Эмомалӣ Раҳмон -- раиси ҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кард, ки дар шаҳри Душанбе "Муҷассамаи модар" бунёд шавад. Ҷаноби Раҳмон, ки рӯзи 6-уми март дар "Кохи Борбад" бахшида ба Рӯзи модар сухан мегуфт, таъкид кард, ки ҳадаф аз бунёди муҷассама, "ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарон аст".
Ӯ дар оғози суханронии худ гуфт, дар ҳоли ҳозир дар ниҳодҳои давлатӣ беш аз 8 000 зан фаъолият доранд, ки 500 нафарашон дар мақомҳои роҳбарӣ мебошанд. Аммо Эмомалӣ Раҳмон дар идома аз бетаваҷҷӯҳии баъзе аз модарон нисбат ба тақдири фарзандонашон интиқод кард.
Вай гуфт, “иддае аз наврасону ҷавонон ва занону духтарон ба амалҳои номатлуб даст зада, мақому манзалати оиларо паст мезананд. Қисми дигари фарзандон бо ҳамин сабабҳо ба гурӯҳҳои террористиву ифротӣ ҳамроҳ шуда, дар давлати ба ном исломии Ироқу Шом ба муқобили мусулмонони дигар меҷанганд ва аллакай даҳҳо нафари онҳо дар хоки бегона ба ҳалокат расидаанд.”
Ҷаноби Раҳмон дар ин сӯҳбати худ аз сураҳои Қуръон ҳам ёдоварӣ карда ва ин суолро дар миён гузошт, ки "оё модарон ва худи ин афроди гумроҳ намедонанд, ҷойи чунин ҷавонон дӯзах аст? Намедонанд, ки давлатҳои Сурияву Ироқ кишвари мусулмонҳо мебошанд ва аксари одамоне, ки ҳар рӯз қурбон мешаванд, мусулмонанд?"
Мадина Бобоева, ки ҳангоми суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар "Кохи Борбад" гуфт, раисиҷумҳур аз майли занҳои тоҷик ба пӯшидани "либосҳои ғайр" низ нигаронӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, "мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест. Шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест. Аммо баъзе занону духтарони тоҷик сиёҳпӯшӣ карда, таърих ва моҳияти ин тарзи либоспӯширо намедонанд ва ҳатто донистан намехоҳанд."
Раиси ҷумҳур афзуд, агар бархе ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо кардаанд, "баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд.
“Мувофиқи маълумот вақтҳои охир баъзе занону духтарони сиёҳпӯш ба ҷанозаи одамони тамоман бегона ҳозир шуда, дар байни заноне, ки дар ҷаноза иштирок доранд, ба ҳар гуна тарғиботи дур аз таъриху фарҳанги деринаи халқи мо даст мезананд. Вале аз ҷониби мақомоти дахлдор, масъулони соҳаи иҷтимоӣ ва занон, фаъолон ва падару модарон ҷиҳати пешгирии ин масъала чорае андешида намешавад”,-таъкид кард ӯ.
Президент Раҳмон дар идома ба масъалаи ташхиси пеш аз никоҳи ҷавонон низ таъкид кард. Ба қавли ӯ, таҳлилҳо нишон додаанд, аз муоинаи тиббӣ нагузаштани ҷавонон яке аз иллатҳои азҳампошии хонаводаҳо мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид аз таҷрубаи чанд иёлати Амрико, Миср, Имороти Муттаҳидаи Араб, Қатар ва Русия мисол овард, ки дар солҳои гуногун ба қонунҳои худ тағйирот ворид карда, пеш аз издивоҷ аз муоинаи тиббӣ гузаштанро ҷорӣ намудаанд.
Рӯзи модар дар Тоҷикистон ҳар сол 8 март таҷлил мешавад. Ин рӯз мероси даврони Шӯравист, ки ба унвони ҷашни озодии занон таҷлил мешуд, вале чанд соли пеш мақомот онро ба Рӯзи модар табдил доданд. Гузашта аз ин, Тоҷикистон соли 2015-ро "Соли оила" эълон кардааст.