Кишварҳои узви эътилофи Атлантики шимолӣ ё НАТО машқҳои густардаеро таҳти унвони Saber Strike 2014 ва BALTOPS 2014 дар қаламрави Латвия оғоз карданд, ки дар он ҳудуди 5 ҳазор аксар аз 10 кишвари узв, бо шумули Ийолоти Муттаҳида, Канада ва Бритониё иштирок мекунанд. Ҳамзамон бо ин Русия низ нерӯҳояшро барои тамрин дар вилояти Калининград ба майдон баровардааст.
Муовини вазири дифои Русия Владимир Титов ҳушдор дод, ки Маскав талоши НАТО ҷиҳати таҳкими нирӯ дар марз бо Русияро ҳамчун “намоиши нияти хасмона” баррасӣ хоҳад кард. Коршиносони ғарбӣ тамрини НАТО- ро вокуниш ба амалҳои хатарноки Русия унвон мекунанд.
Авохири ҳафтаи гузашта Вашингтон аз интиқоли ду ҳавопаймои стратегии бомбаандози ноаён ба Бритониё хабар дод. Гуфта мешуд, ки ин иқдом ба хотири тақвияти ҳамкорӣ дар байни шарикон анҷом шудааст. Интиқоли ҳавопаймоҳои замонавии хеле мукаммали ҷангӣ, бо тавони ҳамлу нақли силоҳҳои ҳастаӣ ба Аврупо аз бисёр ҷиҳат як амали рамзӣ буд. Амрико мехоҳад ба шариконаш, ки аз ҳаракатҳои Русия дар Украина нороҳат шудаанд, итминон бидиҳад, ки дар ҳолати зарурӣ масъулияти ҳампаймониро иҷро хоҳад кард.
Каме пештар аз ин президенти Ийолоти Муттаҳида Барак Обама бо ҳадафи тамдиди будубоши нирӯҳои Амрико дар Аврупои шарқӣ ва таҳкими нерӯҳои низомии Украина, Молдова ва Гурҷистон аз Конгресс 1 миллиард доллар дархост кард. Ба думболи ин матбуоти амрикоӣ навишт, ки Кохи сафед бо пешниҳод “Ибтикор ҷиҳати таъмини амнияти Аврупо” ҳам ба шариконаш ва ҳам ба раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин аломат додааст.
“Тамрини нерӯҳои НАТО дар қаламрави кишварҳои Балтик аломати дигарест ба Маскав, ки тавре ба назар мерасад, мухотаб муҳтавои онро ғалат фаҳмидааст,”- мегӯяд Стивен Бланк, коршиноси низомӣ аз Шӯрои амрикоӣ оиди сиёсати хориҷӣ.
Стивен Бланк ин тамринҳоро комилан мантиқӣ мешуморад ва мегӯяд: “Биёед, ба хотир биёрем, ки соли гузашта чӣ иттифоқ уфтод? Русия тамринҳоеро таҳти унвони “Ғарб-2014” анҷом дод, ки дар он 100 ҳазор низомӣ бо шумули сарбозони захиравӣ ё эҳтиётиро басиҷ кард. Дар ин тамринҳо қисмҳие ҳарбии Русия аз Арктика то Воронеж иштирок доштанд. Дар тамринҳои монанд ба ин, ки дар гузашта анҷом шуданд, нерӯҳои ҳарбии ҳавоиву, нерӯҳои мушакии стратегӣ ба кор бурда шуд. Ин тамринҳо бо ҳуҷуми рамзии ҳастаӣ ба Варшава анҷом ёфтанд.”
Стивен Бланк мегӯяд, онҳое ки иштироки камтар аз панҷ ҳазор аскарро дар тамринҳои НАТО барои худ таҳдид арзёбӣ мекунанд, ё дурӯғ мегӯянд, ё иттилоъ надоранд: “ Кремл муҳимтарин васоити ахбори умум дар Русияро таҳти назорат дорад ва онҳо дидаву дониста ташаннуҷ эҷод мекунанд, ки паёмадашро мо мушоҳида мекунем. НАТО барои Маскав хатаре надорад. Дар амал нерӯе, ки метавонад барои Русия дарди сар эҷод кунад, Иттиҳоди Аврупост, ки барои мисол, Булғористонро маҷбур кард, ки кор дар хатти лӯлаи гази “Маҷрои ҷанубӣ”-ро мутаваққиф кунад.”
Озодӣ: Оё рафтори Русия дар ҷараёни бӯҳрони Украина ба авлавиятҳои стратегии НАТО таъсир гузоштааст ё хайр?
Стивен Бланк: Ман бовар дорам, ки агар ҷанги Украина намебуд, тамринҳои феълӣ ҳам сурат намегирифтанд. НАТО ва Русия чун пештара ҳамкориҳои пурсамарро пеш мебурданд. Аммо дар шароити феълӣ эътилофи Атлантики шимолӣ маҷбур аст, қарорҳои қаблӣ дар робита ба Маскавро бознигарӣ кунад. Сергей Лавров, Владимир Путин ва атрофиёни ӯ метавонанд бо ҳаргуна изҳорот ҷурмҳои набударо бар сари НАТО бор кунанд, аммо ин вазъиятро боз ҳам печидатар мекунад.
Озодӣ: Таври маълум, кишварҳои Аврупои шарқӣ, масалан Лаҳистон, мехоҳанд, ки НАТО пойгоҳҳои худро ба таври доимӣ дар қаламравҳои онҳо мустақар кунад. Феълан Барак Обама танҳо ба интиқоли муваққати бахшҳое аз нерӯҳои низомии Амрико ба Аврупо иктифо мекунад. Ба назари шумо, дар роҳи кумак ба муттаҳидинаш Амрико оё боз ҳам фаротар хоҳад рафт?
Стивен Бланк: Ба назари ман, агар Маскав ба дахолати мустақим ба низои Украина идома бидиҳад, агар ҳамчунон ба онҷо нафару силоҳ бифиристад, то қисмати шарқии Украинаро аз ин кишвар ҷудо кунад, Вашингтон маҷбур мешавад, ки кӯмак ба шариконаш дар НАТО ва Украинаро бештар кунад. Ман шубҳае надорам, ки агар Маскав ҳамчунон аз ҷудоиталабон пуштибонӣ кунад, охири кораш бохт хоҳад буд.