвият бахшидааст, аммо рӯзҳои ахир онҳо шоҳиди фирори афроди мусаллаҳ аз Покистон ба Афғонистон нашудаанд.

Амалиёти густурдаи низомӣ дар вилояти Вазиристони Шимолӣ бо истифода аз ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва тӯпхона рӯзи якшанбе дар вокуниш ба ҳамлаи ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) ба фурудгоҳи шаҳри Карочӣ шурӯъ шуд. Рӯзи 15 июн ҳашт пойгоҳи ин гурӯҳ мавриди зарбаи ҳавоӣ қарор гирифт. Ба гуфтаи низомиёни покистонӣ, дар ин зарбаҳо беш аз 100 тан аз ситезаҷӯён кушта шуданд.

Ҳамла ба фурудгоҳи Карочӣ рӯзи 8 июн сурат гирифт. Шӯришиён тайи 4-5 соат фурудгоҳро таҳти назорат қарор доданд. Бар асари ин ҳамла ва бархӯрди нерӯҳои амниятии Покистон бо ситезаҷӯён 38 нафар, аз ҷумла, ҳамаи ҳамлагарон кушта шуданд. Масъулияти ҳамларо ҲИУ бар дӯш гирифт.
XS
SM
MD
LG