Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъракаи "Афви байналмилалӣ" ба пуштибонӣ аз Бузургмеҳр Ёров


Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров

Созмони “Афви байналмилалӣ” парвандаи вакили мудофеи тоҷик Бузургмеҳр Ёровро сиёсӣ номида, ба пуштибонӣ аз ин вакил маъракаи вижаеро дар сомонааш ба роҳ андохтааст.

Созмони “Афви байналмилалӣ” бо роҳандозии як маърака ба пуштибонӣ аз адвокати боздоштшудаи тоҷик Бузургмеҳр Ёров садо баланд кардааст. Дафтари ин созмони ҳомии ҳуқуқ дар Маскав дар сомонааш нусхаи нома ба сафорати Тоҷикистон дар Русия ба ҳимоят аз Ёровро нашр карда, аз ҳама хостааст, то ин номаро чоп карда, бо имзои худ ба сафорат фиристанд.

Дар ин нома гуфта мешавад, ки Бузурмеҳр Ёровро ибтидо расман гӯё бо иттиҳоми тақаллуби аснод, вале дар асл зоҳиран барои он дастгир кардаанд, ки аъзои боздоштшудаи ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ)-ро аз имикони ҳимоят маҳрум кунанд. Дар молҳи декабр ба иттиҳомоти зидди ин вакили мудофеъ “ифротгароӣ” низ зам шуд.

Дар номаи “Афви байналмилалӣ” гуфта мешавад, ки “парвандаи ҷиноии алайҳи Бузургмеҳр Ёров ангезаи сиёсӣ дорад ва ба ӯ додгоҳи ноодилона таҳдид мекунад. Мусодираи асноди марбут ба кори Бузургмеҳр Ёров бо парвандаҳои аъзои боздоштшудаи ҲНИТ дахолати ғайриқонунӣ ба муносибатҳои маҳрамонаи муштарӣ ва адвокат буда, бар хилофи банди 22-юми принсипҳои СММ дар мавриди нақши ҳуқуқдонҳост.”

Ҷоанна Ҳоаре, як муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар созмони байналмилалии Афви байнулмилал дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз шаҳри Лондон гуфт:

“Мо аз он нигарон ҳастем, ки Ёров ба унвони вакили дифои аъзои ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон боздошт шуд. Нигаронии мо ин аст, ки таҳқиқи қазияи ӯ дар асл ба маънои он аст, ки аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон амалан наметавонанд аз кӯмаки ҳуқуқӣ бархурдор шаванд. Мо бо даъвати худ аз ҳукумати Тоҷикистон мехоҳем, ки таъқиби ҳуқуқшиносони марбут ба Ҳизби наҳзати исломиро хотима диҳанд. Баррасии қазия ва ҳам муҳокимаи додгоҳии Ёров бояд пурра мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ анҷом шавад. Худи ӯ ҳам бояд ба вакили дифои дилхоҳаш дастрасӣ дошта бошад. Илова ба ин, мо тақозо мекунем, ки дигар ҳама ҳуқуқшиносон дар Тоҷикистон ҳам бидуни мушкил, бадрафториву азият кори худро пеш бубаранд”.

Ҷоанна Ҳоаре гуфт, ки то ба ҳол созмони Амнести Интернешинал ҳеҷ вокуниш ё посухе аз мақомоти Тоҷикистон дар заминаи изҳороти қаблиаш, аз ҷумла дар иртибот бо муҳокимаи аъзои ҳизби наҳзати исломӣ дарёфт накардааст. Вай гуфт, тақозои онҳо ин аст, ки ҳуқуқи боздоштшудаҳо риоя шуда, онҳо ба муҳокимаҳои одилона дастрасӣ дошта бошанд. Ба саволи радиои Озодӣ дар бораи манобеи иттилоотии онҳо дар Тоҷикистон дар иртибот бо қазияи Ёров ва боздоштшудаҳои дигар, Ҷоанна Ҳоаре гуфт, ҳама маълумоте, ки онҳо мегиранд, аз манобеи мӯътамад буда, вале ба хотири ҳифзи ҷони ин манобеъ, ҳуввияти онҳоро ошкор намекунанд.

Бузургмеҳр Ёров, ки дар моҳи сентябр баъди боздошти 13 узви баландпояи ҲНИТ ҳимояти онҳоро бар ӯҳда гирифт ва ба ин манзур як Кумитаи ҳимоят аз аъзои боздоштшудаи ин ҳизбро низ таъсис дод, рӯзи 28 сентябр аз сӯи маъмурони раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи вазорати корҳои дохилӣ дастгир шуд. Кормандони пулис ҳамон рӯз аз дафтари Ёров дар коллегияи адвокатҳои “Сипар” тамоми асноди ӯро мусодира карданд.

Вазорати корҳои дохила рӯзе баъд хабар дод, ки Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми “қаллобӣ" ва "сохтакории санадҳо" боздошт шудааст. Дар сомонаи ин вазорат аз шаҳрвандон даъват шуд, ки ҳар касе аз Ёров фиреб хӯрда бошад, ба пулис муроҷиат кунад.

Дар моҳи декабр мақомоти тафтишотӣ алайҳи Бузургмеҳр Ёров бар асоси се моддаи дигари Кодекси ҷиноӣ - “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ”, “ташкили иттиҳоди экстремистӣ” ва “ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низои миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ, ё паст задани шаъну эътибори миллӣ равона шудаанд” - айб эълон карданд.

Худи Бузургмеҳр Ёров ва наздиконаш ин иттиҳомотро сиёсӣ номида, рад мекунанд.

Қаблан Human Rights Watch ва “Афви байналмилалӣ” дар гузоришҳои солонаи худ аз боздошти Ёров ва вакилони дигари мудофеъ дар Тоҷикистон шадидан интиқод карданд. Иттиҳодияи Аврупо низ дар як баёния, ки рӯзи 18 феврал, ду рӯз баъд аз анҷоми иҷлоси навбатии Шӯрои ҳамкории Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон дар Брюссел нашр шуд, “аз ҳабси вакилони мудофеъ Бузургмеҳр Ёров, Нодира Додоҷонова ва Нуриддин Маҳкамов, ки мехостанд аз аъзои муттаҳамшудаи ҲНИТ ҳимоят кунанд, изҳори нигаронии амиқ кард. Боздошти ин вакилон, бино ба ин баёния нигарониҳои қобили мулоҳизаеро дар робита ба қонунияти боздоштҳо ва додгоҳҳои мунсифона ба миён меорад ва “ба фаъолияти қонунии бахши ҳимоят дар низоми адлияи Тоҷикистон зарба мезанад.”

XS
SM
MD
LG